Пештар аз бомдод ҷисми ҳам хаставу ҳам ба зарби дору ба хоб моилгаштаро аз рахти роҳату гарм бо роҳи гузари шамоли Файзобод то таҳоратҷо кашидан корест на саҳл. Муҳимтарин фарз баъди он аст. Пас аз адои намоз ва вақти дуо хаёлан пеши назараш шояд ҳамаро ва маро ҳам биёрад. Худо медонад дар ҳаққи фарзандони раҳдураш, ки ҳатто рӯйи гарми модарашонро пеш аз тарки дунёву реҳлаташ надиданд, чӣ дуо мекунад!? Муҳоҷирбачаҳоро мешавад аз рӯйи дараҷаи хушбахтӣ ва саодаташон ба ду гурӯҳ тақсим кард — онҳое, ки дар маросими видоъ бо волидону наздиконашон ҳузур доштанд ва онҳое, ки ба он маросим наомаданд ва ё бо кадом сабабе натавонистанд, ки биёянд…
Он эҳсоси тамоман гуворо ва нотакрор аст — шона ба шонаи падар истодан! Дигар муҳим нест дар куҷо — рӯ ба рӯйи дастгоҳи аккосӣ, дар замини кишт, дар майдони набард бо душман, дар кори саҳро ё дар сафи намоз. Дар ҳар куҷо нерӯ ва тавоноии изофиро эҳсос мекунӣ, бовариат бештар мегардад, дилпур ва хотирҷамъӣ! Охирин намози якҷояро, ки падарам канорам буд, ёд дорам. Пой ва зонуҳояш мисли он, ки аз ӯ хафа шуда бошанд, нофармонӣ мекарданд ва мешунидам, ки бо садои ӯ гӯё ҳамон устухонҳо буданд, ки паст-паст нолиш доштанд. Дар зеҳнам филфавр андешае зуҳур мекунад ва ман махсус аз саҷда дертар боло мешавам, баъди ӯ ба по рост меистам то фикр кунад, ки ҳанӯз пурэнержӣ асту ҷавону чолок ва дар баробари дарди пову зонуҳо ҳоло ҳам боқувваттар аз писараш…
Мавзӯйи меҳварии сӯҳбати ӯ об аст. Оби нӯшокӣ, ки ҳоло дар он тарафҳо камчин асту дастрасӣ ба он мушкил. Оби ширин, ки як замоне аз қаъри 120 метр бо заҳмату кӯшиш ва талоши ӯву чанд тан корманди дигар, ки чеҳраи ҳар кадомашонро рӯшан ба ёд дорам, боло меомаду ба ҷисму ҷони мардум ҳаловату нерӯ мебахшид. Ва ман хаёлан ба солҳое меравам, ки мардумони одиро дар коргоҳҳои одӣ идеяҳои бузург муттаҳид мекард, давру замоне, ки рақобатҳо солим, андешаҳо нек, дилҳову дастҳову чеҳраҳо кушод ва боз буданд…Ба эҳтироми касбу кори падар, ки беҳтарин солҳои ҷавониашро пушти он сипарӣ карда, ҳоло ҳам агар ман ҷӯмаки кушодаи обро ҳар куҷо бубинам, кӯдакони сатилбадастро мушоҳида кунам, мошинҳои пулакии обкашониро ба деҳаҳои канори обу дарёҳо шоҳид шавам, зери бори ғаму андӯҳи гарон мемонам…
Чанд рӯз пеш аз радду бадалашу гуфтумонаш бо нозире гуфт, ки ба ҳавлиаш суроғи пули хизматрасонии об омада будааст. Кошке мешунидам, ки як муйсафеде бо таҷрибаи чилу чанд солаи корӣ дар самти дастраскунии оби нӯшокӣ ба ҷавони навроҳе чӣ мегуфт!? Магар ҷолиб ва шавқовар нест, ки як милисаи собиқадор ба милисаи ҷавон чӣ мегӯяд, як сарояндаи пиронсол ба ҷавонаки ҳаваскор дар санъат чӣ маслиҳат медиҳад, як духтури собиқадор ба хатмкардаи ҳамин соли донишгоҳи тиббӣ ва як муаллими дар нафақа ба омӯзгори ҷавоне чӣ насиҳат мекунад? Барои ман муқоисаҳову бархурду хулосаҳо ҳамеша мароқангезанд…
Мардумон бо ҳар чизу ҳар кор ва хотираҳое, ки бо падаронашон иртибот дорад, ифтихор мекунанд. Мо ҳам мисли ҳазорҳо фарзанди дигари ин мулк шарафу ифтихор аз ним нони ҳалолу меҳнатии ӯро дорем. Ва баъди дурӣ аз лаби дастурхонаш ҳиччӣ то имрӯз ба ҳадди ҳамон як тикка нон ва оби тозае, ки аз ҷумла бо меҳнату шабзиндадориҳои ӯ то хонаи мо ҳам меомад, бомазза набуд…
Аввалҳо ҳамин одатро раҳматии модарам дошт, ки то панаҳ шудани автобуси студентии мо сари роҳи калон меистод. Ҳоло охирин нуктаи хайру хуши ҳарҳафтаинаи ману падарам пас аз дуову худоҳофизӣ як сигнали кӯтоҳи мошин аст, ки баъди аз дарвозаи ҳавлӣ то сари роҳи калон пуштнокӣ омадани мошинам баланд мешавад. Ва ӯ ба маънии падруд як дасташро боло мекунад. Ва гӯё ҳамон даст аст, ки гармиву сояву ҳимояи онро болои сарам тӯли як ҳафтаи дигар дур аз деҳа эҳсос мекунам….
Ҳар шаб пештар аз хоб акнун тибқи одат аз халтаи дорувори як канори ҷойхобаш чанд хели ҳаббро, ки тахмин мекунам, аксарияташро аз рӯйи ранги қуттиашон мешиносад, берун овардаву бо як пиёла оби захирашудаи Ҳафтчашма, ки акнун дар лӯлаҳои оби нӯшокӣ аз рӯйи реҷа ҷорист, фурӯ мебарад. Канори дигари рахти хобаш, инак чанд сол аст, ҷойи Қуръону тасбеҳ ва дами дари ҳуҷраи хобаш ҷойи хобу бехобии асои чубини нақшинаш шуда. Ва ман чароғи ҳуҷраи хобро хомӯш мекунам. Нури маҳтоб аз пушти тирезаи долон рӯйи он асорову попӯшиҳои дар раҳи зиндагӣ фарсударо андаке рӯшантар мекунад. Мисли халтаи дорувораш як халта армон дар дил баъди охирин нигоҳ сӯйи он асо, ки дастааш пайи дастону ангуштони азизони маро дорад, бо умеди расидан то бомдод ғарқи андешаҳои бесару нӯг чашмонамро мепӯшам. Кошке лоақал чени он асо метавонистам, ки барои ПАДАРАМ (ки рӯзе пештар 71 сола шуд) хизмат кунам…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 71 солагӣ, Файзобод, асои падар, дору, ифтихор, намози ҷамоат, об, падар, Ҷӯрабек Ҷалилов |












Добавить комментарий