Фақат ҳамин зан буд, ки камтарин ҳиссаи моҳиро дар сатилчае ба он мағоза меовард. Ӯ баъди он, ки як мошини бузурги пур аз моҳиро дар пушти ҳамон мағоза дид, дарк кард, ки маъмури онҷо, ки зоҳиран як ҷавони хушахлоқу хушлибос ва худотарсе буд, сирф аз дилсӯзӣ барои ӯ гузашт мекунад. Ё шояд ӯ дарк карда буд, ки рӯзгори ин оила ба пули он чанд дона моҳича вобаста аст. Аммо акнун чанде аст, ки як зани ғайритоҷик ба ҳайси маъмур онҷо кор мекунад ва ӯ на фақат моҳичаҳои овардаи ин занро намехарад, балки ҳатто бо тамасхур ба ӯ назар мекунаду ҳайронии таҳқиромезеро ба намоиш мегузорад. » А где сертификат качество?», «Они не ядовитые?»… Бозори дигар бояд ҷуставу пайдо кунад. Ё боз ба дари ҳамон ресторани шабона биравад? Ҳамон ҷое, ки на дар чеҳраи ошпазу муҳофизаш нур буду на дар дили маъмураш раҳм…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: бародарон, дарё, духтар, моҳигир, моҳӣ, радио ва телевизор, сенарияи филм, усто, шикор | Leave a comment »









