Мову ҳамраҳони бераҳ

Ҳама чи муқаррарӣ аст. Шумо мисли дигаронед ва дигарон ҳам монанд ба шумоанд. Агар фикр мекунед, ки шумо аз дигарон фарқ доред, пас мушаххас аст, ки ба ҳамон андоза ва ҳатто бештар аз он дигарон ҳам аз шумо тафовут доранд… Роҳҳо якеанд, воситаҳои нақлу ҳаракат низ, пулу ошпазу нонвою ҳаммому…ҳавову қавоиди зиндагӣ низ. Фосилаи зистани мо — фосилаи интихобҳои инфиродӣ ва додаҳои қисмат аст. Чизе дар ин самт ба назар мерасад, ки аз мо вобаста аст ва чизҳои дигаре ҳам, ки аз мо вобаста нест, ба назар мерасанд. Аввалиҳо ба назари ҳама мерасанду баъдиҳо ба назари баъзеҳо…

Канори мо, ба боварам, ки ҳеҷ вакт холӣ набуда — аз камару канори падар то кӯҳу камарҳо, ки инсонро будан дар доманаву шебу фарозаш насиб мешавад, ӯ танҳо набуду нест. Баъзан ҳатто собит шуда, ки кӯҳу камар ва долу дарахт аз баъзе инсонҳо дида барои инсон ҳамраҳи хубтару беҳтар ва ҳатто наҷотбахш будааанд…

Читать далее →

37 тавсия дар 37 солаги

Равоншиноси машхур Дон Глускин зодрузи худро тамоман гайриодди тачлил кард.  Бо андешаи солхои сипаригаштаи умраш ба худ савол дод, ки дар 37 соли зиндагиаш аз хайёт чиро омухт? Натичаи он пурсишро дар шакли тавсияхо  холо шумо хам метавонед бихонед:  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти