Мисли он ки инсон ба номи худашу нони худаш ниёз дорад ва бояд онро дошта бошад, хаёлам, ки андешаи худро доштан хам мухим аст. Ба назар чунин мерасад, ки хама андешаву акидаи шахсии худро доранд, аммо амиктар агар андеша кунему хулосабарори кунем, на хама кобилияти парваридани андешаву акидаи шахсиашро дорад. Андешаи дигарон, хатто дар холе, ки мо онхоро кабул кардани хам набошем, ягон хел ба мо таъсир мерасонад. Хатман мерасонад! Хар кадар мо дар миёни мардуми зиёд кору зиндаги кунему бо онхо бештар робита дошта бошем, хамон кадар андешахои гуногунро мешунавем, кабул мекунем. Онхо вобаста ба мазмуну мохияташон андешаи моро ба бор меоранд, моро ба андеша ва хулосабарори водор мекунанд. Аммо кам нестанд нафароне, ки дар ру ба руи андешахои беруна ва бегона истодагари карда наметавонанд, хар акида дархол ба акидаи онхо табдил меёбад, он андешаеро, ки онхо навакак аз касе шуниданд, чанд лахза пас чои дигар чун андеша ва хулосаи худашон муаррифи ва баён мекунад. Чаро инсонхо баъзан (шояд аксарият!) андеша ва хулосаи шахсии худро надоранд? Ва оё ин гуна инсонхо аз инсонхои дорои андешахои шахси тафовут доранд? Хавф чи?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: акаидаи шахси, амри маъруф, андеша, мардум, мустакили, одамон, озоди, фикр, чомеа | 3 комментария »










