Як ҷойи шиштану андешидан

Дар он сӯйи андешаҳои мардумони ошнову бегона ва паноҳ аз дидаҳои бинову нобино дар иҳотаи ҷангале, ки як дарахташ кам аст, як ҷойи шиштану андешидан аз чӯби ҳамон як дарахт мавҷуд аст. Он як ҷой аксаран холист, зеро вақти сафар ба он ҷову ҳамон фурсати андешиданро аксарият инҷо дар суроғҳо месипаранд — суроғи нон, суроғи ном, суроғи гумкардаҳо, суроғи надоштаҳо ва баъзан суроғи худ…

Он ҷойи нишаст, дар зеҳни ҳар дарахти атроф, ки охирин сонияҳои умри ин дарахтро ёд дошт, андешаҳои бе сару нӯгеро таку рӯ мекунад. Мағзи мурғу чурғу паррандаҳои дигаре, ки то сарафканда шудани он дарахт дар шохҳояш лона доштанд, чанд карат бештар аз ҳаҷмаш ҳайратзадаву лабрези андешаву таҳлили як интихоб буд — интихоби ҷангалбону ҷангалбур… Ҳамоне, ки аз дур меҳрубон ба назар мерасид ва мегуфтӣ, ки кадом кору тасмими ҷиддиеро анҷом додаву гирифта наметавонад…

Читать далее →

Як шабандеша

Шаб буд ва андешаҳое, ки акнун дар қолаби як сар намегунҷиданд, соҳибашро ба кӯча кашонданд. Ҳам ҷисми хаставу ҳам андешаҳои гаронро ба дуриҳо кашола кардаву бурдан саҳл нест. Ва як асрори кӯчаки нимкушода ҳам ҳамин аст, ки аксарият аз он, ки ин ду бору чанд бор барояшон гаронӣ меорад, якеро ё якчандеро раҳо мекунанд — ё ҷисми хастаро ё бори андешаҳои андешазоро ё бори ҳар гуна амонатро…ва ҳатто бори нангу номусро….Вале ғайриинтизор бори ранҷишу озурдагиро бо ҳама гарониву бӯйи бадаш мебаранд баъзан то охири роҳи зиндагиашон…

Канори ин об аз борҳои партофташудаву гузошташудаву фаромӯшшуда пур аст, мисли қаъри обҳои пур аз қуфлҳои баставу бекалид. Басо дилҳо буда, ки на аз нури моҳ равшан шудаву на аз нури чароғҳои канори роҳ, басо андешаҳоеро ин об ёд дорад, ки на дар дили соҳибонаш ғарқу фано шуданду на дар дили об, мисли ҳамон равғани рӯйи шир…

Андешаҳо баъзан чун борҳое, ки расмиёти гумрукиро нагузаштанду соҳиби худро эҳтимол ба мушкилу ҷарима мувоҷеҳ кунанд на дили дилхоҳе барои ба он гузаштан меёбанду на дар он сар ҷойи амне барои пинҳон шудан… Ва шояд қуттиҳои холиву зарфҳои машруби соҳили обҳо осори бо дард берун омадани ҳамон андешаҳоянд, ки якҷо бо чанд дона моҳичаи аҷалрасидае қурбон шудаанд. Аз ин гуна қиссаҳо канори обҳо зиёд ёд дорад ва ҷо-ҷо гулханҳои хомӯшгашта ва хокистартӯдаҳо ба он гувоҳ аст…

Читать далее →

Андеша—нон, ном, чигар ва гурда!

         Мисли он ки инсон ба номи худашу нони худаш ниёз дорад ва бояд онро дошта бошад, хаёлам, ки  андешаи худро доштан хам мухим аст. Ба назар чунин мерасад, ки хама андешаву акидаи шахсии худро доранд, аммо амиктар агар андеша кунему хулосабарори кунем, на хама кобилияти парваридани андешаву акидаи шахсиашро дорад. Андешаи дигарон, хатто дар холе, ки мо онхоро кабул кардани хам набошем, ягон хел ба мо таъсир мерасонад. Хатман мерасонад! Хар кадар мо дар миёни мардуми зиёд кору зиндаги кунему бо онхо  бештар робита дошта бошем, хамон кадар андешахои гуногунро мешунавем, кабул мекунем. Онхо вобаста ба мазмуну мохияташон андешаи моро ба бор меоранд, моро ба андеша ва хулосабарори водор мекунанд. Аммо кам нестанд нафароне, ки дар ру ба руи андешахои беруна ва бегона истодагари карда наметавонанд, хар акида дархол ба акидаи онхо  табдил меёбад, он андешаеро,  ки онхо  навакак аз касе  шуниданд,  чанд лахза пас чои дигар чун андеша ва хулосаи худашон  муаррифи ва баён  мекунад. Чаро инсонхо баъзан (шояд аксарият!) андеша ва хулосаи шахсии худро надоранд? Ва оё ин гуна инсонхо аз инсонхои дорои андешахои шахси тафовут доранд? Хавф чи?

Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти