Дигар маълум аст, ки дар шаклгирии зиндагии инсонҳо дастҳову пойҳо ҳам нақши муҳим доштаанд… Дастҳое, ки покизаву олуда буданд ва пойҳое, ки ҳар куҷо рафтанду нарафтанд. Ва ҳам на камтар аз онҳо нақш доранд сарҳову мағзҳо, ки идораи ҷисм дар дасташон буд, чашмҳо, ки гоҳ сер буданду гоҳ гурусна ва қалб, ки саргузаштҳо онро гоҳ нарму ором ва гоҳҳо сангу оҳан карда…
Аммо рӯй аст, ки асари хиҷолатро фавран дар худ инъикос мекунад, мисли осори шодӣ, ки дарҳол ба болояш медамад. (Тахминан монанди индикатори ким-кадом электрик, ки ба воситаи он будан ва ё набудани қувваи барқро месанҷад)
Пури хокистар аст, гирди лабони оне, ки кадом вақт рӯ ба рӯйи як интихоб, як иштибоҳ ё баъди кадом тасмим варақи рӯяш даргирифтаву сӯхтаву дуд кардааст…(Ва онро дигар ягон собуну моеъи дастурушӯйӣ пок карда наметавонад)
Дар рӯйҳо ҳазорон осор аз зарбаҳои панҷаву ангуштони акнун фалаҷшуда боқӣ мондаанд, ки соҳибонаш бехабар аз қоидаи бумеранг ин амрро бори кори зиёду сардии шабҳои фасли дай мекунанд…Дар рӯйҳое, ки ҳеҷ гоҳ ба рӯйи ҳарому макруҳот наафтида буд, то имрӯз, баъди хушкидани садҳо чашмаву ҷӯй ҳам, сад ҷӯя об равон аст…(Обе, ки онро мардумон гоҳ обрӯ мегуянду гоҳо оби руй)
Садҳо рӯй, ки барои иҷрои нақшҳо мебоист истифода мешуду дигар вақт пушти дари анбори либосу молҳои театре қуфл мебуд, имрӯз ҳар куҷо парешу титу овора аст, мисли ниқобҳое, ки гуё аз он анбор рабуда шудаанду дигар боз оварда нашудаанд. Ҳатто кас фикр мекунад, ки касби дӯстдоштаи мардумон ронандагӣ нест, ки як замон мегуфтанд, балки тӯли умр бо руйҳои дигар, чеҳраҳои дигар ва симоҳои ниқобдор — нақшофарӣ аст…(Ва онҳо ҳатто тӯли умр бекор намондаанд)
Дар миёни ин ҳама рӯйҳо чӣ қадар фараҳбору шодиовар аст -РУЙИ НОН. Гарм аст, чун рӯйи гарми модар, сурх аст, монандаи чеҳраи қаҳрамон, гулдору захмдор аст, чун чеҳраи пири рӯзгордида, ки мисли ҳамон нон сад корд хӯрду сад каф намакоби ба рӯяш пошидаро таҳаммул кард…
Ва ҳам хаёлам барои мардуми боҳуш ва бедор асрори обу оташу намак ва рӯйи нону бӯйи нон сари танурҳо, мисли асрори руйҳои дигару буйҳои дигари мардумони кӯчаву хиёбонҳо ҳамин гуна кушодаву нокушода боқӣ мемонад…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: асрор, бӯйи нон, инсонҳо, нон, нонвойхона, рӯй, серӣ, танӯр, чеҳраҳо |












Добавить комментарий