Фақат ҳамон ду ҳолат вуҷуд дорад. Ду ҳолате, ки дари сад асрори сарбастаро ба рӯйи соҳибони он шишаҳо (ва ҳам чашмони шишагиву одиву пардадору камбину ҳатто тамоман пушида) боз мекунад. Баъзан идомаҳо, ки ҳатман аз гузаштаҳо шоистатару ҷолибтару хостанитаранд, дар заминаи ҳамон ду ҳолат ба миён меоянд. Шояд «баъзан» неву ҳамеша ҳамин тавр аст. Зиндагии ҳама кас аз ҷойи вуқӯъи ҳамон ду ҳолат, ба ду тақсим мешавад — то он ҳолат ва баъди он…
Ҳолатҳои мавриди назар чанд соату рӯзу моҳ ва ҳатто сол пештар аз эътимод ва боварҳое меистанд, ки шумо аз ҳадди сазовор фаротар, зиёдтар ва бештар ба касе ё чизе доштед. Бовар ҳам гӯё намак аст, ки мо кӯҳ- кӯҳ ҳам дошта бошем, бештар аз ҳадди талаботи як дег ғизо истифода намекунем. Ва бояд накунем…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: айнак, айнаки сиёҳшиша, актёрон, некӣ ва бадӣ, ниқоб, одами дурӯя, театр, чашмҳо, ҳолат | Leave a comment »











