Ду ҳолати як айнак

Фақат ҳамон ду ҳолат вуҷуд дорад. Ду ҳолате, ки дари сад асрори сарбастаро ба рӯйи соҳибони он шишаҳо (ва ҳам чашмони шишагиву одиву пардадору камбину ҳатто тамоман пушида) боз мекунад. Баъзан идомаҳо, ки ҳатман аз гузаштаҳо шоистатару ҷолибтару хостанитаранд, дар заминаи ҳамон ду ҳолат ба миён меоянд. Шояд «баъзан» неву ҳамеша ҳамин тавр аст. Зиндагии ҳама кас аз ҷойи вуқӯъи ҳамон ду ҳолат, ба ду тақсим мешавад — то он ҳолат ва баъди он…

Ҳолатҳои мавриди назар чанд соату рӯзу моҳ ва ҳатто сол пештар аз эътимод ва боварҳое меистанд, ки шумо аз ҳадди сазовор фаротар, зиёдтар ва бештар ба касе ё чизе доштед. Бовар ҳам гӯё намак аст, ки мо кӯҳ- кӯҳ ҳам дошта бошем, бештар аз ҳадди талаботи як дег ғизо истифода намекунем. Ва бояд накунем…

Шекспир дар баёни дунё ва мардумони актёр нисбат ба ҳазорҳое, ки ба ин гуфта бовар надоштанду надоранд, нисбат ба онҳое, ки худашон хостанд воқеъияти ин гуфтаҳоро бисанҷанд (ва барои ин зарур омад, ки умрашонро гарав гузоранд), нисбат ба онҳое, ки ягон бор театр нарафта, дар саҳнаҳои зиндагӣ қариб ҳар рӯз як драммаи ишқиву мазҳакавиву ҳатто фоҷиавиро «коргардонӣ» мекунанд, чанд садсола пештар ва чанд карат бештар ҳақ буда… Ва ҳам имрӯзиён (ки шояд гуноҳи толорҳои холии театрҳои касбӣ ҳам ба дӯши онҳост) дар актёрӣ чанд карат «ҳунармандтар» аз ҳамасрони Шекспиранд…

Ба ҷуз ҳамон пардаи пешорӯи як марди дар ҳоли ибодат ва холиқи ӯ пардаҳои дигарро ҳам як тӯда мардумони «ҳунарманд»- и пардабоф (ва гапу калочабофу овозабоф) ба дарозии таърихи омадани инсон ба ин ҷоҳо духтанду бофтаанд, ки то офтобсӯхтаву даридану афтидани он пардаҳо ва пардадорон (ва ё то фарорасии ҳамон ду ҳолат) аксарият пушти онҳо «суркунакон»-у «баҷошавакон» ва бозиҳои бадтар аз инро дар мазҳари ом анҷом додаву медиҳанд…

Аз ҳолати муқаррарӣ расидан ба дари хулосаи ниҳоӣ ва бо ихтиёр гирифтани тасмими гузаштан ба яке аз он ду ҳолат фосилае дорад, агар аввалтар аз ҳама вобаста ба дарозии зеҳну дарку шуури шумо, баъдтар шояд баробар ба саҳафоти китоби таҷрибаву хулосаҳои ҳаётӣ, ки дар варақҳояш изи ангуштон ва нури чашмони шумо боқӣ монда…

Он ду ҳолат пеши назарҳоро аз чашмони хиҷолатманди ба хок дӯхташуда, аз эҳсосҳои пушаймонӣ, аз рӯйҳои бениқоб, аз забонҳои оташин, аз пӯстҳои ғафси аз чеҳраҳо аллакай ҷудошуда, аз узрҳои бадтар аз гуноҳ, аз тавбаҳои дурӯғу на самимӣ ва мисли ин пур мекунад…

Дер ё зуд ҳатман ҳамон фурсат фаро мерасад, ки шахс бо амри дил ё зери кадом таъсире ё баъди кадом қароре ва ё бо як таваккале пешорӯи ҳама ҳаводис ва рӯйдод яке аз он ду ҳолатро анҷом медиҳад — барои шинохти худу дигарону дагарон ё айнакашро аз чашмон мегирад ва ё барои сарфи назар аз ҳар чизи на кирои ғам хӯрдан (камаҳамият, нолоиқ, камарзиш ва нохостанӣ) айнаки сиёҳ ба чашм мекунад…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти