Ҳама чи муқаррарӣ аст. Шумо мисли дигаронед ва дигарон ҳам монанд ба шумоанд. Агар фикр мекунед, ки шумо аз дигарон фарқ доред, пас мушаххас аст, ки ба ҳамон андоза ва ҳатто бештар аз он дигарон ҳам аз шумо тафовут доранд… Роҳҳо якеанд, воситаҳои нақлу ҳаракат низ, пулу ошпазу нонвою ҳаммому…ҳавову қавоиди зиндагӣ низ. Фосилаи зистани мо — фосилаи интихобҳои инфиродӣ ва додаҳои қисмат аст. Чизе дар ин самт ба назар мерасад, ки аз мо вобаста аст ва чизҳои дигаре ҳам, ки аз мо вобаста нест, ба назар мерасанд. Аввалиҳо ба назари ҳама мерасанду баъдиҳо ба назари баъзеҳо…
Канори мо, ба боварам, ки ҳеҷ вакт холӣ набуда — аз камару канори падар то кӯҳу камарҳо, ки инсонро будан дар доманаву шебу фарозаш насиб мешавад, ӯ танҳо набуду нест. Баъзан ҳатто собит шуда, ки кӯҳу камар ва долу дарахт аз баъзе инсонҳо дида барои инсон ҳамраҳи хубтару беҳтар ва ҳатто наҷотбахш будааанд…
Аммо аксаран барои шинохти одамҳо, ҳамраҳон (ва баъзан ҳамкору ҳамсояҳову просто сояҳо), ки ҳамраҳу ҳамқадами моанд, фосила ва роҳи дарозтар аз ваъдаҳои беиҷро ва сериолҳои туркӣ лозим мешавад. Инсонҳое, ки муқтазои табиаташон охири охирон неш задан аст, аксаран ба ҳамин ҳад «ҳунарманданд» ё ҳамон ниқоб ҳамин гуна устокорона ба чеҳраашон мувофиқ дӯхта шудааст, ки дар зинаҳои аввалу солҳои аввал шинохтанашон номумкин аст…
Инсонҳо ба интихоби дӯсту рафиқу ҳамсафар ва ҳамқадам, лоақал агар чени як мошинхарӣ ҷиддӣ мебуданд, корҳо ҳоло ранги дигар доштанд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки мо ҳамраҳонро аксаран аз миёни ҳамсоягону ҳамкорону ҳамдарсон интихоб мекунем.Ин дар ҳоле аст, ки он инсон шояд ҳамсояи хуб аст, вале ҳамсафари хуб не, ҳамдарси хуб аст, вале ҳамраҳи хуб не, ҳамкори хуб аст, вале ҳамдину ҳамфикри хуб не…Ё тамоман баракс.
Барои касе ҳамраҳи боэътимоду боварибахш будан хуб аст, аммо хубтар аз ин ҳамон аст, ки донем чаро мо барои касе ё ба назари касе боэътимоду боварибахш нестем? Дигар маълум аст, ки агар одату хулқи нохубамон инсонҳои хубу шоистаро аз мо дур кунад, одатҳои хубу росту адолатхоҳиамон одамони дигарро аз мо дар фосила қарор медиҳад. Инсон бо дуруст шинохтани худу боварӣ ба худаш, метавонад дигаронро ҳам дуруст бишиносад. Воқеъиятест ин, ки барои баргашта исботаш ба гумони ғолиб ягон тадқиқоту ковиш зарур нест…
Аҷибу бофтаву хаёлӣ, вале омӯзанда қиссаест, қиссаи аҳволи дузахиён, ки сари дегҳои ғизо ба даст баставу гиреҳхӯрда қошуқҳои дастадарозе нишастаанд ва ҳеҷ кас мустақилона наметавонад вақти лабрез будани он қошуқ аз ғизо онро сӯйи лабу даҳонаш барад. Ва ҳамин гуна аз аҳволи биҳиштиён нақл кардаанд, ки бо ҳамон гуна қошуқҳои дастадарозе ғизоро ба даҳони ҳамдигар мегузоштанд…
Канори инсонҳо имрӯз пур аз онҳоест, ки симои аслиашон аз наздик наметобад, канорҳо пури онҳоест, ки китфу шонаҳояшон наметавонад то дергоҳ ҷойи боэътимоде барои такя бошад, канорҳо пур аз онҳоест, ки барои маҳфили шумо ва маҳфилҳои дигар на фақат либос, балки бунёди луғавии дигару нигоҳи дигар ва ҳатто чеҳраҳои дигару хулосаҳои дигар доранд…
Ба сӯйи якдигар пайваста аз дур ва холисона мебояд назар кард ва аз мавҷудияти деву дад ва махлуқоту мавҷудоти дигари дадманиш (аксаран бо «чеҳраҳои уболаку нигоҳҳои бечораву алфози шакаррез») бо як ишора ҳамдигарро огаҳ сохт…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Полша, бевафо, биҳишту дӯзах, дустони нонӣ, дӯстӣ, ниқоб, ошно, умри инсон, қисмат, ҳамраҳон, ҳамсояҳо |












Добавить комментарий