Пурсишҳои беҷавоб

Боре ҳам напурсидамаш…

Дилат замоне, ки зиндагӣ бо хости дили дигарон шакл мегирифт, чӣ гувоҳӣ медод? Ва дар муқоисаи пешбиниву гувоҳиву хостаҳои дилат рӯзи аввал ва ҳар чизе, ки тӯли чиҳил сол ба вуқуъ пайваст, оё собит шуд, ки «дил гувоҳи ҳақ аст?»

Напурсидамаш, ки вақте ба мошини Волгаи кӯҳнаи лентадор менишаст, ин қадар сабру таҳаммул, аз худ гузаштагӣ, вафо, умед ва тоқат дар кадомин бухча буд ё даруни кадомин сатили сирдор буд, ки даст ба даст аз анҷомхонаи мӯйсафеди Қаландар — аз ин кунҷи Дарагиён ба кунҷи дигараш кучид?!

Напурсидамаш, ки чӣ сир дар миён буд, ки дар ҳоли баҳсу доварӣ ҳам чашмони дар сурмаи одӣ ва ашк тари ӯ ва мислаш садҳои дигар роҳи судхонаву шикоятхонаро намедид ва аз ин дар ниҳоят чӣ суд доштанд? Сурмаҳо фарқ доштанд ё гиряҳо? Ё чашмҳо ё дилҳо ё андешаҳо…

Напурсидамаш, ки асрори пули кам ва дастурхони ҳамеша кушодаву бобаракаташ дар ҳоле, ки анборхонаву анҷомхона чӣ кӣ, ҳатто дарвозаву дари меҳмонхонаву хонаҳои хоб қуфлу калид надошт, чӣ буду дар куҷо ниҳон буд?

Напурсидамаш, дар ҳоле ки китобҳояшон он замон пур аз қиссаҳои росту дурӯғи «ҷангу қаҳрамонии халқи кабир» буд, чаро ҳатто замоне, ки кӯдаке аз гузари дигар сари бачаашро бо санг мекафонд, лоақал муноқишаи байни гузарҳо сурат намегирифт?

Напурсидамаш, ки он ҳама ҳангомаву ҳам-ҳамаи истеҳсолоти пешрафтаи шӯравӣ, шӯҳрати бофандагиву нассоҷӣ дуруғ буд магар, ки шумову насли шумо «сол ай дувоздаҳ моҳ» ҳамон як куртаи чити гулдор ба бар доштед? Ё аз ҳамон матоъ якчанд курта доштед? Ё инсофи бештар доштед ё қаноатмандии бештар ё хираду заковати бештар…!?

Напурсидамаш, ки кадомин алам амиқтару ҷонсӯзтар буд — оне, ки дар раҳи чиҳилсолаи зиндагии муштаракаш ҷо барои вақтхушӣ кам буд ё он, ки ду писари хатмкардаи мактаби мусиқиаш як оҳанге ҳам, ки боиси вақтхушиашу қаноатмандиаш мешуд, барояш нанавохт…Ё шояд ҳама чӣ он вақт ба ин ҳад миллӣ ва тоҷикӣ набуд, ки ӯ фикр мекард бо ин аккордеони ман ва он дутори додарам Бурҳон (ки аксаран бо барномаву нотаҳои асарҳои композиторони русу бегона ҷӯр буд) суруд ё оҳанги ОЧА — ро навохта намешавад. Ва аз ин шояд як алам дар дили ӯ монду сад алам дар дили мо…

Ва ҳамин ҳоло аз хонае, ки очаам онро надид, бо роҳи кӯчаҳое, ки дар он як бор ҳам ҳамроҳаш қадам назадам, сари чамбари худраве, ки панҷ сол аст фазояш лабрези оҳангу сурудаҳои хумору фироқи оча аст, меравам ба аёдаташ, ба зиёраташ, ба суроғаш то бар иловаи ҳазор саволи беҷавоби панҷ соли охир боз ин ҳафт саволи дигарро бидиҳамаш…

Кошке лаби танӯр биёбамаш, кошке дар хонаи ҳамсоя бошад, кошке дами дар дар ҳалқаи Марҳамойю Ҳомияву Гулчеҳраи дугонааш биёбамаш….

Кошке…

Ку оча, дигар файз зи баъди сари ту?

Ку меҳр, ки мекашид маро бар дари ту?

Сол пойидаму наомадиву як рӯз —

Ман рафтаву хона мегирам дар бари ту ….

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти