Онхо хар шом, тахминан соати 20 ба чои корашон меоянд. Бале, онхо шабона кор мекунанд. Рузона ба чи кор машгуланд, намедонам. Ба гумонам, ки хобанд. Марду зане, ки ин шуглро ихтиёр кардаанд, хеле вафодор ба он ба назар мерасанд. Зеро ман шояд наметавонистам, ки хар руз аз соати 20-21 то кариби субх дар коргох бошам. Гузашта аз ин, онхо бояд дар коргох ором нанишинанд, бояд харакат кунанд, онхо раккос ва раккоса хастанд.
Намояндагони ин касб ва муасиисону ходимони нуктахои фарогати ва ресторанхо хамаги як хел рузгору якранг даромад надоранд.
Мушохидаи 1: Хамон гурухе аз раккосахо дар ин самт «муваффак » хастанд, ки диккати шиносу дустони доштаи онхоро на факат ракс чалб мекунад. Як вакт дар як толори консерти бо раккосаи касбие сухбат кардам. Шикояти зиёд аз маошу аз хар чизи дигари вобаста ба касбаш дошт. Хатто мегуфт, ки ба ман ичозат надодад, ки духтари 7 солаамро ба толор биёрам то ракси маро бубинад! Аммо гурухи болои ин гуна шикоят надоранд. Яъне, медонанд, ки факат бо ракс зиндаги пеш намеравад!
Маро чанд чизи дигар хайрон мекунад: барои чи ресторандоронро факат пул ва сафи мизочон шавкманд мекунад? Чаро фахшро баъзан мо ракс гумон мекунем? Чаро хамаи онхое, ки раксхои фахшро манбаи пулёби барои худашон ва дигарон карор додаанд, хаммиллатони мо хастанд? Шумо хам медонед, ки дар кишвархое, ки каме нангу номус доранд, корхои пасту нангро мардуми тахчои анчом намедихад. Вале имруз мебинем, ки духтарони хаммиллати мо хама корро мекунанд. Чи гуем? Мухочирони дохили!?
Мушохидаи 2. Гумон мекунам, аксари духтароне, ки имрузхо дар ресторану клубхо «ракс» мекунанд, дар оила бо волидону аъзоёни дигари он дар муносибот мушкили доранд. Вагарна мо мардуме будем, ки фарзанди худ, боз махсусан духтаронамонро хамин гуна беназорат мегузоштем ва барои «шабзиндадори дар ресторанхо» ичозат медодем?
Ман медонам, ки барои хар раккос ва раккосае имрузхо аз 50 то 100 сомони барои як «шабзиндадори» медиханд. Гузашта аз ин, мардумоне ёфт мешаванд, ки «пулхои мехнати» -и худро ба банди миён ва «нуктахо»-и дигари он раккоса «бастан мегиранд». Интихоби раккосахо ва раккосхо аксаран бо тавсияи шиносхо сурат мегирад. Ва идомаи фаъолияти онхо аз чалби мизочон ва «хамдигарфахми»-и онхо бо маъмурони он нуктаи фарогати вобаста аст.
Мушохидаи 3. Ин тоифа, ки аз касбияти ракс ва ин самти зебои дуранд, аксаран алфози кабеху дагал ба забон доранд. Онхо гумон мекунанд, ки зани муосир дар шоу бизнес бояд хамин гуна бошад, яъне мисли онхо.
Модели шоу бизнес ва амалу рафтори гарбиёна барои мо кобили кабул нест охир, харчанд баъзе «замонавихо» онро ба мо «клей» кардани шаванд хам!
Мушохидаи 4. Барои чи ресторанхои мо милли нестанд? Бояд гуфт, ки онхо аврупои хам нестанд. Шумо дар Петербургу Маскаву Остона ….суруд ва мусикии точикиро (ба истиснои нуктахои сирф точики, агар бошанд!) доими ва хар шаб мешунавед? Не!!! Дар Тошканд-ку тамоман НЕ! Пас, барои чи ходимони ресторанхои мо факат бояд сурудхои гарбиву туркиву узбаки пахш кунанд? Ё шумо хам фикр мекунед, ки агар аксаран ба мусикии точики такя кунем, «точикони нав» ба ресторанхо намераванд?
Мушохидаи 5. Ба назари ман муайянкуни ва назорати нархи наво (гизо) ва хизматгузорихо дар ресторанхои мо аз руи хамоханги бо макомоти дахлдори нарх ва назоратгари нест.
Масалан, як шароб бояд дар ресторан чанд сомони кимматтар аз магоза бошад? Ва ё дуруст аст, ки як PINE, ки яклухт аз ду сомони камтар аст, дар ончойхо бояд 7-8 сомони бошад? Фаъолияти онхо дар мачмуъ бояд барои истирохату фарогати сокинони дигари пойтахт, ки дар наздикии ин гуна нуктахо зиндаги мекунанд, халал нарасонад. Хама ресторанхои мо нуктаи нигохдории мошин, нозирони тартибот …доранд?
Мушохидаи 6. Ман умуман нашунидаам, ки барои кадом раккосаву раккос ё овозхоне дар ресторан дафтарчаи мехнати кушода бошанд ва фаъолияти уро ончо кайд карда бошанд. Нест ба гумонам! Чаро? Ё бояд хамин хел бошад?
Рост аст, ки онхо аксаран гумон доранд, ки асло пир намешаванд, хаёл мекунанд, ки «бачаи фалони» як умр хамин гуна дусту рафикашон хохад буд. Табиист, ки онхо худашон дар бораи пири, нафака, шартнома ва собикаи кори….фикр намекунанд. Ва барои чи онхо аз доираи «Конуни танзим» дур мондаанд? Агар дар як шаб ба хисоби миёна 80 сомони кор кунанд, (хам аз руи нархгузори бо ресторан ва хам аз «ин суву онсу»!) дар як мох худуди 2400 сомони ба даст меоранд. Барои чи, масалан як овозхони ансамбли давлатии шашмаком, ки худуди 300-400 сомони маош дорад, бояд патенти чандсадсомони дошта бошаду ин «гурух» не?! Чи гуем? Онхо серризканд!?
Мушохидаи 7. Хаёл мекунам, ки бо доштани ин тарзи зиндаги акнун онхо барои бунёди оилаи солим душвори мекашанд. Аксарият ба покизаги, вафодори ва сихатии онхо (хам чисману хам рухан!)… бовари надоранд.
Намояндахои ин гурух бигзор бо далел маро бовар кунонанд, ки фикрам нисбат ба онхо галат аст!? Масалан, кадом дусти Шумо, мардхои азиз, мехост зане дошта бошад, ки то субх дар «раксидан» бошад? Ягон тоаш! Чи гуем? Мебинем!?
Мушохидаи 8. Бовари надорам, пулхое, ки мардуми «шабзиндадор» дар ресторанхо ва клубхо «гуё бо ракс» ба даст меоранд, дар оилаи онхо, масалан, мисли мардуми дигар, барои гизову тахсил…ва амсоли ин сарф шавад.
Маълум аст, ки аксари рестораннишинон манбаъхои иловаги ва росту дуруги дигар доранд, ки он имкон медихад, хар руз дар ресторан бошанд. Ва хар руз онхо факат барои он ки духтарон дар хузурашон ракс мекунанд (ва сурудхони хам!), бояд 20-30 сомони бидиханд. Ин факат «за музыку»! Гайр аз ин пули хатми, онхо боз ихтиёри ба раккосахо пул «мечаспонанд». (Танзим!) Гумонам, ки он раккосахо дигар аз ягон шугле берун аз ресторанхо ин гуна пул намеёбанд. Чи гуем? Ош шавад!?
Мушохидаи 9. Фахмидан душвор нест, ки миёни мардуме, ки аз «хизмат»-и ин гурухи «шабзиндадор» пайваста истифода мебаранд, кормандони идораву коргоххои мухими давлати хам хастанд.
Як вакт дусте ба ман гуфт, ки дар кадом нишасте марди пулдоре хостааст, ки барои у фалон раккоса бираксад ва гуфтааст, ки агар касе уро пайдо карда биёрад, инъом мегирад. Бовар кунед, ки ин ба киссаи кадом султоне дар гузашта монанд аст, ки фалон зебосанамро барои харамсарояш дархост мекард. Акнун фахмидед, ки барои чи баъзе аз намояндахои ин гурухи «шабзиндадор» хеле магрур хастанд? Аввал ин ки аксаран точики харф намезананд ва баъд он ки бо мо ва шумо (-баринхо) гап намезананд. Чи гуем? Канд зананд!?
Мушохидаи 10. Мо факат ба тартибу тарзи ресторандори ва фарогати гарбиёна ва НА точики тавачух дорем. Мо ягон модели ресторандори бо такя ба одату расму оин ва анъанахои кадимаамон надорем.
Гумонам, будани хамин гуна нукта имруз хатто зарур хам хаст. Бигзор як мехмону як сафиру дипломати хоричи аз ракси зебояш бубинад, ки либоси зани точик чи гуна буд, мусики ва оханги миллии точики чи гуна аст? Чаро не? Чи гуфтед? Кишлокиям!? 
Хар кас имруз бо хар рох зиндаги мекунад…
Мардум аксаран ба якдигар кор надоранд…
Баъзехо дигар мешаванд, баъзехоро «дигар» мекунанд…
Бедории касе барои хоби тифлаш аст, «бедори»-и гурухи дигаре худаш «хоб» аст. Хоби на ХУШ!!!
«Ман касб ва хунари мардумеро, ки дар самти ракси асил захмат мекашанд, ё ресторандоранду ба мардум гизои халол медиханд ва маблаги халол ба даст меоранд, кадрдони ва эхтиром мекунам. Халолатон бод ва саломат бошед!»
Filed under: Uncategorized | Tagged: Бедори, Ресторан, раккоса, хоб |











Хеле оли. Саломат бошед! Хонандаи доимии шумо.
НравитсяНравится
Салом, Субхон!
…Мегуянд, ки сухане ки ба гуш мерасад метавонад таъсири хубтар дошта бошад! Вале, фикр намекунам, ки хондани суханон ё навиштаи касе низ ба инсон бетаъсир бошад (Агар дар хакикат маводи хондани бошад!)… Хусусан онхоеро, ки нисбат ба халки худ гамхор хастанд ва солимиву зиндагии бехтару хубтари онхоро мехоханд пас аз хондани ин сатрхо онхоро бетаъсир намегузорад!
Авалтар аз хама гуфтани хастам, ки чанд мавзуе (манзурам «Чаро»-хои бошумор), ки Шумо дар «блогатон» чой додаед, бисёр масъалахои мухимро дарбар гирифтааст ва он мушкили ё камбудихое мебошанд, ки халли худро мехоханд.
Рости , ман то хол хабар надоштам, ки дар ресторанхо «раккоса»-хое хастанд, ки то то субх мераксидаанд… (акнун фахмидам!) .
Бале, дуруст аст, ки мо «Танзим» мегуему лекин худ ба баъзе чойхо чидди назорат намекунем. Гуё, ки чизеро надидему намедонем! Худро ба нодони мезанем (ишора ба масъулону нафароне, ки бояд назорат кунанд!). Он чуну чарохое, ки дар ин маврид мехостам бигуям, мебинам, Шумо хамаашро бисёр дакик ва равшан овардаед ва дигар хочат ба такрори он нест!
Мутаассиф аз онам, ки ба ин чуну чарохое, ки инчо бисёр дуруст оварда шудаанд оё касе аз масъулон метавонад ба мо чавоби дуруст бидихад?! Фикр мекунам, ки ин саволи ман то чанд вакт ё намедонам…. чавобаш «?» мемонад. Худо надонад, мо намедонем!
Ба саволхое, ки дар охири хар як мушохида аз 1 то 10 овардаед, ки:
— «Чи гуем? Мухочирони дохили!?»
…
— «Чи гуфтед? Кишлокиям!?».
Гуфтаняим, ки:
— НЕ, албатта не! — Шумо «дехоти» нестед ! Ба фикри ман бисёр андешахои дуруст хам доред!
Саломат бошед, Субхон!
НравитсяНравится
Мушохидахои чолиб буд, Субхон!
Аммо агар мушохида карда боше, метавонед гуед,ки дар кадом дискоклуб ваё тарабхонаи Душанбе стриптиз намоиш медиханд?
НравитсяНравится
Салом, Хазрат! Мавзуи оличаноб; дардманд ва дардзой.
Имруз фурсате расида, ки бояд ин мавзуъхо харчи зиёдтар гуфта шавад, то билохира ба гуши масъулин (гуши онхоро садои баланди мусикихои диско-клубхо вазнин кардааст) аз вазорати фарханг ва макомоти хифзи хукук бирасад. Вазорати фарханг бояд фишанги танзим дошта бошад. Милисахо бояд боре бияндешанд, ки яке аз роххои тавсеаи фохишаги хамин аст ва бояд ба зудди аз он чилав бигиранд…
НравитсяНравится
Ба арзи салом ва камоли эхтиром мехостам, нисбати чопи мавзуъи Шумо ва мушохидакори дар тарабхонахои кишварамон ибрози акида намоям. Бале, Шумо дуруст мушохида ва баён намудед, ки сатхи пасти фархангии сарояндахо, раккос ва раккосахои тарабхонахо, имруз чомеъаи моро ба чунин фиску фасоди милли, дини ва маънави расонида аст, ки дар ончо на мусикии миллиро мешунави ва на ракси точикиро мебини. Дар нашри мазкур ман чанд нуктаро мушохида накардам. Дар навиштахои Шумо факат дар бораи холати кори раккосон нишон дода шуда аст, (1.) чаро барои бехбуди ва аз ин варта бурун овардан ягон пешниход нест, (2.) чаро дар сомонаатон даъват ба амал наовардед, ки аз чунин тарзи хаёти фархангии (замонави) мо даст кашем, (3.) Шумо рузноманигор хастед ва факат акси холро менависед, иштироки худро ва дустону наздиконатонро дар чунин шабзиндадорихо мамнуъ кардаед?
Бароятон бурдборихо орзу менамоям ва хохони он хастам, ки дар чопи мавзухоятон каме хам бошад пешниход мушохида шаванд.
НравитсяНравится