“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Прага – Душанбе” (8)

Соат 22.  Мо 3 нафар ба истгоҳи қатораҳои Варшава омадем. Аҷобат дар оғози ин сафар ҳамин буд, ки зани хазинадор барои гирифтани чипта аз мо на шиноснома талаб кард ва на ҳуҷҷати дигаре. Дар билетҳои қатора низ ягон маълумот дар бораи мусофир нест – на ном навишта шудаасту на насаб. Чанд дақиқа пештар аз оғози сафар дар монитори дохили истгоҳ платформа ва ё қаторе, ки мусофирон ба он ҷо бояд раванд, пайдо мешавад. Барои касе, ки ба ин гуна тартиб одат накардааст, хеле душвор аст, боз агар ақалан забони англисиро ба ҳадди содда надонед, бароятон мушкил хоҳад буд. Қатора фақат 2-3 дақиқа меистад Мо роҳи ҳаракати қатораи худро ёфта ба вагон ворид шудем. Боз 3 духтари гурҷӣ ҳам ба купеи мо ворид шуданд. Онҳо донишҷӯ буданд.  Бояд гуфт, ки таҳсил дар Полша барои мактабиён аз моҳи сентябр ва барои донишҷӯёни макотиби олӣ 1 октябр сар мешавад.  Читать далее →

Чанд коида барои мардон!

Гул ва коидахои ба гул вобаста

Дар ин холатхо ба мард гул такдим кардан мумкин ва дуруст аст:

  • Нахустнамоиши филм;
  • Барномаи консерти;
  • Нашри китоб;
  • Интишори маколаи хуб;
  • Кадом ихтирое;
  • Рузи таваллуд;
  • Гирифтани чоиза ва ё унвоне;
  • Голибият дар мусобика ва ё ба даст ории кадом унвони варзиши;

Читать далее →

Сари як пиёла чой…

    Мавзуи хурокпази ва хурокхури хамеша шавковар аст. Мардум ба намудхои гуногуни гизо таваччух мекунанд, онро тайёр мекунанд, дар кучое мечашанд ва вобаста ба анъана ва гизои мардумони дунё бахс мекунанд.  Таъсиси гушаи «Ошхонаи Оила» дар хафтаномаи «Оила» эхтимол ба хамин хотир буд.  Сухбате, ки дар зер нашр мешавад, хамин хафта дар хамин гуша ба нашр расида буд. Читать далее →

Чаро?-10. «Бедори»

          Онхо хар шом, тахминан соати 20 ба чои корашон меоянд.  Бале, онхо шабона кор мекунанд. Рузона ба чи кор машгуланд, намедонам. Ба гумонам, ки хобанд. Марду зане, ки ин шуглро ихтиёр кардаанд, хеле вафодор ба он ба назар мерасанд. Зеро ман шояд наметавонистам, ки хар руз аз соати 20-21 то кариби субх дар коргох бошам. Гузашта аз ин, онхо бояд дар коргох ором нанишинанд, бояд харакат кунанд, онхо раккос ва раккоса хастанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти