Имруз зодрузи марди бузурги миллати точик Абуали ибни Сино аст! Кормандони сохаи тандурустии Точикистон хамасола дар рузи вафоти у , яъне 18 август- Иди касбии худро тачлил мекунанд. Ман он чизеро, ки холо менависам, ягон бор нагуфта будам ва дар рузи иди касбии мардуми табиб хам ман онро гуфта наметавонам. Барои хамин ман ин пешниходро имруз мекунам…
Ман мехохам сари фаъолияти нафароне бинависам, ки дар самтхои гуногуни сохаи тандурусти ва тиб фаъолият карда, барои доман пахн кардани порахури ва фасод сахм мегиранд! Ин гуна нафарон кариб, ки дар хама самтхои тибби имрузаи точик хастанд ва кору бори худро пеш бурда истодаанд. Чанд руз пештар рузхои барои онхо хеле халкунанда буд ва хаёл мекунам, ки онхо он рузхои такдирсозро ба хуби сипари карданд. Агар ба хуби сипари намешуд, холо дар кадом барномаи ТВ хатман бо як пачка пул кадоме аз онхоро нишон медоданд. Ман имтихони дохилшавиро ба муассисоти миёнаву олии тибби дар назар дорам! Хулоса, ки бо шарофати хамин гуна нафарон мардуме, ки тамоман умед надоранд ва бовари хам ба худ надоранд, «аз кисмату такдир» рози донишчу мешаванд. Бовар кунед, ки пули касро гирифта кори уро анчом додан хам кори осон нест. Барои масалан ба муассисаи миёна ва ё олии тибби дохил кардани як нафаре, ки хатто хонда наметавонад,медонед, ки киро бояд шинохт ва чи гуна бояд «риск» кард? Махз бо шарофати хамин гуна инсонхо бо пул ва пора гирифтани санчиш ва имтихон дар
муассисоти тибби имконпазир гардид. Худи муассисоти тиббиро гаркаи фасоду порагири кардану ба ин восита донишчуёнро аз курси аввал ба давраи гирифтани «спец» расонидан «кахрамони» аст! Мардум бошад, то холо хам бовари надорад, ки ин кор шудани аст ва аллакай шудааст! Онхо холо хам фикр мекунанд, ки хамаи мардуме, ки дар муассисоти тибби тахсил мекунад, бо саводи кофии худашон дохил шуда, хамин гуна бо дониши худашон он муассисаро хатм мекунад. Барои чи мо хизмати он мардумеро, ки чони худро ба гарав мононда , восита мешаваду санчишу имтихони касеро гирифта касеро дохил мекунад, нодида мегирем? Ин кор хуб нест, рафикон! Ман баъди андешахои зиёд ба хулосае омадам, ки мардумеро, ки барои бо пул дохил шудани довталабон МАХСУСАН ба муассисоти тибби мусоидат карданду мекунанд, онхоеро, ки хамеша бо пул санчишу имтихонхои донишчуёни ин муассисоти тандурустиро мегиранд, на факат чазо надиханд , балки барои дарёфти ягон чоиза пешниход кунанд!
Чаро ин гурухи мардум ба чоиза арзандаанд?
- Тасаввур кунед, ки донишчу бо пул дохил шуд ва ин гуна муассисоти тиббиро бо пул хатм кард. Баъди хатм агар хар кадоми онхо дар як сол ба хисоби миёна 5-6 нафариро бо дору ва дармонашон бикушанд, чи кадар масъала хал мешавад-маршуткахо камодам мешаванд, нархи гизо поён меравад, хона шояд арзонтар мешавад, манзили ичора хам ёфтан осон мегардад..
- Он вакт тибби анъанави рушд мекунад. Мардум хама ба маслихати момаи Зарафо ва кампири Сочигул гуш хоханд кард. Назди онхо , ки мардум бисёртар рафт, зиндагиашон хам хубтар мешавад.
- Сахни хавлии муасисоти тибби камодам мешавад. Аз ин фурсат истифода бурда дар заминхои беморхонахо кишти картошка ва пиёзу лаблабуро ба рох мондан мумкин аст. Гузашта аз ин бояд боз ба назар гирифт, ки заминхои беморхонахои мо ки чандин солхо кишт нашудаанд, ду се хосил дода метавонанд!
- Дигар дар таххонахо барои тачрибаомузии донишчуён нигох доштани часадхо хам шарт намешавад. Бо максади тачриба андухтан куштани хайвоноти бечора кам мешавад ва шояд тамоман аз байн меравад. Ин бошад гамхори ба табиат хохад буд!
- Он вакт гирифтани «спец» аз вазъи молиявии донишчу ва падару модари у вобаста хохад буд. Ин бошад донишчуро водор мекунад, ки асосхои иктисодиёт ва захираи маблагхоро аз курси аввали муассисаи тибби омузад!
- Дар хонаи пиронсолон, ки он вакт насиб бошад, бо дармону табобати хамин гуна хатмкардахо тамоман холи мешавад, анбори молу колои пастсифати чинии точирони афгонро ташкил кардан мумкин аст! Бечорахо дар ёфтани чой барои анбор хеле азият мекашанд! Ёфтани чой барои ташкил кардани дискоклуб ё ресторан хам осон мешавад! Ин дастгирии сохибкории хурду миёна хохад буд!
- Мошинхои ёрии таъчилии Фольсваген, ки то 95 хазор доллар киммат доранд, дигар ба бензину соляркаи давлати эхтиёч пайдо намекунад. Сарфакори хохад шуд! Он вакт онхоро ба ягон ронанда барои фаъолият кардан, масалан дар хатсайри 17 ва ё 19 ба ичора додан мукин аст! Ронандахои ТАНГЕМ ин гуна мошинхоро бо камоли майл ба ичора мегиранд!…
Хулоса, мардуме, ки мо онхоро барои дарёфти чоиза пешниход кардани хастем, бо мусоидат карданашон дар порагири ва рушди фасод дар муассисоти таълимии миёна ва олии тибби барои иктисоди кишварамон «кумаки беандоза»-е хоханд кард! Онхоро ба воситаи ТВ хам таърифу тавсиф кардан мумкин аст. Чаро не? Хамкори мо Матлубаи Додихудо хатто пешниход мекунад, ки мучассамаи ин гуна нафаронро, масалан дар сахни хавлии чои кории онхо ва ё ягон гушаи орому тозаи ин шахр гузоштан мумкин аст! Хубии ин мучассамахо ба назари ин хамкори мо боз он хохад буд, ки бо гузаштани чанд аср, мардум дигар чои партофтани тухм ва мевахои пусидаву вайроншударо меёбанд! Холо бошад ман ба ин гурух мардуми миёнарав пешниход дорам, ки натарсида, чехраи худро кушоянд. Охир Шумо «Кахрамон» хастед! Кадом
олим мисли Шумо ин кадар ба кишвараш манфиат меорад? Ягон тоаш! Ягон олим метавонад, ки сафи мардуми дар интизории замини наздихавлиги бударо бе кадом конунвайронкуни кам кунад? НЕЪ! Инро факат шумо ва шогирдонатон, ки бо пора тахсил кардаанд, метавонед!
Пас, ки гуфт, ки Шумо сазовори чоиза нестед? Ман шуморо барои дарёфти арзишмандтарин чоиза пешниход карда, хамзамон мехостам, ки «шустушу»-и он чоиза, ки ким кайхо муд аст ва хамкасбону дустони Шумо хатман интизор мешаванд, на аз хисоби Шумо, балки аз хисоби лоихахои сохаи тандурусти ва карзхову грантхои бебозгашт амали шавад!!! Ин тачрибае мешуд, ки худи Ибни Сино хам онро дар хаёлаш надошт ва хатто хоб хам намедид!
Ман хамаи кормандони сохаи тандурустии Точикистонро, ки самимона ва холисона барои пешрафти тибби кишвар ва сихатии мардум шабу руз талош мекунанд ва захмат мекашанд, хама донишчуёни муассисоти миёнаву олии тиббиро, ки нисбат ба сихатии мардум бетараф нестанд, бо Иди касбии кормандони сохаи тандурусти табрик мегуям! Шумо хамеша сарбаланду комёб бошед! Ба кавли бародарони ирони- «дасти Шумо дард накунад!», зеро дасти Шумо аз дасти нафароне, ки дар боло гуфтем, фарк дорад!!!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Авицена, Иди касбии табибон, Сино, донишчу, духтур, замин, иктисод, коррупция, пул, табобат, тиб, фасод |












Салом….бояд бигуям ки дасти шумо низ дард накунад, ки дар мавриди табибони ба кавле «Кахрамон ва Бузург» навиштед…
НравитсяНравится
Салом!
Бале, бисёр дуруст мегуед, Субхон!…
НравитсяНравится