Кадом вакте ки сар ба Интернет нахалони, дар мавриди руймолу сатру робитаи кадом вазир ба он ва назари мардуми одди, оид ба кадом рухони ва сухбату икдому овозахо вобаста ба у як мавод ё хабаре ба чашмат мерасад. Чунин ба назар мерасад, ки хамин чизхо сабаби бадбахти хастанд ва хам метавонанд, ки боиси хушбахти шаванд. Ман медонам, ки ибрози назар озод аст, медонам, ки тартиб дар хама чо бояд риоя гардад, медонам, ки дресс-код чи аст, медонам, ки салла дигар асту калла дигар, ва хамчунин медонам, ки як нафаре, ки барои мисол сатр дорад, дар миёни чанд андеша хайрон мондааст…Умуман имруз кариб хама хайрон аст…
Ман хам нигох накарда ба хайронихоям имруз дар мавриди аввалин стюардесса, душворихои хамсари футболбоз будан, тафовути рутба ва «дилу чигар», рекламаи бусобуси, кишвари гандатарини дунё, мамониятхо ва зодрузи зеботарину мехрубонтарин зани дунё навиштаам.
- Имруз Рузи Рудаки аст.
Гар бар сари нафси худ амири, марди,
Бар куру кар ар нукта нагири, марди.
Марди набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигири, марди!!!
- Эллен ЧЁРЧ /баъди ба шавхар баромаданаш- МАРШАЛЛ/ таваллуд шудааст (1904) У як хамшираи шафкати амрикои буд ва соли 1930 аввалин стюардесса шуд.
У он вакт шояд намедонист, ки як замоне фаро мерасад, ки стюардессахо ва раккосахо бо Лексус «мегарданд» ва ….
Ин чумла давом надорад!
-
Рональдои футболбоз ва чемпион таваллуд шудааст (1976)
Аз хамсари боксчи дида, хамсари футболбоз будан душвор аст,зеро як раунди бокс 3 дакика аст, як тайми футбол 45 дакика!
-
Стив ВУДМОР аз Англия дар 56 сония 595 калимаро талафуз кард ва ба китоби Рекордхои Гиннес ворид шуд (1990)
Маълум мешавад, ки суръати талаффузаш ба суръати харфзании зане баробар шудааст, ки хамсари дуюми щавхараш ногахон ба хона у омадаасту дар мавриди хомиладориаш киса мекунад ва таъна карда истодааст, ки ин зан бадафт асту «фантазия» надорад…
-
Дар СССР рутбахои харби, аз он чумла Маршал тасдик шудааст (ба чуз аз генерал!) (1935)
Рутба дигар асту «дилу гурда», яъне чуръат дигар. Аммо хешутабори тамоман дигару фарккунанда аст.
-
Дар Швеция бусу канорро дар чойхои чамъияти манъ карданд (1951)
Баъзан барои дастраси ба чизе ва ё расидан ба хадафе бояд баъзе корро манъ кард. Аммо чаро бояд ду нафареро, ки дар ин зиндагии душвор хохиши бусидан пайдо кардаанд, ноумед кард? Баракс, масалан, барои он, ки мардум фурсати омадани «лимит»-ро барои барк фаромуш кунад, бояд бусу канорро мисли баъзе мавзуъхои дигар аз тарики ТВ шабонарузи реклама кард!
-
Дар Уганда барои мардуми осиёи 48 соат вкт доданд, то кишварро тарк кунанд (1972)
Ин кишварро аз номаш хам фахмидан мумкин аст, ки чи гуна аст—уГАНДА! Ганда будаанд…
-
Дар Руминия сигоркаширо манъ карда буданд (2002)
Дар Точикистон низ аз соли 2011 хамин гуна икдомро дар чойхои чамъияти чори кардани хастанд. Боз ба гумонам хадамот ё шуъбае барои назорати ичрои ин карор таъсис меёбад (мисли шуъбахои танзим) ва боз манн агар насиб бошад, метавонам, ки бо пардохти «чарима» ба дасти баъзе нозирхо дар хар кучое, ки хостам сигор бикашам…
-
Имруз Модари ман зодруз дорад (1957)
Ман ва МО уро дуст медорем!!!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: буса, зодруз, модар, рутба, сигоркаши |













Салом, Субхон!
Кардам аз илм савол,
Метавони оё
Маънии модарро
Бахри ман шарх дихи?
Гуфт не, не харгиз
Ман барои ин кор
Мантику фалсафаву аклу забон кам дорам
Кудрати шарху баён кам дорам.
Модари Шуморо бо рузи зодрузаш табрик гуфта, ба У хушихои рузгор ва САЛОМАТИ хохонам!!!
НравитсяНравится
Салом акаи СУбхон ….
Он ки нури дидаву точи сар аст,
Модар асту модар асту модар аст…
Зодрузи модари бузургворатон муборак бошад. Саломату, сарбаланду, комёбу муваффак бошанд!!!
НравитсяНравится
салом…Сипоси бехад Худоро ки моро хам чунин модарони бузург хадя кард ки ин модари бузург боз шумовори «мегуфтаги»-и бузургро ба дунёи дун овардааст… Чашни милоди модари бузургат МУБОРАК Субхон Чалилов!!!
НравитсяНравится
Асалом акаи Субхон. Зодрузи модаратонро муборак мегуям!
Акаи Субхон намегуед, ки хамин Гулбахор ки бошад?? Инчо шеъри зур навиштаст, чи кора бошад?? )))
НравитсяНравится
Асалом акаи Субхон. Дар Точикистон хам сигоркаширо манъ мекунанд гуфтед? Инчо навиштед ки насиб бошад бо пардохти чарима хар чо ки хостед сигор мекашед. Шумо як вакт дар барномаатон магар нагуфта будед, ки сигоркаширо бас кардед? Ачиб. Боз сигоркаширо давом додед чи акаи Субхон? )))
НравитсяНравится
Салом…..МАН гуфта хамин гуна хар нафари сигоркашро дар назар дорам…Хар чизе, ки ман дар ин мавод ба худам вобаста мекунам, ин барои дигарон хам хаст…Максад ин аст, ки бояд вакте ки як тартиб чри мешавад, ба хеч вачх он дигар карда нашавад ва касе арои ичрои он истисно набошад…
НравитсяНравится