Бо дидани имконоте, ки мардум дар самти илму техника ва технология дорад, фикр мекунам, ки чи гуна ачоиб мешуд, агар бобокалонхои мо хамин имконро медоштанд, хотирахои худро дар сахифахои интернетии худ ва рузномахои электрони сабт мекарданду барои мо боки мегузоштанд. Аммо аз суи дигар боз хамин андешаи худамро инкор мекунам: ягон чиз дигар ба мо фоида намекунад, миллион сахифа панду насихату шеъру касидаву достон моро одам накард, машхур накард, пешрафта накард, чахонгир накард…
Имруз дар мавриди муборизаи занхо барои таваччух ба худашон, фарки СУПХОН аз СУБХОН, футболи русси, унвони «Шоири халки» ва Шоири Милли, сирри дарозумрии рассом Пикассо, табобат ба воситаи ТВ ва хар рузи равгании баъзехо навиштаам.
-
Имруз Рузи байналмилалии муборизаи занхо барои сулх аст.
Занхо бесабаб ва бе манфиат барои ягон чиз мубориза намебаранд. Дар хаёт хам хамин гуна аст. Набудани сулх – набудани таваччухи мардон ба онхо аст. Аламовартар ва бадтар аз хама гуна чангу низоъ барои онхо хамин бетаваччухи аст!
-
Михаил Достоевский — нависандаи рус, ношири мачаллахои «Время» ва «Эпоха» таваллуд шудааст (1820)
Маро чанд руз пештар барои муаррифии боз як мачаллаи нав даъват карданд. Дар даъватнома номи маро на СУБХОН, балки СУПХОН навиштаанд. Ман ояндаи он мачалларо дар як нафас тахмин кардам ва ба он махфил…нарафтам!
- Дар Руссия аввалин бозии футбол баргузор шудааст (1897)
-Дима, рафтем футболбози?
-Э, ма наметонум бози карда!
-Метони, рафтем, натонисти, ёд мегири….манам наметонум….Иванам кати Серёга бугу рафтем….
Анна хамин гуна пайдо шудааст, тими мунтахаби футболи Руссия!!! (Ин дар ким кадом латифаи русси буд, бофтаи ман нест!!!)
Унвони «Шоир (Нависанда) – и халкии Точикистон» таъсис дода шудааст (1961)
-
Аммо онхое, ки дар кишвархои дигар буданд ва медонанд, мегуянд, ки ончо хамин гуна «халки» — хо нестанд. Дар ончо бехтаринхо унвони Нависанда ва ё шоири миллиро доранд. Онхо «халки» гуфта, дар мавриди аввал чиз ё каси хеле соддаву одди ва хатто кучагиро мефахмидаанд!
-
Пабло ПИКАССО /Pablo PICASSO / — рассоми испани таваллуд шудааст (1881)
Пикассо 1885 мусаввара ва 1228 мучассама доштааст. Дар сарчашмахо хаст, ки у ба духтарони зебо хеле таваччух дошта, бо кашидани як расми онхо чойхобро бо онхо таксим мекардааст. Шояд сабабаи 91 сол умр диданаш хам аввалтар аз хама хамин бошад!
-
Бори аввал тарики ТВ барномаи «Поле чудес» бо ширкати Влад Листьев пахш шудааст (1990)
Тасаввур кунед, ки агар дар ТВ-хои Точикистон Листьеву Якубович, Пельш, Вульф, Познер, Лолита, Малахов ва дигарон кор мекарданд, чи мешуд? Он вакт ба фикрам факат обу ангур ва кухху дашту гулзорро нишон медоданд!
-
Президент ЕЛЬЦИН фармонро дар бораи таъсисёбии гумруки русси ба имзо расонд (1994) Имруз дар Россия Рузи кормандони гумрук кайд карда мешавад.
Агар хато накунам, дар кишвари мо чанд гурухи мардуми касбу кори гуногун хаст, ки гайр аз рузи асосии иди касбиашон, боз хар руз барои онхо рузи ид аст. Ба хамин гурух, момодояхо, кормандони БДА, муллохо, кормандони гумрук ва андоз, духтурони беморхонахо ва амсоли инхо шомиланд. «Касе метонад, ошуш шавад!». Моро ягон руз хамин макол мекушад ва ба фано мерасонад….
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Интернет, Пикассо, Шоири халки, барномахои телевизион, гумрук, занхо, мачалла, ош, рассом, футбол |













Салому алайк. Акаи Субхон агар ба чои Якубович шумо дар ТВ-хои Точикистон кор мекардед ба фикри шумо чи мешуд? Ва сабаби факат дар ТВ-хо нишон додани ангуру обу куху дашт дар чи аст? Журналистони хаёлбоф надорем, ки барномаи хуб тахия кунанд, ё ба фирки шумо чи аст сабаб?
НравитсяНравится
Саломалейк…Ангуру куху дашт боигарии мардуми мо аст гумонам барои хамин пайваста онро намоиш медиханд. Журналистони мо хамааш хайёлбофии рангин доранд, бачахои хубанд, просто, дар блогхо баъзан нодуруст менависанд 🙂
НравитсяНравится
Кай футболи точик ба ин сатх мерасад??
НравитсяНравится
Суол:
Субхон чаро ба ТВ намерави ё ин ки радио Ватан рафтан намемонад.
НравитсяНравится