9 ноябри соли 2010

      Танхо будан хам душвор будаасту бо хама ва миёни бисёри будан хам. Аммо  баъзан дар миёни анбух хам кас худро танхо эхсос мекунад. Аз хама дахшатбортар хамин гуна танхои аст! Боз чи дахшатбор аст? Хаёлам холате, ки як гурух шуморо бо кадом максаде ва ё чазо додани шуда, касдан танхо мегузоранд. Аммо холате хаст, ки шумо аз дигарон бо бартарияте, ки доред, канортар хастед, дар танхои хастед…Инро бошад, як бузурге на танхои, балки ягонаги гуфтааст. Танхои аз ягонаги харчанд ба зохир якранг бошанд хам, бо маъни ва бо мантикаш тафовут дорад!

         Имруз дар мавриди монологи як марди шоиртабиати шароби, расми мехмони рафтан, нафака ва як эълони Вазорати мехнат, гунох ва савоби Горбачёв, рохе, ки дар он ягон корманди БДА нест, мушкилии  нарасидани «одам» ва манфиати зану дустдоштаи бисёр навиштам.

  • Дилан ТОМАС – шоири англис хамин руз вафот кардааст (1953)

У тули 6 руз дар холати беёди  буд. Хамааш баъди он сар шуд, ки у дар яке аз шаробхонахои Нью-Йорк 18 истакон вискии тозаро нушид.

Марде, ки хеле масту махмур буд, ба шишаи шароб нигариста мегуяд:

-Ачаб дунёе, ту холи мешавиву меафти, ман пур мешаму меафтум ….

  

  • Теодор РУЗВЕЛЬТ аввалин Президенти амрикои шуд, ки ба сафари кишвари хорич рафт (1906)

 У 17 рузашро дар Панама ва Пуэрто Рико гузаронид.

Хаёлам, ки хамон мисрахои машхури  

Мехмон гарчи азиз аст, валекин чу нафас,

Хафа месозад, агар ояду берун наравад… 

шояд баъди хамин сафар бо дархости кадом мансабдори Панама ва ё Пуэрто Рико аз чониби шоири хамзабони мо навишта шуда бошад.

 

  • Шурои Комиссарони Халк ба донишманд Константин Эдуардович ЦИОЛКОВСКИЙ нафакаи фардии якумра таъин кард (1921) 

         -Мусафед, намерай нафакахота бигири? О, мусафедои гузари боло нафакагири рафтестиян?! Ту дар фикри чи зади? 

         -Э, кампир, дар ёшиём мегуфтум, ки намуруму ба синни нафака расуму нафака гирум, ана акнун мегум муруму хамин руи хамитари нафакара набинум!!! (Ин варианти аввали хамон ролики машхури телевизиони буд, ки нагузашт!) 

Эълон дар газета:

         «Вазорати мехнат ва хифзи ичтимоии ахоли бо максади пардохти нафакаи нафакагирон пулхои фарсудаву дарида ва скотчпечи 10 ва 20 сомониро бо нархи 3-5 сомони мехарад!»

  

  • Хамин руз вайронкунии девори Берлин сар шудааст (1989)

Акнун мо факат метонем, ки худро бо хамин чиз тасалли бидихем, ки «Горбачёв СССР-ро вайрон карда бошад хам, дар чавобаш хамин девори олмонихоро  хам вайрон кард-ку!?»

 

  • Имруз рузи чахонии сифат аст. 

         Дар болои  бинои Агентии «Точикстандарт» навишта шудааст, ки «Рох суи зебои ва сифат беохир аст!»  Ман нафахмидам, ки ин бо кадом маъни дар ончо омадааст. Наход онхо гуфтани бошанд, ки «мардум, барои ёфтани махсулоту моли босифат ва зебову ба киссатон мувофик шумо бояд беохир харакат кунед !?»

 

  • Спиро Эгню – ноиби президенти Амрико таваллуд шудааст (1918)

У хамон нафарест, ки дар солхои 1968-73 дар макоми ноиби президент кор мекард  ва барои насупоридани андозхо аз макомаш барканор шуда буд.

         Ман дар Стокгольм  хам шунида будам, ки Вазири фархангашонро бо чурми насупоридани пули ичозатномаи истифодаи ТВ ва Радио чарима баста, аз макомаш барканор карда будаанд. Ин корро дар кишвархои аврупои ва пешрафта кардан мумкин аст, яъне агар як вазир ва ё мансабдоре хатои чидди  кард, уро барканор карда, дигарашро таъин мекунанд. Аммо дар мо «вазирон дар киссахо нестанд…» Душвор аст ин гуна рафтор кардан!

 

  • Дар Квебек як марди чосуси олмониро баъди он, ки дар автобус пулхои кайхо аз муомилот рафтаро дароз карда, номи як хатсайри набударо мегирад, ба хабс мегиранд (1942) 

Аз хамин нуктаи назар доштани як ё якчанд дустдошта ва ё хамсар дар хар шахру нохия ба манфиати кору бор аст. Махсусан, агар ин кору бор — чосуси бошад.

Один ответ

  1. Салом Субхон!!! Рости нафакае ки хамин шабу руз кормандони КДАМ мегиранд бехтарин маблаг аст дар шароити ТОчикистон, аммо дигар нафакахоро гуфти хамун муйсафед: (Мураму хамин хел нафакара набинум)!!!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти