Аз руйи одат ман хеле барвакт аз хоб бедор мешавам. Вакте дар Ноксвил соат 5-и субх аст… Субхона мекунам. Чи хуб аст, ки холо точирон дар кишвархои Аврупо ва Амрико ба тамгаи «халол» таваччух мекунанд. Дишаб ман хангоми хариди хасиб ва боз чанд маводи дигар баргашта аз тарчумонамон мепурсидам, ки «дар хакикат хам ин мавод халол аст?». У навиштаи бастабандии гизоро мехонд ва хам аз фурушанда мепурсид. Дар баъзе вохурихо чониби мехмондор аз тарчумон ва рохбалади мо мепурсад, ки барои бачахо ба кадом гушт гизо тайр кунем? Ва ман борхо шунидам, ки Леонид аввал дар бораи ман мегуяд. Мо хама намуди гуштро намехурем-ку….
Донишгохи Теннесси дар Ноксвил чойгир аст. Он мисли як шахрчаи донишчуи аст — истгохи мошин (ки донишчу рохат метавонад мошинашро дар ончо гузорад!), бинохои маъмури, истикомати, ошхона, варзишгохи бузург, китобхона, газета, радио, хонаи байналмиллали, автобуси махсус ва хатто чархбол хам дорад. Инчо донишчуён аз тамоми манотики дунё тахсил мекунанд. Факултаи журналистика ва воситахои электронии иттлоъот дар ин донишгох яке аз факултахои серхаридор аст. Бояд гуфт, ки дар Амрико (Теннесси) донишчу аввал дохил мешавад ва баъд муайян мекунад, ки бо назардошти балхои доштааш ва хохишаш чи ихтисосро бояд бигирад. Вакти гузаштан аз ин шахрчаи донишчуён ман мушохида кардам, ки касе галстук надорад, шиму костюм хам…
Профессори факултаи журналистика гуфт, ки чанд сол пештар аз Точикистон низ ду устоди журналистика дар инчо лексия хонда буданд. Мутаасифона муйсафеди профессор номхояшонро ба ёд оварда натавонист (Гуфтаги барин дар вохури профессор Гросс аз ман пурсид, ки «масалан, ту дар кадом мавзуъ барои шогирдони ман лексия хонда матавони? : )
Хулоса, вохурии мо бо як гурух донишчуи донишгохи Теннесси, факултаи журналистика огоз шуд. Онхо 16-17 нафар буданд, ки либоспушии озод, сухбати озод ва андешаронии комилан озод доштанд. Аввал аз мо хохиш карданд, ки дар бораи худамон ва давлатхоямон маълумот бидихем. Ман низ каме дар бораи худам ва бештар дар бораи Точикистон гуфтам. Формати вохурии мо саволу чавоби тарафайн буд. Онхо пурсиданд, ки «чи гуна ба журналистика омадед?», «дар кишвархои шумо магар барои ибрози акида тахдид намекунанд?», «мегуянд, ки дар давлатхои пасошурави журналист будан аз хама хавфнок аст?» ва саволхое мисли хамин …..
Профессори ин факулта Петер Гросс дар чараёни хамин вохури икрор шуд, ки дар Душанбе буд ва бо кишвари мо ошно аст. То ин вакт нагуфта буд, шояд ба хотири он, ки Душанбе ва Точикистонро аз накли ман бо бо дидахои худаш мукоиса кунад??? Намедонам…
То нимаруз мо сухбат кардем. Вакти хурокхури мешуд. Моро шогирди профессор бо номи Дмитрий, ки аз Белоруссия будаву чанд руз пештар бо духтари мексикоие оила бунёд карда будааст, то расидан ба ошхонаи донишгох ба китобхона ва хонаи байналмиллалии донишгох бурд. (хамсараш аз канораш дур намерафт –шояд рашк мекард, чун духтарони гурухи мо хам хеле зебоанд 🙂 ) Системаи гизо ва ошхонахои Аврупо ва Амрико хеле дастрас аст. Хама коргоху муаасиса ва хатто китобхонахо ошхона ва кахвахонаи худро дорад. Вакте ки ман дар Польша –шахри Варшава будам, медидам, ки масалан, агар идораи газета чор ошёна бошад, дар хар чор ошёнаи он гайр аз тачхизоти кахваву об боз кахвахона ва ошхонахои хуб мавчуд аст. Хамгурухони ман аз кахвахонаи китобхонаи Теннесси дар куттичахо обу кахва гирифтанд ва мисли амрикоихои дигар онро нушида то хонаи байналмиллалии Донишгох расиданд. Хонаи байналмиллали мисли як маркази фаранги хизмат мекунад. Дар ошёнаи аввали он Институти Конфуций фаъолият дорад. Ошёнаи болои он иборат аст аз як чанд хучраи дарси, машварати ва ва албатта….ошхона! Чун инчо намояндахои кишвархои дигару фархангхои гуногун барои тахсил меоянд, имкони хубе барои ошноии хамдигари аз тамаддуну фархангу санъату адабиёти хам доранд. Дар даромадгох чумлаи «Хуш Омадед» бо чанд забону хат навишта шудааст. Бо хати форси хам. Дар кисмати рост баъди ворид шудан, харитаеро мебинед, ки дар он тангахои кишвархо руйи номи он кишвархо часпонида шудааст. Аввалин коре, ки кардам 20 дирамаи точикиро ба кафи дасти он ходими хонаи байналмиллали дохтам ва аз он харита нишон додам, ки бояд дар кучо онро «часпонад». Пурсид, ки «ин танга чанд доллар мешавад?» Гуфтам, ки «Ду доллар 🙂 !»
Вокеъан хам, хайёлбофии донишчуён моро хайрон мекард: онхо шабхои фарханги ташкил мекунанд, махфили хурокпази ташкил карда, намунахои гуногуни хурокхои мардуми дунёро мепазанд ва ёд мегиранду мечашанд, шабхои раксу суруд ташкил мекунанд, барои хамдигар забони худашонро меомузанд…Донишгоххи Теннесси барои амали сохтани накшахои ин маркази хуби фархангиву омузиши хама сола маблаги муайяне чудо мекардааст. Дар утоки калонтари ин хона чанд парчамро мебинам. Миёни онхо парчами Точикистон набуд, аммо ман ончо парчами Эронро пайдо кардам…
Ба ошхонаи донишгохи расидем. Чаро дар ошхонахои донишчуии мо хамин гуна ба гизо ва сихатии донишчу таваччух намекунанд-а? Хазору як намуд алафу кабудиву меваву сабзавоти тару тоза, чандин намуд гизои аввалу дуюму сеюм, ширини, талхи, тези, турши….хулоса хама чиз. Арзон, дастрас, тару тоза! Дар ягон кунчу канори донишгох –на дар синфхонахову рохравхо, на дар ошхонаву сахни хавлии Донишгох ягон шиору овезаи сиёси ва таргиботи нест! Хар чизе, ки хаст ба ин ё он махфили донишчуён ва ба тахсил иртибот дорад. Мо дар пахлуи донишчуён хуроки нимаруз хурдем. Дар Амрико мардум аксаран оби хунук ва нушобахои дигарро бо иловаи яхпорахо менушад. Ду рузи хамин гуна обнуши маро гулудард карда буд J Чой бехтар аст…
Дар бозгашт рохраверо дидам,ки дар огозаш мухри хамин донишгох хаккоки шудаву таърихи донишгох аз рузи таъсис то замони навтарин оварда шудааст. Миёни донишчуёни ин донишгох хамин гуна одат будааст, ки вакти бо хамин рохрав гузаштан бояд кушиш кунанд, ки хамон мухрро бо пой зер накунанд 🙂
Дар кисмати дуюми руз мо ба хамон утоке ки то нимаруз бо донишчуён вохури доштем, баргаштем. Профессори дигаре ки хонуми хеле зебое хам буд, бо мо сари мавзуъхои гуногуни ВАО-и раками, шаклхои нави фаъолияти журналисти, шабакахои ичтимои ва накши онхо сухбат кард. Гуфт, ки «ман хамеша ба шогирдонам тавсия медихам, ки дар баробари журналист буданашон боз ягон ихтисоси дигар хам дошта бошанд, то рузи мабодо ба кор оядашон.» У субх хам дар вохурии мову донишчуён буд ва фахмид, ки кариб хама хамрохони мо аслан ихтисоси дигар доранд –Александр аз Бишкек –таърихшинос асту Найра аз Карабоги кухи филолог, Стелла аз Кишинев иктисодчиву Субхон аз Душанбе инженер…
Фардо, ки мо вакти бештари истирохат дорем, мушохидахои худро аз ду рузи дар Ноксвил будан менависам. Масалан, шумо шояд надонед, ки мошинхо дар Ноксвил факат як раками кайди давлати доранд…
Фардоро интизор шавед!!!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Америка, Субхи Ватан, Субхон, вазорати маориф, донишгох, донишчу, либоси мактаби, мактаби оли, тахсил, теннесси |





















Добавить комментарий