Соат 22. Мо 3 нафар ба истгоҳи қатораҳои Варшава омадем. Аҷобат дар оғози ин сафар ҳамин буд, ки зани хазинадор барои гирифтани чипта аз мо на шиноснома талаб кард ва на ҳуҷҷати дигаре. Дар билетҳои қатора низ ягон маълумот дар бораи мусофир нест – на ном навишта шудаасту на насаб. Чанд дақиқа пештар аз оғози сафар дар монитори дохили истгоҳ платформа ва ё қаторе, ки мусофирон ба он ҷо бояд раванд, пайдо мешавад. Барои касе, ки ба ин гуна тартиб одат накардааст, хеле душвор аст, боз агар ақалан забони англисиро ба ҳадди содда надонед, бароятон мушкил хоҳад буд. Қатора фақат 2-3 дақиқа меистад Мо роҳи ҳаракати қатораи худро ёфта ба вагон ворид шудем. Боз 3 духтари гурҷӣ ҳам ба купеи мо ворид шуданд. Онҳо донишҷӯ буданд. Бояд гуфт, ки таҳсил дар Полша барои мактабиён аз моҳи сентябр ва барои донишҷӯёни макотиби олӣ 1 октябр сар мешавад.
Қатора ба ҳаракат даромад. Сарҳади Полша ва Чехия ҷангалзори зиёд дорад. Мо халтаи пури маводи хӯрокаро, ки аз Варшава харида будем кушода, гӯё хӯроки шом хӯрдем. Чизи дигари барои ман ғайриоддӣ ин буд, ки ба тамоми қатора 2 кас хизмат мерасонд. Марде вориди купеи мо шуду бо мӯҳри электронии дар дасташ буда, ба чиптаҳои мо мӯҳр гузошт.
Қатора кӯҳнаву фарсуда буд, фақат 6 роҳаткурсӣ дар ҳар купе дораду халос. На вагон ресторан, на оби ҷӯшида ва на кампалу на роҳбалад! Вале Wi-Fi дошт. Дар Полша Wi-Fi қариб дар ҳама ҷо ҳатто дар автобусҳо ҳам ҳаст. Қатораи мо камераи назорати надошт. Бо навбат кам – камакакӣ хоб ҳам рафтем. Дар чанд истгоҳ 1 соату ҳатто 2 соат қатора истод.
Хулоса, баъди қариб 10 соат мо замоне, ки ҳанӯз чашми рӯз кушода мешуд, ба истгоҳи Прага расидем. Наргису Манижа сумкаҳои худро гирифтанду ман сумкаи сеюмро, ки чун пули зиёд надоштем, онҷо хӯрокаи 1 рӯзаро аз Варшава арзонтар харидаему баъд 1 шабонарӯз онро истеъмол кунем.
Прага аз тирезаҳои қатора ба назар хнлн зебо мерасад. Баъдтар ба назди нуқтаи асъоре омадем ва ман 100 злати полшагиро бо 320 крони чехӣ иваз кардам. Ду қадам аз назди баромдгоҳи истгоҳ дур нашуда будем, ки марде наздик шуд ва пешниҳоди кӯмак кард. Аз ӯ роҳро то шаҳри қадима ва кӯпруки Карл пурсидем. Ӯ нишон дод. Баъди ин пешниҳод кард, ки метавонад пулҳои моро бо крон иваз кунад. Ҳудуди 600 крон барои 100 злат пешниҳод мекард. Хондаҳоям дар Net дуруст баромада истодаанд. Прага пури қаллобу киссабуру дузду роҳзан дорад. Рад кардем. Беҳтараш 100 злотии худро бо арзиши камтар ҳам бошад, дар нуқтаҳои расмии ивазкунии асъор иваз мекунем.
Баъди ягон 100-200 қадами дигар ҷавони русе пайдо шуду боз ҳам ивазкунии пулро пешниҳод кард. Ман гуфтам, ки “донишҷӯаз куҷо доллору евро дорад”?…
Кӯчаҳои сангии Прага ҳанӯз камодам буд. Дар чеҳраи қариб ҳама ҷавонони маҳаллӣ ва муҳоҷирони корие, ки вомехурдем, ман дузду қаллобро медидам. Намедонам барои чӣ…
Бӯйи хуши кулчақанд моро ба нуқтаи пухтупаз овард. Яктогӣ кулчақанд хӯрдем. Мағозаҳои шаҳри қадимаи Прага акнун кушода мешуданд. Мо чун ҳама сокинони масъулиятшиноси аврупо бар ивази 110 крони чехӣ чиптаи умумии роҳ харидем. Барои 3 кас 330 крон, ки ҳудуди 31$ аст. Майдони асосӣ кам-кам аз одам пур мешуд. Гурӯҳҳои зиёди гид ва хизматрасонҳо бар ивази маблағ тамошои шаҳру атрофи онро бо мошин, киштӣ, автобусҳои дуошёнаи сайёҳӣ, пиёда ва бо ретро-мошин пешниҳод мекунад. Пиёда майдону купруки машҳури Карлро гаштем. Бо нақлиёти барқӣ чанд истгоҳ ҳаракат карда, дар наздикии гулгаште фаромадем. Ҷойи мувофиқ барои ғизохурӣ буд. Сумкаи занонае, ки пури маводи хӯрока дошт, боз каме сабуктар шуд.
Хостем, ки метрои Прагаро ҳам бубинем. Ба яке аз он савор шуда, то охирин истгоҳаш, ки “Кӯпруки сиёҳ” ном доштааст, рафтем. Баъди боло шудан аз тоҷхонаи метро ягон кӯпруки сиёҳро дар атроф надидем. Яке маҳҳаллои навбунёде буд он ҷо. Дар бозгашт ба автобуси 14 нишастем. Дар истгоҳе фуромадем. Ҷойи беодам ва шубҳаноке буд он ҷо. Ҳатто рӯзона касро тарс фаро мегирад. Аз мардуме, ки як рӯз пештар ба президенташ сӯиқасд карда буд, ҳама чиро интизор шудан мумкин аст…
Хулоса, ҳама нуқтаҳои тамошобоби Прагаро дидем. Роҳравҳо пури навозандаву овозхону маҳсгар буд. Ҷавонеро ҳам дидем, ки дар фазо, дар баландии 1 м. аз замин чорзону муаллоқ меистаду бо дасти росташ сутунчаеро медошт. Гӯё касе намедониста бошад, ки зери пояш дар таги қолинча оҳанрабо пинҳон асту ӯ ҳам рӯи пораи оҳанрабое муаллақ меистад.
Хулоса, ин ҷо ҳар кас ҳар чиз фикр кардаву пули сайёҳонро ҷамъ мекунад. Қисмати бештари тӯҳфачаҳое, ки рамзу сурати шаҳри қадимаи Прагаро дорад, истеҳсоли Хитой аст. Онро шояд бо чанд тин харида бошанд, вале ин чо нархи хеле гарон доранд.
Духтарон сумкаҳои худро ба китф гирифта, аз ҳар нафари шубҳанок эҳтиёт карда истодаанд.
Шаҳр арзон аст, аммо нархҳо аз Варшава гаронтаранд. Роҳи дуру дароз қатораҳои сарду кӯҳна, пиёдагардии зиёд моро хеле монда кардаст. Дар роҳ дар сехи шоколадпазӣ тарзи тайёркунии як намуд шоколадро тамошо кардем. Чизе ба ҷуз як фурузина (зажигалка) нахаридам.
Манижа гуфт, ки дар Прага дар саридораи Рдиои Озодӣ чанд тан аз дӯстонаш кор мекунанд. Вале мо ба суроғу дидори онҳо нарафтем. “Шояд дар ин рӯзи шанбе онҳо истироҳат доранд. Ташвиш додан, чӣ лозим аст?”
Дар ду суратгирак аксу навори зиёде гирифтем. Пивои чехии “Gambru nius” ҳам хуб буд.
Мо 3 соат қабл аз ҳаракати қатора ба Варшава ба истгоҳ расидем. Онҷо ҷойи нишаст барои интизорӣ ба ҳама басанда нест. Борон меборид. Духтарон пешниҳод карданд, ки бо нақлиёти ҷамъияти шаҳри Прагаро шабона тамошо кунем. Ман рад кардам. Онҳо рафтанду ним соат пеш аз ҳаракати қатора баргаштанд.
Рангу рӯяшон кандагӣ буд. Маълум шуд, ки нақлиёти барқии аввалине, ки онҳо нишастанд, берун аз шаҳр ҳаракат мекардааст. Онҳо дар истгоҳе фаромадаанд, ки дар атрофаш ягон ҷони зинда набудааст. Торикии даҳшатборе. Он ҷо сумкаатро ҳам кашида мегиранду теғат ҳам мезананд. Баъди ягон 10-15 дақиқаи интизорӣ ва халос мусофиркаши дигаре меояду онҳо савор шуда ба истгоҳ омадаанд. Пиёдароҳаи истгоҳ аз боғчае мегузарад, ки торику пурвоҳима аст. Субҳ вақте, ки аз он ҷо мегузаштем, ман роҳравҳоро пури ахлоту шишҳои холӣ ва харакҳоро лабрези масту аласт, бехонаву майзада дида будам…
Баъди чанд дақиқаи интизорӣ мо ба қатораи самти Прага – Варшава нишастем. Ҷои худро дар купее пайдо кардем. Ман дар погаҳи дар ҷо гирифтам. Хеле мондаву беҳол будам. Сумкаҳои духтаронро болои сар дар ҷойи борхалтагузорӣ мондаму роҳаткурсиро кушода бе он, ки пойафзоламро кашам, дароз кашидам. Имшаб мардум дар қатора бештар буд. Ҳанӯз ҳам ман дар чеҳраи ҳар роҳгузар хоҳ сиёҳпӯст асту хоҳ сафедпӯст, дузду кассабурро медидам. Моро ташкилкунандаҳои таҷрибаомӯзӣ ҳам пеш аз сафар ба Прага огоҳ карданд, ки аз қаллобону ғоратгарони чехӣ эҳтиёт шавем.
Баъди чанд дақиқа ман дигар ёд надорам, ки қатора чӣ гуна ҳаракат карду ман дар кадом истгоҳ чанд соат истодем. Духтарон ҳам, ки мисли ман мондаву беҳол буданд хоб рафтаанд. Як вақт хунук хӯрдаму бедор шудам. Пардаи куперо то нест шудани рӯшноии чароғи роҳрави қатора пӯшидам. Хоб ғалаба мекард…
Нисфи шаб буд, ки аз садои ғалоғула бедор шудем. Мо дар сарҳади Чехия ва Полша будем. Марди роҳбалад, ки ӯро акнун медидем, чиптаҳои моро пурсид.
Нидои Манижа моро пурра ҳушёр кард: Сумкаи ман нест, сумкаи маро дуздидаанд…
Сумкаи ӯ болои сар баъди сумкаи Ниргис ва сумкаи хӯрока меистод. Набуд сумкаи ӯ! Касе сумкаи ӯро бо 300$, 80 злоти полша, 100 сомонии тоҷикӣ, диктафон, телефон, суратгирак, ҳуҷҷати корӣ, маводи ороишӣ, чатр, корти бонкӣ, як дунё молу ашёи дигар ва муҳимтар аз ҳама бо шиносномааш дуздида буд!
Кофтукобу доду вой, ғаму гиряи Манижа ва ҳама чизи дигар акнун бе фойидаву бе натиҷа буд. Хайрият, ки билети бозггашти ӯ бо тайёра ба Душанбе дар сумкааш набуд.
Қариби саҳар марде, ки намедонам навбатдор аст ё роҳбалд ба купеи мо омаду як сумкачаи киссагии занонаро нишон дод. Он аз Манижа набуд. Баъд маълум шуд, ки баъд духтари дигареро, ҳам аз вагони дигар ғорат карда, корти бонкиашро, ки дар он 5000 евро доштааст, дуздидаанду он ҳамён ё халтачаро ким куҷои дигар партофтаанд. Он мард санад тартиб доду гуфт, ки дар Варшава онро бурда ба полис супоред.
Ходимони қатоа хеле бераҳму бепарво буданд, зерро хавотиру ташвиш набуданд, ки эҳтимол бозгашти ин зани журналист, ки акнун на пул дораду на шиноснома ба таъхир меафтаду билети тайёра ба қавле месӯзад!
Полис баъди 1,5 соати интизории тарҷумон дар истгоҳи қатораҳои Варшава санади дуздиро ба қай гирифта, дуру дароз Манижаро “пурсу пос” мекунад ва ҳатто мегӯяд, ки ин корро шояд ҳамроҳони худат, яъне Ману Наргис, карда бошем. Ба гуфти Манижа онҳо ҳам бепарвову дағал буданд…
Хулоса, ки хоби дидаи Манижа бо ҳамин ҳодиса таъбир ёфт. Шумо ҳам агар дар хоб тилло бубинед, ғаму саргардониро интизор шавед. Инро як ҳамкасби мо Фирӯза-апа аз Тошканд гуфт.
Ҳамин гуна, тамошои Прага барои мо дар аввал шавқовару дар охир даҳшатбор буд.
Агар он шаб дузд дасташро дарозтар мекарду сумкаи Наргисро ҳам мебурд, ҳоло мо, ки на пул доштему на Ҳуҷҷат дар Полша се нафар мебудем. Шиносномаи ману Наргис, дастгоҳи аккосӣ ва билети ҳарду самт барои он қатора дар сумкаи Наргис буд.
Ҳало тамошои суратҳои мо дар Прага ҳаловату роҳат надорад. Ин барои Манижа дардовартар аст. Ӯро қариб дар ҳама сурат бо ҳамон сумкаи сиёҳи чармӣ мебинам…
Дар меҳмонхона фикр кардем, ки ҳоло бояд аввал ба ташкилкунандаҳо занг занем, баъд барои кӯмак дар гирифтани ҳуҷҷати боз гашт ба Тоҷикистон ба сафири ҶТ дар Олмон нома нависем. Тоҷикистон ҳоло дар Полша сафорату консулгарӣ надорад!
Дишабу имрӯз барои гурӯҳи мо вазнин буд. Пагоҳро интизор мешавем!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Карлов мост, Прага, Ресторан, Чехия, гиря, дуздӣ, метро, пулис, сарҳад, сумка, сурат, шаб, қатора |











Добавить комментарий