Хумор ва алами як сурат

Дуруд. Дуову дуруд аз ин замонаи дури дур ба рӯҳу ба рӯйи азизоне, ки дар саргаҳи насли мову пайвандони мо меистанд. Ин ҳамон насле аст, ки ҳатто дар аксҳо ҳам натавонистааст мағруру сохта либос ба бар кунад ва сарду қолабӣ бихандад. Ҳамон насле аст, ки чеҳраашон бе кимиёгарӣ ҳам гарм буду пиронаш дарди гулӯрову шикамрову чашмро бо сиёҳии таги дегу решаи янтоқу ширинбӯяву шири поки модар табобат мекарданд…

Ин ҳамон насле аст, ки аз тарси ҳокимони бегонаи давр намозашро пинҳонӣ ҳам, ки мегузошт, ба ҳадде, ки дилаш оромиш меёфт, самимона ва холисона мехонд. Рӯйи даструхони туйиашу ҳаррӯзиашу рамазониаш сад намуд оби газдору бегаз ҳам, ки набуд, намегузошт як ҳаракату ҳарфу амал ё беамалиаш як қатра об аз обурӯяш бубарад.Ин ҳамон насле аст, ки сери сер ҳам ки набуд, ба ҳадди имрӯз партовгоҳи зиёд ва мошин-мошин пасмондаи беҳисоб ва хушку тар ҳам надошт..Ва онҳо имрӯз намебинанд, ки чи гуна насли нав — ҳам доди камдориву нодориву маоши кам мезанад ва ҳам мошинҳои наву кӯҳнаи партовкашӣ як лаҳза ором надорад…

Читать далее →

Аз баъди ту дар гирист, девор гирист…

          Имрӯз, 19 апрел, рӯзи таваллуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон шодравон – Дӯстмуроди Алӣ аст. Ман аз китоби Сафар Розиқов “Ашкборон” намунаи беҳтарини гуфтаҳои мардуми касбу кори мухталифро дар бораи шахсият, ҳунар ва истеъдоди Дӯстмуроди Алӣ ҷамъ овардам. Шумо ҳам акнун имкон доред, онро бихонед.

  • “Истеъдоди асилу фитрӣ, меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ ба ӯ имкон дод, ки бо вуҷуди умри кӯтоҳи худ, мактаби овозхонии хешро созмон диҳад ва номашро дар дили мардум абадан ҷой диҳад….” (Холзода Бобишо Нарзулло, Раиси ноҳияи Файзобод)
  • “Дӯстмурод Алӣ ғайр аз ҳофизу оҳангсоз ва омӯзгори асил буданаш дар офаридани нақшҳои драммавӣ низ маҳорати беҳамто дошт. Қариб дар ҳамаи спектаклҳое, ки дар саҳнаи театри халқии ноҳия гузошта мешуд, иҷрои нақшҳои марказиро ба устод — Дӯстмурод Алӣ месупориданд. Ӯ ҳатто нақшҳои мазҳакавиро ҳам бо як маҳорати баланд иҷро мекард. Дӯстмурод Алӣ дар спектаклҳои “Уқоби қавибол” ва “Фузайл Махсум”, ки онҳоро коргардони ҳамон давра Исматулло Мирзоев ба саҳна гузошта буд, нақшҳои марказиро иҷро кардааст….” (Сафар Розиқов, омӯзгор, оҳангсоз, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон)

Читать далее →

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Файзобод (20-уми сентябри соли 2019)

Ҳамдиёрони азиз!

Сафари навбатии мо ба ноҳияи Файзобод дар айёми таҷлили ҷашни муқаддаси миллиамон, яъне 28-умин солгарди истиқлоли давлатӣ баргузор шуда истодааст.

Бо истифода аз фурсат мардуми заҳматпешаи ин диёри зебоманзар ва ҳамаи шумо-ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия файзу баракат ва зиндагии орому осуда орзумандам.

Мо дар ҷараёни боздиди имрӯза бовар ҳосил намудем, ки сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ноҳияи Файзобод самараҳои нек ба бор овардааст. Читать далее →

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Файзобод

  Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(15 июли соли 2011)

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрўз, ки мову шумо дар доираи омодагӣ ба ифтихори бузургтарин дастоварди таърихи навини кишварамон – бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон дар ноҳияи хушбоду ҳавои Файзобод ҷамъ омадаем, ҳамаи ҳозирини арҷманд, хурду бузурги фарҳангдўсту заҳматкаш ва некному меҳмоннавози ноҳияро дар арафаи ин ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон самимона табрик мегўям. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти