Шаби 3-юми декабри соли 2002 ҳам барфи аввал борида буд…Ё ҳамон шаб ҳам мисли дишаб сард буд, ё шояд ман либоси гарм надоштам…
Вале, гуворотарин эҳсосро доштам — тавлиди нахустфарзанд, падар шудан…
Гӯё ҳафт қабат ҷомаи нақшин ба тан дорам…Мисли ин, ки дина дар остонаи 20 солагиат аз Қазоқистон хабар расид, ки нахустин филми ҳуҷҷатии таҳиякардаат (аз ҳаёти як муаллими суруд ва мусиқӣ) дар ин фестивали байналмиллалӣ ҷоиза гирифт….Муборак аст!
Алиҷон, бачаҷони эҷодкору бананги ман! Ту шоҳиди ҳама шебу фарози роҳи зиндагии падарат будӣ. Шоҳиди ҳамон ҳолати мушкилу монеаҳое, ки ҳатман сари роҳи зиндагии ту ҳам пайдо мешаванд. Онҳо ҳамеша ҳастанд, мисли мавҷудияти баъзе инсонҳои бадният, ки ту аллакай қариб ҳама нишонаи онҳоро медонӣ. Ҳаёт муборизаву талош аст ва дар ин ҷода пирӯз ҳамон каси хастагинописандаст, ки ҳадафмандона ва андешаманд гом мебардорад. Ҷойи шак нест, ки Худову Расулу азизу авлиё ҳам дастгиру мададгори ҳамин гуна кас аст…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 3 юми декабр, Алиҷон Ҷалилов, ден рождения, зодрӯз, рузи таваллуд, синамо | Leave a comment »










