Кӣ ҳисоби мардумеро медонад, ки асрори вуруд ва бурунрафтро аз дару дарвозаҳои ин сарои дудар дарк кардааст?
Кӣ медонад чанд аст шумори мардумоне, ки пушти ин ё он дар дар хумору дар суроғи чизе ғанабашон бурда?
Кӣ эҳсос мекунад, ҳолати онеро, ки кадом даре қасдан ё сирф тасодуфан ба рӯяш баста ё шояд фақат пӯшида шуда?
Кӣ шабҳо мешунавад нидову оҳу дуои касонеро, ки аз миёни ҳазорҳо тавонгар дари ҳамон ягона тавонгартаринро пайдо кардаанду пушти он ба хатҳои каҷу килеби кафи дастони шахшулу равганнадидаи худ хира шуда, тавалло доранд?
Кӣ таҷриба кард, ки навиштаҳои чандзабонаи гилемчаҳои навиштадори погаҳи чандин дар баракси интизориҳояш буд ва фақат дар бозгашт аз он сӯйи ҳамон дарҳо ҳис кард, ки хуш наомада буд…!?
Ва шояд…
— Ҳазор кас аз ноустуворӣ дар ҳадафҳо ё адами ҷуръат ҳазор дареро накушод, ки ба як дидан қуфл менамуду дар асл, мисли қалби як марде, ки симои ӯро офтоби саҳро вақти дарав сиёҳ кардааст, кушода буд…
Ва шояд…
— Ҳазор ошиқ пушти ин гуна дарҳо интизори ҷавоби муҳаббаташ бе он ки он дарро лоақал як бор бикубад, ноумед шудааст…
Ва шояд…
— Ҳазор каси як вақт мағруру махмур рафта бо андӯхтани таҷрибаи рӯзгор ва дарки саҳву гуноҳ пушти ҳамин гуна даре бо калиди кӯҳнаи як вақт доштааш, пушаймон меистад…
Ва шояд…
— Касе имрӯз пушти ин гуна дар ҳайрон асту ҳанӯз дарк накарда, ки мардумони босаодат аз он дарҳои пасту хоксорона надоштанд, ки дилашон ба чӯби беду тираку сафедори ҳавлиаш намешуд, балки хамии сару миёни онҳо вақти вуруд аз қиммату эҳтироми китобе, буд, ки онро ҳамин гуна латтапечу ҷилддор бо изи дастону ангуштони муборак аз чанд пушти пештараи худ мерос гирифтаанд ва дар болодарӣ нигоҳаш медоранд…
Ва шояд…
Ҳазор кас бо он ормоне ҳоло зиндааст, ки кадом вақте ҳатман ба погаҳи ҳамон дари кӯдакиҳову беғамиҳояш, ки сад сол пеш бо умеди бозгашт ба ҳамон остон хокистари оташдонро ба кафи пояш молида буданд, бармегардад…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: ворид шудан, ворота, дар, дарвоза, дарвозаҳои биҳишт, дарича |












Добавить комментарий