Аз он дурӣ то воқеияти имрӯз фосила баробар ба як умри инсон аст.
Фақат аз он дурӣ шебу фарози роҳҳои дониставу надониста ва тасодуфан барои рафтан интихобшуда метобад.
Фақат аз ҳамин кунҷи биниш дурустӣ ва нодурустии ҳар қадами онеро дидан имкон дорад, ки ҳанӯз дар оғози роҳ гоҳ навмеду гоҳ ба умеди касеву чизе ва гоҳо масту мағрур аст.
Фақат аз ҳамон дурӣ пештар аз дигарон ба ҳоли касеву касоне ва хасоне хандидан мумкин аст, ки гуноҳу саҳву хатои тӯли таърихи мавҷудияти одам хандахариш шудаҳоро баргашта такрор мекунанд…
Фақат аз он дурӣ дидан мумкин аст, ки инсонҳо инҷо на барои кору амали нодурусту гуноҳолудаи анҷомдода, балки аксаран барои кору тасмим ва амалҳои росту дурусту хуби анҷом надодаашон хиҷолатзада мешаванду ҳатто муҷозот.
Фақат аз он дурӣ хубтар метавон донисту дарк сохт, ки аз сад дӯсти хасакиву зуракиву рӯякӣ як лаби локӣ беҳтар буда… Ҳам гиреҳаш болои шикам сад бор хубтар аст аз варами шикамҳо, ки аз оҳу воҳ ва бечоранолиҳои лаби хони шуҳратталабонаи ҳасуду дилтанге пайдо шудааст ва ҳам он локӣ мисли панҷаи азизе ва ё дастони ба ҳам ҳалқашудаи бародари аз раҳи дур бозгаштае миёни аз зӯрии рӯзгор хамидаву шикастаро нерӯ медиҳаду мумиёӣ ва устуворӣ…
Фақат аз он дурӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар ҳоли бозиҳо ва найрангҳои фақат барои Шерлок Холмс фаҳмову шиноси сад ҷони «зинда» як таёқу асобағали беҷон беҳтар буда, ки бо буданаш дар кафи дасту пушти дар тасмиму нақшаву ҷуръати сад сагу гургу шағоли саҳроӣ ва ҳам хонагиву дастпарвар барбод меравад…
Аз он дурӣ фалсафаи ғизои ҳалолу покизаву номардии дандонҳои дирӯз ноустувору имрӯз афтодаро беҳтар мефаҳмед ва ҳам намефаҳмед, ки қаҳри дандонҳо сари чӣ буд, дар ҳоле, ки шумо онҳоро боре ҳам барои резаву орд сохтани луқмае, ки манбаашу роҳи вурудаш номуайян аст, маҷбур насохта будед…!?
Фақат дар он дурӣ кас ба хулоса мерасад, ки ҳеҷ сояе аз қошу қавоқи ба рӯйи чашмҳо хамидаш соятар нест ва ҳеҷ боме мисли тоқии аз арақи кори ҷисмонӣ қомату қиммати худро аз даст додааш, сарашро беминнат соя накардааст…
Рафтан ва расидан ба он дурӣ танҳо тариқи як роҳ нест… Роҳҳои лабрези роҳакиҳову сафаракиҳо, ки ба истгоҳи пирӣ ва истгоҳи охирин мебаранд, зиёданд, мисли роҳҳои нарасидан ба он истгоҳу ба он дурӣ…

Кори рассом П. Гулов аз Осорхонаи Душанбе (маҷмааи меъмории рамзи Истиқлол)
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Далер Меҳтоҷов, Пайрав Гулов, колеҷи рассомӣ, мусаввара, мӯйсафед, осорхона, посбон, рангҳо, рассомон, художник, худфонд |











Добавить комментарий