Ҳудуди се моҳ — аз ҳамон рӯзи бо хоҳиши худ рафтанам аз кори қаблӣ, ки бар ивази як дунё таҷриба ва шинохти бештар аз одамон бист соли ҷавониамро рабуд, аз ҳама таку давҳои заруру нозарур канортар ва меҳрубонтар ба ҷисму ҷони худам, билохира наздиктар бо фарзандон ҳастам. Бехобиҳои бистсола ҳам ҷуброн шуданд
…
Рост аст, ки ҳар чизе бо шумо рух медиҳад, ба он ҳад мояи нигаронӣ ва ташвиш нест, ки шояд худатон ҳам дар аввал ҳамон гуна фикр мекунед. Дар ҳар шебу фарози умр ва ҳолату мавқеъ ҳатман дари имкониятҳои дигар ба рӯйи инсонҳо кушода мешавад, шароити беҳтар барои кору машғулияти ба дил наздик фароҳам меояд..
Ману Марҳабо дар фосилаи ин имконият сад ҷойи дар ин шаҳр дидаву нодидаамонро дидем ва дар хотираи худамон роҳу нишонии чанд ҷой ва макони дигару диданиеро сабт кардаем. Осорхонаи адабиву ёдгории Мирзо Турсунзода — Қаҳрамони Тоҷикистон, маконе буд, ки мо чанд рӯз пештар онҷоро тамошо кардем.
Ҳама ашё ва нигораҳо ҷолибу азизу диданӣ ва ҳама хотирот (аз тарҳу лоиҳаи хонаву ҳавлӣ то Волгаи Устод) шуниданиву шавқовару омӯзанда буданд… Суратҳо аз ин осорхона
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Бист сол, Марҳабо, Мирзо Турсунзода, Субҳон Ҷалилов, осорхонаи Турсунзода, радио, тамошо, Қаратоғ | Leave a comment »











