Ошён гар мегузорӣ…

Ҳудуди се моҳ — аз ҳамон рӯзи бо хоҳиши худ рафтанам аз кори қаблӣ, ки бар ивази як дунё таҷриба ва шинохти бештар аз одамон бист соли ҷавониамро рабуд, аз ҳама таку давҳои заруру нозарур канортар ва меҳрубонтар ба ҷисму ҷони худам, билохира наздиктар бо фарзандон ҳастам. Бехобиҳои бистсола ҳам ҷуброн шуданд 🙂 …

Рост аст, ки ҳар чизе бо шумо рух медиҳад, ба он ҳад мояи нигаронӣ ва ташвиш нест, ки шояд худатон ҳам дар аввал ҳамон гуна фикр мекунед. Дар ҳар шебу фарози умр ва ҳолату мавқеъ ҳатман дари имкониятҳои дигар ба рӯйи инсонҳо кушода мешавад, шароити беҳтар барои кору машғулияти ба дил наздик фароҳам меояд..

Ману Марҳабо дар фосилаи ин имконият сад ҷойи дар ин шаҳр дидаву нодидаамонро дидем ва дар хотираи худамон роҳу нишонии чанд ҷой ва макони дигару диданиеро сабт кардаем. Осорхонаи адабиву ёдгории Мирзо Турсунзода — Қаҳрамони Тоҷикистон, маконе буд, ки мо чанд рӯз пештар онҷоро тамошо кардем.

Ҳама ашё ва нигораҳо ҷолибу азизу диданӣ ва ҳама хотирот (аз тарҳу лоиҳаи хонаву ҳавлӣ то Волгаи Устод) шуниданиву шавқовару омӯзанда буданд… Суратҳо аз ин осорхона

Аммо дар ҷавоб ба суоле, ки баъди ҷумлаи аввал дар зеҳнатон пайдо шуд, навиду пайку пайғоми хуш аз кору тарҳу коргоҳи наве дорем, ки онро баъдтар ва дар ҷойи худаш хоҳам гуфт 🙂


Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти