Асрори як дили кӯчак ва як дили бузург…

Ман намунаҳои мухталифи муҳаббату дустдориву вобастагиву … ғайраву ҳоказоро дидааму медонам. Дар инсонҳо қатори ақлу фаҳму илму идрок — раҳму шафқат ва дилсӯзиро дӯст дорам. Ман ҳамеша ба ин назар будам, ки инсонҳо новобаста ба он, ки чӣ кору бору машғулияту вазифа доранд, дар баробари хаёлбофӣ ва фантазияи ғайриқолабӣ, ҳатман бояд раҳму меҳрубонӣ дошта бошанд. Албатта бе ин неъматҳо ҳам зистан мумкин аст (садҳо мисолу намунаашро шумо медонед!), вале агар аз онҳо бархурдоред, пас шояд аз инсонҳои баргузидаву назаркардаед…

Духтарам Марҳаборо, ки дар синфи чорум таҳсил мекунад, ман ҳар субҳ ба гимназия мебарам. Соати 14:20 ӯро баъди анҷоми дарсҳои асосӣ гирифта, ба Мактаби амрикоӣ — ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ мебарам. Аз соати 15 то 16:20 ӯ онҷо дарс мехонад. Баъзан дар фосилаи қариб якуним соат ба хона меоям, кадом корҳои худро анҷом додаву вақти рухсати онҳо барои оварданаш меравам. Баъзан пушти дари онҳо ё дохили мошин интизор мемонам…

Имрӯз якбора бо гиряву бо оби дида аз курси забономӯзӣ берун омаданаш ҳайронам кард… «Муаллимаамон ба хориҷа меравад….» гуфт. Ғайриинтизор ман шоҳиди намунаи олии муҳаббату дӯстдорӣ миёни шогирду муаллима мешавам. Гиря гулӯгирам мекунад. Офарин, муаллима Азима, хоҳараки донишманду ҳунарманд, ки тавонистаи дили шогирдро ба даст орӣ, тавонистаи коре кунӣ, ки Марҳабо шуморо на фақат чун як омӯзгор, балки чун ҳамшираву ҳатто баробари модари худ дӯст дорад…

Читать далее →

Ошён гар мегузорӣ…

Ҳудуди се моҳ — аз ҳамон рӯзи бо хоҳиши худ рафтанам аз кори қаблӣ, ки бар ивази як дунё таҷриба ва шинохти бештар аз одамон бист соли ҷавониамро рабуд, аз ҳама таку давҳои заруру нозарур канортар ва меҳрубонтар ба ҷисму ҷони худам, билохира наздиктар бо фарзандон ҳастам. Бехобиҳои бистсола ҳам ҷуброн шуданд 🙂 …

Рост аст, ки ҳар чизе бо шумо рух медиҳад, ба он ҳад мояи нигаронӣ ва ташвиш нест, ки шояд худатон ҳам дар аввал ҳамон гуна фикр мекунед. Дар ҳар шебу фарози умр ва ҳолату мавқеъ ҳатман дари имкониятҳои дигар ба рӯйи инсонҳо кушода мешавад, шароити беҳтар барои кору машғулияти ба дил наздик фароҳам меояд..

Ману Марҳабо дар фосилаи ин имконият сад ҷойи дар ин шаҳр дидаву нодидаамонро дидем ва дар хотираи худамон роҳу нишонии чанд ҷой ва макони дигару диданиеро сабт кардаем. Осорхонаи адабиву ёдгории Мирзо Турсунзода — Қаҳрамони Тоҷикистон, маконе буд, ки мо чанд рӯз пештар онҷоро тамошо кардем.

Ҳама ашё ва нигораҳо ҷолибу азизу диданӣ ва ҳама хотирот (аз тарҳу лоиҳаи хонаву ҳавлӣ то Волгаи Устод) шуниданиву шавқовару омӯзанда буданд… Суратҳо аз ин осорхона

Читать далее →

«Зи беҳтарҳо ту беҳтар шав…»

Марҳабо — духтари ноздонаи ман ба карибӣ 8 сола мешавад. Дар сафарҳо ба деҳа, ба аёдати падар ва наздиконам ӯ қариб, ки ҳамеша маро ҳамроҳӣ мекунад. Мо аввал ба зиёрати оромгоҳи бибии ӯ — модари ман меравем. Духтари хеле боҳушу донову боақл аст. Дар 50 км то Файзобод аз сад самту соҳа саду панҷоҳ савол медиҳад. Ҳис мекунам, ки қиссаҳои воқеӣ, динӣ, ҳикоёти шавқовару латифаҳои хандаоварро дӯст медорад. Шабҳо то ба хона наоям, хоб намеравад, кӯшиш мекунам, ки ҳама дархосту талабу хоҳишашро иҷро кунам…Ва ҳам намешавад, ки НЕ гуфт…Ӯ дигар аст ва ӯ маро ҳам дигар кард…Комилан дигар! То имруз чанд матн барояш навиштаву оҳанг сохтаву сурудам. Шуниданашонро ӯ ҳам дӯст медораду ман ҳам…Писаронам чӣ фикр мекунанд дар ин бора, намедонам ва ҳам онҳо ҳоло нагуфтаанд, ки чаро барои онҳо чизе нанавиштааму насурудаам?! Вале мушаххас аст, ки онҳо дарк мекунанд, ки МОДАР, ЗАН, ДУХТАР ва ХОҲАР -ро чаро ва чӣ гуна бояд дӯст дошт, эҳтиром кард, рӯйи даст бардошт, азизу муътабар дошт…

https://youtu.be/CFxe9VKifII





Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти