Шаб. Роҳ. Чароғ. Намедонам кадомин шаб ва аз охир чандумин шаб, мисли он, ки номаълум аст кадом роҳ ва чароғи кӣ?
Ва мешинӣ то нафас рост кунӣ рӯйи хараке, ки то ту ҳазор кас барои ин кор ва барои ин ният фурсат наёфт…
Ва дар андешаи сабзаҳо хоҳӣ буд, ки бе ту ҳам сад кафи по дусад нақше ба рӯяшон гузошта…
Кӯки сару гардани ба замин дӯхтаро кандаву ҳамон суйе менигарӣ, ки аз он ҷо сели рӯшанӣ пеши поят мерехт. Шишачароғҳо яке рушану дигар торик, яке гарму дигар сард, яке бедору дигар хоб..Айнан мисли зану марде, ки яке аз дигаре каҳр кардаву он дигарро ғурури ноҷову нолозиме намегузорад як қадам сӯйи шикасти сукут гузорад…
Ва ин кадомин роҳ аст чунин холӣ ва сокит? Ҳоло, ки ҳатто роҳҳои хатову сарбаста пур-пури инсоне аст, ки қиссаҳои хаёливу воқеъии сафаракиҳои ҳамин гуна роҳу пайраҳаҳоро аз тифлӣ то имрӯз мехонду анҷомашро ҳам медонад…Барои нақли онҳо пеши устодаш ҳатто баҳои панҷ ҳам мегирифт…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Маҷнунбед, Роҳ, Субҳон Ҷалилов, Чароғ, Шаб, бед, боғ, гӯристон, дарахт, хоб | Leave a comment »











