Оҳу дареғ, ки ҳар қадар аз истгоҳи ҷавониву камолот дуртар меравӣ, фосила аз он айём то ту бештар мешавад…Ҳамин авқот ҳис мекунӣ — таҷрибае, ки дар миёни ин фосила меандузӣ, барои бозгаштат ба ҳамон ҳолату замон, ки хумораш дилу ҷонатро месӯзаду хокистар мекунад, комилан дархӯр нест. Ва шояд ин ягона ҳолатест, ки таҷрибаи рӯзгор наметавонад барои бозгаштат ба айёми беғамиҳои ту мусоидат кунад.
Кӣ аст, ки намехост фақат як бор баргардад ба замони ҷойхобҳои қатори кӯдакӣ, замони шириниҳои арзон ва муносибатҳои қиммат, айёми ҳавлиҳои бе девор ва дарвозаҳои бе қуфл, замони шодиҳои беҳисоб ҳатто аз либосҳои кӯҳна, вале тозаву шинам, ки акнун аз мо шуду чанд дақиқа пештар аз бародар ё хоҳари бузургамон буд…!?
Гардишҳо дар айёму дар рӯзгор касро он қадар аз пайвандон ва махсусан фарзандони падар дар фосила ва дурӣ мегузорад, ки ҳатто аз қанди печаки ҳамон давр ба онҳо надода ва гирифтани тӯби резиният аз миёни бозиву парешон кардани ҷамъе, ки акнун сад сол баъд ҳам ҳамон гуна ҷамъ шуда наметавонанд, як ҳолати ҳиҷолатомезе туро фаро мегирад….
Ман агар як бор мисли он, ки имрӯз як гумонбару як ҷабрдидаро рӯ ба рӯву чашм ба чашми ҳам меоранд, бо худам аз замони кӯдакиҳо во бихӯрам, ҳамон гуна, ки имрӯз ҳар модар ва падар ба фарзанди муҳоҷираш нарафтанро ба сангарҳои ҷанги Украин таъкид дорад, таъкиду таҳдиду хоҳиш мекардам, ки зинҳор мисли кудакони дигар шеъри машҳури «Эҳ, кай калон мешавам…»- ро нахонад…Инҷо оромиш нест, инҷо вафо нест, инҷо самимият нест, инҷо ….қариб ҳиччӣ нест….Медонед, ки мо барои бозгашт чипта намеёбем!??? Балки онро бо пул ва ҳатто пора ҳам намефурӯшанд…
Киро медонӣ, ки дар асри нав (ки мардумонаш то зодгоҳи худ ҳам ҳамсафар мекобанду дар газета эълон чоп мекунанд), барои бозгашт ба он замон ҳамсафар ё лоақал ҳамфикр суроғ дошта бошад? Ба ӯ бигӯ, ки чанд ҳарфи инҷонибро ҳам амонат ва (тибқи анъанаи капиталистиву бераҳмонаи мардуми ин замон) — бо мукофотпулӣ ба ҳамон айём бубарад. Ва ҳам бигӯяд, ки акнун худам мехоҳам ҳар саҳар бе гиря ва бо майли тамом ба боғча биравам. Мураббия ҳам дигар барои хобидани ман афсонаҳои бардурӯғ фикр накунад…Дар идомаи роҳ аз он боғча акнун ин қадар хаставу бемадорам, ки мехоҳам дар рахти хоби кунҷи девори кӯдакиҳоям бо ихтиёри худ ва бардавом бихобам, то он вақте ки ҳам волидонам як дами беғам бизананд, ҳам худам аз хоб сер шавам ва ҳам калон нашавам…
Ва ҳам ба модарам, ки ё сари танӯр аст, ё лаби об, ё дар саҳро, ё дар заминҳои даравшудаву лошшуда (барои ҷамъу гири хӯшаҳои гумшудаи гандум) ва ё сари гаҳвораи ман … аз мани дар ин дуриҳо саргардон дуруд бирасонад ва бигӯяд, ки ӯ ва кӯдакиҳоямро чени панҷ сола раҳ бо пойҳои обила ва бо чашми хунбору дили афгор ёд кардаам … (((((

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: айёми беғамӣ, бозгашт, кӯдакӣ, модар, оча, хумор |











Добавить комментарий