Асрори як дили кӯчак ва як дили бузург…

Ман намунаҳои мухталифи муҳаббату дустдориву вобастагиву … ғайраву ҳоказоро дидааму медонам. Дар инсонҳо қатори ақлу фаҳму илму идрок — раҳму шафқат ва дилсӯзиро дӯст дорам. Ман ҳамеша ба ин назар будам, ки инсонҳо новобаста ба он, ки чӣ кору бору машғулияту вазифа доранд, дар баробари хаёлбофӣ ва фантазияи ғайриқолабӣ, ҳатман бояд раҳму меҳрубонӣ дошта бошанд. Албатта бе ин неъматҳо ҳам зистан мумкин аст (садҳо мисолу намунаашро шумо медонед!), вале агар аз онҳо бархурдоред, пас шояд аз инсонҳои баргузидаву назаркардаед…

Духтарам Марҳаборо, ки дар синфи чорум таҳсил мекунад, ман ҳар субҳ ба гимназия мебарам. Соати 14:20 ӯро баъди анҷоми дарсҳои асосӣ гирифта, ба Мактаби амрикоӣ — ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ мебарам. Аз соати 15 то 16:20 ӯ онҷо дарс мехонад. Баъзан дар фосилаи қариб якуним соат ба хона меоям, кадом корҳои худро анҷом додаву вақти рухсати онҳо барои оварданаш меравам. Баъзан пушти дари онҳо ё дохили мошин интизор мемонам…

Имрӯз якбора бо гиряву бо оби дида аз курси забономӯзӣ берун омаданаш ҳайронам кард… «Муаллимаамон ба хориҷа меравад….» гуфт. Ғайриинтизор ман шоҳиди намунаи олии муҳаббату дӯстдорӣ миёни шогирду муаллима мешавам. Гиря гулӯгирам мекунад. Офарин, муаллима Азима, хоҳараки донишманду ҳунарманд, ки тавонистаи дили шогирдро ба даст орӣ, тавонистаи коре кунӣ, ки Марҳабо шуморо на фақат чун як омӯзгор, балки чун ҳамшираву ҳатто баробари модари худ дӯст дорад…

Баъди як истгоҳ ҳаракат бо мошин мебинам, ки Марҳабо наметавонад ором шавад. Оби дида руяшро мешӯяд, тасалливу мисолу шарҳи ман ҳеҷ ба дардаш намехӯрад… Ҳис мекунам, ки мехоҳад баргардад ва боз муаллимаи худро бубинад. Аз роҳи мағозаи ширинифурушӣ меоем ба маркази омӯзишӣ. Духтарам наметавонад ашкҳои пурсӯзи худро пеши муаллимааш нигоҳ дорад. Ҳам аламовар, ҳам шодиовар…Ба ҳар сурат ҳис мекунам, ки барои муаллима ҳамин гуна буд. Ӯ барояш нишонии худро аз як саҳифаи иҷтимоӣ дод ва ваъда кард, ки бо шогирдаш ҳатман дар тамос хоҳад буд….

Оғӯшу таскини муаллимааш хаёлам Марҳаборо каме ором кард ва мо омадем ба хона. Модарашро ҳам ин гуна дилбастагии духтараш ба як духтари ҷавони муаллима гумонам, ки ҳайрон кард. Марҳаборо гузоштаму рафтам пушти кору бори худам. Дилам ором намегирифт, зеро ҳис мекардам, ки дили дар ин шаш-ҳафт моҳи забономӯзӣ одаткардаи духтарам оромӣ надорад. Як вақт гуфтанд, ки хобаш бурдааст….

Шом буд, ки СМС навишт, «Дада, шумо кай меоед, ман зиқ шудам…» Қиссаи ҳамин рӯзро ба дӯстонам нақл кардам. Нишаст пароканда шуд ва ман ба Марҳабо ваъда кардам, ки ҳоло меоям ва ягонҷои шаҳр сайр ва ҳавохӯрӣ мебароем…

Вақте бо ӯ дар як хиёбони шаҳр пиёда шудем, соат 23 буд. Саволҳояш ҳамагӣ гирди ҳамон эҳсоси гуворову ногуворе, ки дар дил дошт, чарх мезад. Масалан, пурсид, ки аз инҷо то Ҷопон чанд соата роҳ аст, чӣ хел рафтан мумкин аст…? Барои таскини дилаш ҳатто гуфтам, ки «духтарҷон, Ҷопон давлатест, ки онҷо ҳама чиз хеле қиммат аст ва муаллимаи ту дуру дароз онҷо буда наметавонад… ҳатман чанд ҳафта пас бармегардад ва боз ба шумо дарс хоҳад дод…»

Ҳис кардам, ки қадамзаниҳои мо дили шаб дар хиёбонҳои пур аз ҳавову нафаси тозаву аз одамон қариб холии шаҳр як каме ин ғаму буғзро аз дили ҳам кучаку ҳам хеле бузурги Марҳабо берун кард. (Якҷо кадрҳои суратбоб кофтаву дар телефон чанд акс ҳам гирифтем) Ба як-ду ҷое, ки хуш дошт, даромадем.

Дар тамоми ин фосила ва ҳамин масир фақат дар бораи он гуфтамаш, ки чӣ гуна таҳаммули тағирот барои инсон аз як сӯ душвор асту аз сӯйи дигар муҳим. Боз саду як чизи дигарро ҳам барои тасаллояш гуфтам. Масалан, чанд карат гуфтам, ки ту дар қатори ҳама неъматҳои додаи Офаридгор, бузургтарин неъмати худовандӣ — МЕҲР ва МУҲАББАТ -ро доштаӣ…. Раҳм дорӣ, дилсӯзӣ ва ғамхорӣ дорӣ, пас инсофу виҷдон ҳам дорӣ… Чизҳову эҳсосу неъматҳое, ки хаёлам сол то сол камчину ноёб мешаванд….

Ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, соат қариб 3-и шаб асту Марҳабо дар хоби ноз. Шояд муаллимаи забони англисӣ — хонум Азимаро хоб мебинад. Аммо маро хоб намеояд. Шодам аз муҳаббату самимияташ ва на он қадар шод аз он, ки магар душвор нест, дар идомаи зиндагӣ барои чун вай як духтару як зани бораҳм, дилсӯз, ғамхор ва меҳрубон — будан ва зистан масалан, миёни онҳое, ки нисбат ба келин, ба духтар ва ба хоҳари касе дар замонаи сериву пурӣ ва фаровонии нон бераҳманду беинсоф…!?

Ҳалол бод, нони МУАЛЛИМ ба онҳое, ки мисли хонум Азима аввал инсон тарбия мекунанд ва баъд тарҷумону забондону ҳар ихтисосманди дигарро. Сипос, ба ҳамин гуна омӯзгорон, ки намегузоранд бадиву бераҳмӣ дар рӯйи замин аз ин бештар доман паҳн кунад.

Роҳат сафеду умрат дароз, муаллимаи азиз. Дар мазраи дили мардумони дунё тухми муҳаббат ва самимияти тоҷикона бикор ва саломат баргард, ки мо имрӯз беш аз ҳарвақта ба омӯзгорони фидоӣ ва соҳибони дилҳои бузургу дарёйӣ ниёз дорем…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти