Нахустин дидораш бо вай баъди ба худ омадан аз пушти панҷараи хонаи иҷорааш буд. Аввал фикр кард, ки ситорае канда шудаву дар шохи дарахти булути пушти бино дармондааст. Баъди он, ки аз воқеъият дур будани тахминашро дарк кард, ба дил гузаронд, ки шояд чашми чароғи канори роҳ аст, ки рост ба ҳуҷраи хоби ӯ нигоҳ мекунад. Ва ҳатто тахмини сеюму чорумаш ҳам, ки бӯйи доруву даво ва ҳуҷраи беморхона мекард, росту дуруст набуд. Ба чашми ин марди танҳо, ки ба чашми кӯдакони ҳамсоя ва волидони онҳо бештар аз як девона набуд, ҳар чиз метофт. «Ошиқи маҳтоб» дар ишқу вафодорӣ на дар ин гузар ва на дар тамоми қиссаҳои ошиқона монанду ҳамто надошт…
Авҷи девонагиҳои рӯзонаашро аввалҳо на духтури шиносаш мефаҳмид ва на муллои маҳал. Ва ӯ ҳам на ақли иншо кардан дошт ва на забони байён. Тахмин кардан мумкин буд, ки чизеро пайваста суроғ мекунад ва ё касеро меҷӯяд. Дар осмон пайдо шудани тайёраро он қадар хуш надошт, ки ҳатто дастонашро ба гӯшаш сарпӯш сохта чашмонашро сахт мепӯшид ва рӯйи замин нишаста, гӯё интизори кадом ҳодисаи ногувор мешуд. Ва шодӣ мекард аз он ки ҳам тайёра дур мерафт ва ҳам чизе аз осмон намеафтид…
Дигаронро аввалтар аз ҳама ин суол нигарон мекард, ки чаро ӯ аз шаб ва торикӣ сари тарс надорад? Ба шабе, ки дигарон аз сиёҳиаш ваҳм доштанд ва садои чир-чиракаш дар дил оҳанги тарсро ҷо мекард, ӯ ин гуна роҳат буд, ки мегуфтӣ сад сол аст дар ин гузарҳо миршаб асту ҳама дузду раҳзани инҷойӣ аз ҳайбаташ гурезон. Либоспӯшиаш ҳамаро ҳайрон мекард — шиму костюми тоза, галстук, туфлиҳои рангзада, куртаи сап-сафед… Ӯ мегуфт, ки мардум девонаанд, вагарна чӣ ҷой ханда дорад, агар шаб либоси расмиву тоза бипушӣ ва атри қиммат ба бадан бипошӣ ва ойинаву доирачаатро бигирӣ ва кӯча бароӣ??? Хандаҳои ин мардуми бекорро, ки ҳатто шаб ҳам хоб набуданду ӯро назора мекарданд, тамоман намефаҳмид…
Фақат аз миёни ҳамон дарахтони пушти бино манзараи диданиву ҷолиби рӯйи маҳтоб бо тамоми хушруйиаш пеши рӯйи ин ошиқи маҳтоб кушода мегашт. Ва гоҳ- гоҳ мардуми бехоби ошёнаҳои болоиро, ки шоҳиди муноқишаи ӯ бо абрҳо мешуданд, даҳшат фаро мегирифт. Тасаввур нокарданӣ буд, ки як пораабр тавонад ба як душмани ашадии одам табдил ёбад, одамро ба ин ҳад ба ғазаб биёрад, ба дашному ҳақорат маҷбур созад…Сангу чӯби ба сӯйи абрҳо партофташударо, ки баъзан раҳгузарони роҳҳои миёнабури байни хонаҳову биноҳоро захмӣ ҳам мекард, саҳар ҳамсояҳо аз рӯйи роҳҳову ҳотаи худ ҷамъ мекарданд. Ва мисли бархурд бо шахсе, ки аз пуштибонии каси гаронтаъсиру мансабдоре бархурдор аст, касе ҷуръати муроҷиати мустақил ба ӯро надошт…
Шабҳои боронӣ ба қатори борон ва қатори марду зане, ки борон аз сақфи вагони хобаш гузаштаву рӯйи курпаи арӯсии рӯйи тифлони масти хобашро тар мекунад, гиря мекард. Гиряи Маҷнун шояд ба ин ҳад аламовар набуд. Сангу чӯби халтаи дайдугиашу ҳотаи пеши хона, ки ягонтоаш ҳатто ба пойи абрҳо ҳам намерасид, дар як нафас тамом мешуданд. Садояшу фиғонаш, ки гӯши мардуми биноҳои ҳамсояро ҳам кар мекард, ба гӯши кари абру борон ҳеҷ вақт намерасид. Ё мерасид…Ӯ ҳар вақте ки нозири шиноси минтақаро бо ҳамон фонарики дасташ рӯ ба рӯ медид, фикр мекард, ки абр дар наздикии хонаи онҳо фақат ҳамин як хешу табори пуштигире дорад. Қанду шириние, ки он лейтенанти хурд меовард ё дар утоқи хурдакакаш бо як пиёла чойи гарм пешаш мегузошт, фақат баъзан вақт ширин буд. Баъзе вақт тамоман мазза надошт, мисли кору бори ин ягона ошиқи зори маҳтоб …
Як силсила ҳайрониҳои суолбарангез донандаҳои ин қисса ва ҳатто иштирокдорони ғайриихтиёри онро ҳайратзада мекард:
— соҳиби он якхонагиро пулҳои моҳона ва сари вақт ба корташ воридшуда;
— ҳамсояҳо ва дигаронро тақдири ояндаи зеботарин духтари ҳамсояашон;
— хомӯшиҳои рӯзонаву шабгардӣ ва бедорхобиҳои ин мард бо либосҳои зебо;
-гиряҳои шабони борониву қаҳру ҷанг бо абрҳо…
Ҳоло ҳама ба ин саволҳо ҷавоб пайдо накарда буданд, ки як маҳтобшаб тӯй шуд. Як тӯйи калон бо ширкати як кас, ки ҳам шаҳ буду ҳам баранда ва ҳам дар туйяш мехонду мерақсид. Ин гузар бо ин тарз туйеро, ки шаҳ дар замин буду арӯс дар само, ёд надошт…
Ва чанд рӯз аст, ки субҳу шом ва шаби ин гузар сокиту ором аст. На моҳи шаб, чун холи лаби осмон метобад ва на он иҷоранишини шубҳаовар дигар шабҳоро зери нури маҳтоб бо либосҳои шик ва гуфтугузори ошиқонааш то саҳар мебарад. Ҳамсояҳо бошанд гумон мекунанд, он ошиқи маҳтоб, ки баъди маҷбуран шавҳар кардани зеботарин духтари гузар — Маҳтоб девонаву аз ақл бегона шуда буд, баъди туйяш дар он шаби маҳтобӣ акнун ё моҳи асал рафтааст ё дунёи асал…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Моҳтоб, абр, бино, девона, маҳтоб, моҳи асал, ошиқ, туй, шаб, шабона |










Добавить комментарий