Дар канори худ (ҳикоя)

Ба ёд оварда наметавонад, ки аз кай будани он чиро дар канораш эҳсос кард, вале медонист, ки ҳисси тарс ва ваҳм, ки як сабабаш бегонагии онҳо аст, тахминан аз ҳамон вақт ӯро фаро гирифтааст. Он ҳис ҳамон вақте ки он чиро мушоҳида мекард, зиёдтару бештар мешуд. Намедонист, ки чӣ аст он, вале тахмин мекард он чизе нимаву нокомилу нопурраву шикаставу буридаву ду булак аст…

Он чиз гӯё зеҳну ҳуш дошт, ки баробари ӯ ҳама чиро такрор мекард. Як сабаб ва баҳонаи тарси бештараш низ ҳамин чиз буд. Дигарон аз чизҳое метарсанд, ки аз фармон ва иродаву идораи онҳо берун аст, аммо он чиз, ки мояи нигаронии ӯ аст, мисле ки ҳоло аз иродаву фармони ӯ берун нест. Тахминан мисли ду кӯдаки синфи ибтидоӣ, ки бо такрори ҳарфу амалу ҳаракат гӯё ҳамдигарро мазоҳ мекунанд. Намедонист, ки он чӣ фосила аз ӯ дур аст ва ҳам намефаҳмид, ки то кадом андоза ҳамон чиз ба ӯ наздик аст!? Ҳамин сардаргумӣ ва номуайянӣ дар қабули қарори ниҳоӣ ва хулосаи охир барояш монеъа эҷод мекард…

Шабҳо то дер фақат дар андешаи халосӣ аз он чиз буд. Инак саду як роҳу стратегияи шаби дароз фикр карда дорад, ки ҳанӯз дар бомдод ё ботил мешуданд ва ё натиҷаи дилхоҳ намеоварданд. Ҳатто тахмин карда буд, ки касе ҳамин тарҳу нақшаҳои ӯро ба вай мерасонад, хабар мекашад, ирсол мекунад. Наход ҳамсараш? Ё писараш аст, ки вақтҳои охир аз китобу дафтар дуру ҷӯрабозу фориғбол гаштааст? Пас, кӣ? Наход ӯ, ки сад сиру асрори дигаронро аз дигарон пинҳон медошт, натавонад нақшаи пинҳониашро пиёда созад? Натавонад бар чизе ғолиб ояд, ки фақат мавҷудияташ ҳис мешаваду халос…

Аз рӯзе, ки будани он чиро эҳсос кардааст, дигар наметавонад, ҷое бе ӯ равад, наметавонад кӯчактарин чизеро аз вай пинҳон кунад, наметавонад дар бораи ӯ фикр накунад…То хонааш он чиз ба ҳар роҳ метавонист ворид шавад, аммо то андешаву мағзаш чӣ гуна роҳ пайдо кардани он чизро тасаввур намекард. Баъзан хеле зӯр мезад ва мехост ҳамин ҳолати худрову ҳама амалу ҳаракати он чиро тасвиру тафсир кунад. Фақат тахмин мекард, ки ҳамраҳии онҳо як андоза монанд аст ба ҳаракати якҷояи ду кас дар курсиҳои пеши мошин ва ё соддатар аз ин — ба ошхӯрии рӯ ба рӯйи ду марди деҳқон аз як табақи чӯбин, ки баробар нишаставу баъди як дуо баробар бармехезанд.. Фикру хулосае ҷиддитар аз ин ба зеҳнаш намеомад, фикру хулосае, ки бовар кунад, ки аз назари ҳамон чиз пинҳон мондаву дур мондааст…

Чанд бор аст ба хулоса меояд, ки ҳамон чиз, ки ӯ рӯяшро бесояву рушану пурра намедид, бо кадом тарзе даст рӯйи набзи ӯ дорад. Вагарна чӣ тавр мумкин аст, ҳоло аз рахти хоб боло нашуда, он чиз ҳолати рӯҳии нохуби ӯро баъди як хоби даҳшатбори шабона дарк кунад? На фақат дарк кунад, балки дар нороҳатиҳояш нороҳат бошад ва дар шодиаш шодӣ кунад? Баъзан ба ҳама камиву ҷурму гуноҳи худ иқрор мешавад, ки як вақт дорухати асабшиносро гум карду ҳамон дору ва сузандоруҳоро қабул накард ва шояд имрӯз аввалин нишонаҳои кадом бемории ҷиддии асабро ҳис мекунад. Ҳамон вақт хурсанд ҳам шуда буд, ки чени пули он дорувор маблағи ӯ лоақал барои чизи муҳимтаре дар оилаи онҳо — барои орд сарф мешавад. Ба ҳар сурат ба андешаи ӯ ва аксар дӯстону ҳамкоронаш ҳоло тамомшавии асабҳо аз тамомшавии орд дида фоҷиабортар нест…

Чаро ӯ то ин лаҳза нафаҳмид ва ба ёдаш наовард, ки гунаҳкори асосӣ кӣ аст? Бале, ҳамон зани сиёҳи холдори тубра ба китфи лӯлитабор, ки аз рӯйи тахмини ӯ шаб дар ҳавлиҳои кушодаи мардум таги дарахт лӯхтаку риштаву сӯзану пораи собун пинҳон мекарду саҳар бар ивази як дарза пули соҳибхона ҷойи онро нишон медод ва дар як мижжа задан шуҳраи деҳ мешуд. Ин чизе, ки ӯро ба қавле ғам медиҳаду канорашро тарк намекунад, шояд аз селаи деву ҷинҳои ёфтаи ҳамон ҷӯгизанаки пир қафомонда ё зинда монда аст!? Боз кай он ҷӯгӣ меояд? Ва умуман, меояд? Ва оё ӯ дар шинохти ҳамон зани ҷӯгӣ, ки даромадаш дар заминаи камсаводии занҳои мо аст, хато намекунад? Пас, кӣ асту чӣ аст он, ки мисли тифли пушти модар дум ба думаш мегардад? Кӣ асту чӣ аст, ки ин қадар ҳаросро эҷод кардаву шубҳаро?

Ӯ ҳамеша вақти вурудаш ба ошхона чашм аз қуттии кордҳо мегурезонд. Ин корро дурусттараш баъди он мекард, ки дар зеҳнаш куштану пора кардани он чиз, ки на худро мешиносонад ва на андешаи душман будану хавфнок буданашро дар зеҳни ӯ устувортар мекунад, зуҳур кард. Ин фикр то даме, ки хабари кордкашии мактаббачаҳои кадом муассисаи таълимиро нашунид, дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд… Вале таббу тоби имрӯзааш ба он ҳодиса иртибот надорад. Шаб, ки бо фарорасии он ҳамон эҳсоси тарс дар дили ӯ бештар мешуд, акнун ҳарораташро ҳам баландтар карда буд. Устухону пайвандҳояш мисле, ки кӯфта шуда бошанд, дард мекарданд. Садояш, мисли овози навраси пулчинаки истгоҳи таксиҳо баставу гирифта буд. Фикр намекард, ки ҳолаш бадтар мешавад ва то дорухонаи поёни бино ҳам нарафт. Танҳо буд, агар ба назар нагирем, ки ҳамон чиз мисли ҳамеша канораш буд. Бо хира-хира назора ба рӯяш ӯ ҳам гӯё бемору нотоб ба назар мерасид. Аз дорувор фақат як зарфча спирт пайдо карду рӯйи пахтаи кӯҳна рехт, то баъд онро бо руймоли пахтагӣ ба гулӯи дардмандаш бандад. Рӯйи рахти хоб бо дасти рост дароз кашид. Он чиз, ки аллакай бо таассуб ба гарданаш румоли пашмине дошт, наздиктар омад ва куҷое дар ҳамон наздикиҳо дароз кашид. Нимашаб аз садои баланде бедор гашт ва бе он ки аз ҷойхобаш боло шавад, дид, ки ҳамон чиз аз рахти хобаш афтидааст. Табассуми малеҳе дар лабонаш шукуфт. «Хуб шудӣ» — гузаронд ба дилаш ва боз чашмони пури хобашро пӯшид.

Саҳар вақте ки садои азони муаззин бастагиву гиреҳи ҳар ду гӯшашро кушод, худро пойини рахти хоб ва рӯйи фарши хона танҳо дид. «Аз ҷойхобам афтидаам» — гузашт аз дидаш. Он сӯйи нигоҳаш акси ба девор овезонаш буд, ки малеҳ сӯяш табассум дошт…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти