Дуруд. Дуову дуруд аз ин замонаи дури дур ба рӯҳу ба рӯйи азизоне, ки дар саргаҳи насли мову пайвандони мо меистанд. Ин ҳамон насле аст, ки ҳатто дар аксҳо ҳам натавонистааст мағруру сохта либос ба бар кунад ва сарду қолабӣ бихандад. Ҳамон насле аст, ки чеҳраашон бе кимиёгарӣ ҳам гарм буду пиронаш дарди гулӯрову шикамрову чашмро бо сиёҳии таги дегу решаи янтоқу ширинбӯяву шири поки модар табобат мекарданд…
Ин ҳамон насле аст, ки аз тарси ҳокимони бегонаи давр намозашро пинҳонӣ ҳам, ки мегузошт, ба ҳадде, ки дилаш оромиш меёфт, самимона ва холисона мехонд. Рӯйи даструхони туйиашу ҳаррӯзиашу рамазониаш сад намуд оби газдору бегаз ҳам, ки набуд, намегузошт як ҳаракату ҳарфу амал ё беамалиаш як қатра об аз обурӯяш бубарад.Ин ҳамон насле аст, ки сери сер ҳам ки набуд, ба ҳадди имрӯз партовгоҳи зиёд ва мошин-мошин пасмондаи беҳисоб ва хушку тар ҳам надошт..Ва онҳо имрӯз намебинанд, ки чи гуна насли нав — ҳам доди камдориву нодориву маоши кам мезанад ва ҳам мошинҳои наву кӯҳнаи партовкашӣ як лаҳза ором надорад…
Ин ҳамон насле аст, ки барои медалҳои пеши бар (ки баъдтар як ҷӯгӣ онро шояд бар ивази як газ матоъу чанд дона пиёла гирифт) на касеро воситаву миёнарав карда буду на бетобу бехоб шуда буд. Ин ҳамон насле аст, ки танаи қуттиҳои ғизои ҳархеларо аз тарси заҳролудшавӣ барои дарёфти мӯҳлати истифодааш ва ҳам барои маводи ҳарому ҳалоли таркибаш дуру дароз намекофту намехонд. Ин ҳамон насле аст, ки яхдону таҳхонаву анбор ҳам ки надошт, меҳмонбиёриаш ба хона баъди омодагиву нақшакашиҳои дуру дароз набуд…
Ин ҳамон насле аст, ки сари дастурхону лаби табақи шурбову шакаробаш аз он, ки онҷо бо даъвату исрорашон ҳатман як ҳамсоя, як роҳгузари ношинос ё як суратгири бегона, ё…. менишаст, сад баракат дошт…
Ин ҳамон насле аст, ки дар авҷи эҳсоси раҳму шафқат ва бародарӣ дар як майдони бе дару девору дарвоза (ки баъд аз ҷониби набераву абераҳои имрӯзӣ бо судбозиҳову шикоятҳо бо деворҳои осмонӣ ҷудову пора-пора ва булаку тақсим шуд) бе ҷангу овоза мезист. Насле аст, ки келинҳо онҳоро сохтакорона ОЧАҶОНУ ДАДАҶОН ҳам, ки намегуфтанд, гурусна набуданд. На қаҳр мекарданду мерафтанд ва на (аз дигарон омӯхта) модару писарро (корманду раисро, ҳамкору ҳамсояро, ҳевару қайсингулро, янгаву язнаро …) баду душману қаҳриву ҷоду мекарданд. Ин ҳамон насле аст, ки гапи бузургсолтарашу таҷрибадортараш пеши тамоми авлод ҳатто ба ҳадди як ҳалномаву ҳукми судӣ қурб дошту бебаҳс буд.
Ин ҳамон насле аст, ки як бухчаи либоси акнун барои фарзанди калонаш майдаву танг шударо ба фарзандони баъдӣ мепӯшонд ва хавотир набуд, ки аввалинҳо баъдиҳоро мазоҳ мекунанд ё таҳқир. Ва ҳам тасаввур намекард замоне фаро мерасад, ки фарзандони зери як курпаи модарӣ бузург шуда, метавонанд бо ба баҳсу ҷанҷолашон ҳамроҳ кардани зану фарзандони хеш (масалан, барои моли падару ҳавлии падар) қалби фарзанди дигари падари худро хуншору захмӣ кунанду ӯро бемори қанду гирифтори дарди дилу фишорбаландӣ…
Ин ҳамон насле аст, ки гӯё ба амалу беамалии мо, бархурду қисмати мо, фаҳмишу дарк ва ҷаҳонбиниву завқи мо, ба имону ихлосу садоқату вафодории аксарияти мо, мисле ки дар ин сурат аст, бо ҳайрату ҳайрониву нигаронӣ назар дорад. Медонистаанд омадани замону замонаҳои дигарро… Дигаргуна наметавонад бошад, дар ҳоле, ки ин насл бе соат на намозашро қазо мекард ва на дар иҷрои амалҳои хайр таъхир, Интернет ва ҳазор манбаи хабар ҳам ки дошт, хабаркаш набуд, лабораторияҳо бо ҳазорон олиму муҳаққиқ ҳам ки барояш корҳои илмӣ ва тадқиқотӣ анҷом намедод, воярову таъсири алафу гиёҳро медонист ва солу моҳу муҷалу … Ҳутту Наврӯзу рӯзаву Рамазонро медонисту мешинохт, ҷаҳонгарду ҷаҳондида ҳам, ки набуд, маҳалчӣ набуд ва локии миёнаш, ки ҷойи нигаҳдории як лаби нонаш буд, мисли ҷомаи кӯҳнаи рангпаридааш (ва ҳам мисли орзуву тасмиму хоҳишу андешаҳояш ) пок буду намозӣ…
PS: Ин расмро ман чанд сол пештар аз болохонаи ҳавлии бобоям ёфтам. То ақлу фаҳми ман барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ин гуна сурату молу ашёи табаррукии онҳо расид, ки чандин албоми суратҳову ашёву молу китобҳо (аз ҷониби насли нав) алови нон шуда буд…
Ин кампир момаи Анор аст (момаи модарам), дар оғуши ӯ апаи Зайнаб аст. Ака баъди вафоти ҳамсараш духтари хурдсолашро барои тарбия ба додару янга медиҳад ва меояд Сталинобод то оилаи нав бунёд кунаду инҷо кор кунад. Ва янга ӯро бузург мекунаду ба шавҳар медиҳад. Аз апаи Зайнаб, ки бо меҳр мо ХОЛА мегуфтемаш, чандин фарзанд ба дунё омад. Мактаби деҳа ҳоло номи яке аз фарзандони ӯро дорад, ки низомӣ буд ва дар муҳорибаи чанд сол пештар кушта шуда буд. Он ҷавони медалдор — бобои Қаландарам аст, ки нав аз ҷанг омадаву канори модар бо ифтихор нишастааст. Канори ӯ додари хурдиаш- амаки Назар аст, ки як вақт дар ҳамон ҳавлӣ бо се бародари дигар мезист. Ӯ инак, чанд даҳсола аст, ки дар қайди ҳаёт нест вале, ҳамсараш, ки он вақт 18 сола буду ҳоло 71 сола аст, бо бибии ман (яъне, бо зани ҳевараш!) ҳоло ҳам дар ҳамон ҳавлӣ, ки акнун ҳам симояш дигар шудаву ҳам одамонаш, умр ба сар мебарад.

Ҳоло ин фақат як расм буд, ки ҳамин қадар хотира дошт. Акнун тасаввур кунед, ки зодгоҳу деҳаву сандуқҳову таҳхонаву болохонаҳои бобойӣ ва падарӣ чӣ қадар аламу ҳасрату ёддошту хумору хотира доранд…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Бобои Қаландар, Вашгирд, Дарагиён, Субҳон, Файзобод, авлод, аҷдодон, дуо, момаи Анор, насли нав, оила, сурат, хотираҳо, хумор |











Добавить комментарий