Хумор ва алами як сурат

Дуруд. Дуову дуруд аз ин замонаи дури дур ба рӯҳу ба рӯйи азизоне, ки дар саргаҳи насли мову пайвандони мо меистанд. Ин ҳамон насле аст, ки ҳатто дар аксҳо ҳам натавонистааст мағруру сохта либос ба бар кунад ва сарду қолабӣ бихандад. Ҳамон насле аст, ки чеҳраашон бе кимиёгарӣ ҳам гарм буду пиронаш дарди гулӯрову шикамрову чашмро бо сиёҳии таги дегу решаи янтоқу ширинбӯяву шири поки модар табобат мекарданд…

Ин ҳамон насле аст, ки аз тарси ҳокимони бегонаи давр намозашро пинҳонӣ ҳам, ки мегузошт, ба ҳадде, ки дилаш оромиш меёфт, самимона ва холисона мехонд. Рӯйи даструхони туйиашу ҳаррӯзиашу рамазониаш сад намуд оби газдору бегаз ҳам, ки набуд, намегузошт як ҳаракату ҳарфу амал ё беамалиаш як қатра об аз обурӯяш бубарад.Ин ҳамон насле аст, ки сери сер ҳам ки набуд, ба ҳадди имрӯз партовгоҳи зиёд ва мошин-мошин пасмондаи беҳисоб ва хушку тар ҳам надошт..Ва онҳо имрӯз намебинанд, ки чи гуна насли нав — ҳам доди камдориву нодориву маоши кам мезанад ва ҳам мошинҳои наву кӯҳнаи партовкашӣ як лаҳза ором надорад…

Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Прага – Душанбе” (8)

Соат 22.  Мо 3 нафар ба истгоҳи қатораҳои Варшава омадем. Аҷобат дар оғози ин сафар ҳамин буд, ки зани хазинадор барои гирифтани чипта аз мо на шиноснома талаб кард ва на ҳуҷҷати дигаре. Дар билетҳои қатора низ ягон маълумот дар бораи мусофир нест – на ном навишта шудаасту на насаб. Чанд дақиқа пештар аз оғози сафар дар монитори дохили истгоҳ платформа ва ё қаторе, ки мусофирон ба он ҷо бояд раванд, пайдо мешавад. Барои касе, ки ба ин гуна тартиб одат накардааст, хеле душвор аст, боз агар ақалан забони англисиро ба ҳадди содда надонед, бароятон мушкил хоҳад буд. Қатора фақат 2-3 дақиқа меистад Мо роҳи ҳаракати қатораи худро ёфта ба вагон ворид шудем. Боз 3 духтари гурҷӣ ҳам ба купеи мо ворид шуданд. Онҳо донишҷӯ буданд.  Бояд гуфт, ки таҳсил дар Полша барои мактабиён аз моҳи сентябр ва барои донишҷӯёни макотиби олӣ 1 октябр сар мешавад.  Читать далее →

Як пора аз зиндагиномаи Пабло Пикассо!

Пабло Пикассо на танхо рассоми хуб буд, балки донандаи хуби забони бонувон хам буд. Бисёре аз бонувон худашон аввалин шуда изхори мухаббат мекарданд. Ва хангоме, хис мекарданд, ки акнун ба у лозим нестанд, ё худкуши кардаанд, ё бакияи умри худро дар девонахонахо гузаронидаанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти