Тахминан ва дақиқан

Ҳоло, ки ҳам ҳаво гармтар мешавад ва ҳам табиат бедор, дар зеҳну мағз ҳам андешагардонӣ, мисли хокгардонии марди деҳқон сурат мегирад (ва бояд сурат бигирад). Ва шумо як пушти бел андешаро (хотираро, хостаҳоро, нақшаро, фикрро) аз ҷо ковок кардаву рӯйи андешаҳое, ки он қадар муҳим нестанд ё аввалдараҷа нестанд ё ҳатто бар зиёнанд, чаппа мекунед.

Чӣ қадар душвор аст, ҳатто ҳақиқат ва воқеиятро рӯ ба рӯи наздиктарин ва ҳам дуртарин кас холисона ва ошкору фаҳмо гуфтан. Тахминан (ё дақиқан) мисли васфи ноҷо, мисли нақди бо ғараз, мисли шикояти дурӯғин, мисли туҳмати маҷбурӣ, мисли рақобати носолим, мисли ваъдаи бе вафо, мисли даъвои бе далел ва мисли бепарда ва рост гуфтугӯ бо худ…

Ва аз ҳардуи ин тасмим (киштгардонӣ ва андешагардонӣ) одамон баракат ва натиҷаи беҳтар аз мавсими гузаштаву соли порро интизоранд. Мағз ҳам агар, ки ҳосил ба бор наорад, агар, ки аз мушоҳидаву таҷрибаву омӯзиш об нахӯрад, мисли ҳамон пораи замин аст, ки сертификат ҳам ки дошта бошад, ба ҷуз соҳиби муваққатиаш ба касе манфиат намеорад ва ба тадриҷ шӯразору харобазоре мешавад.

Ва паноҳ (тасаллият, шикебойӣ) аз (ба) соҳибони гарданҳое, ки рӯйи чанд шаҳраги бузург шӯразори гирдаш муйхору симхорро солҳо бурдаву оварданд ва мебаранду меоранд…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти