Аз он дурӣ то воқеияти имрӯз фосила баробар ба як умри инсон аст.
Фақат аз он дурӣ шебу фарози роҳҳои дониставу надониста ва тасодуфан барои рафтан интихобшуда метобад.
Фақат аз ҳамин кунҷи биниш дурустӣ ва нодурустии ҳар қадами онеро дидан имкон дорад, ки ҳанӯз дар оғози роҳ гоҳ навмеду гоҳ ба умеди касеву чизе ва гоҳо масту мағрур аст.
Фақат аз ҳамон дурӣ пештар аз дигарон ба ҳоли касеву касоне ва хасоне хандидан мумкин аст, ки гуноҳу саҳву хатои тӯли таърихи мавҷудияти одам хандахариш шудаҳоро баргашта такрор мекунанд…
Фақат аз он дурӣ дидан мумкин аст, ки инсонҳо инҷо на барои кору амали нодурусту гуноҳолудаи анҷомдода, балки аксаран барои кору тасмим ва амалҳои росту дурусту хуби анҷом надодаашон хиҷолатзада мешаванду ҳатто муҷозот.
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Далер Меҳтоҷов, Пайрав Гулов, колеҷи рассомӣ, мусаввара, мӯйсафед, осорхона, посбон, рангҳо, рассомон, художник, худфонд | Leave a comment »











