Чароғи кӯча ва чароғи дилҳо… (ҳикоя)

Ӯ наметавонист дигаронро ҳамин гуна осон пайдо кунад. Ҳамон гуна ва ҳам бо ҳамон тарзу шевае, ки дигарон ӯро. Дигарон дар ҳар куҷоанд, аммо ӯ ҳамеша дар як ҷо. Ба назар мерасид, ки он дигарон ҳам рӯ ба рӯ омаданро бо ӯ он қадар хуш надоранд. Дигарон фикр мекарданд, ки ба ӯ ҳамеша чизе лозим аст, ё ҳамеша ба чизе ниёз дорад. Аммо ҳамеша ин тавр набуд. Баъзан вақт ҳатто барояш муҳимтарин ашё ва ҷузъи ҳунару касбаш ҳам зиёдатӣ ва нолозим менамуд… Наздиконаш аллакай медонистанд, ки ӯ ба ин ҳад соҳибкасби хоксору масъулиятшинос аст, ки ҳар поси шабу ҳар вақти рӯз метавонад аз ҷойхоб ё сари дастурхони хоксоронааш баъди як паёмак ё занг боло шаваду бе огоҳӣ куҷое биравад. Ҳамин шаб ҳам куҷое рафт…

Он раҳ вуҷуд дошт, аммо аз он ки рӯшан набуд, мегуфтӣ, ки несту вуҷуд надорад. Дар он раҳ бештар аз ду кас агар ба пуру меафтид, раҳи сад каси дигар банд мешуд. Ва ҳар куҷо як ду касе ҳаст, ки роҳҳоеро, ки ба ҳеҷ куҷо мебаранд ё шояд ба ҳеҷ куҷо намебаранд, бо дастони ношӯставу забони олуда меканад. Пойафзоли онҳо ҳам аз андозаи муқаррарии пояшон ду карат калонтар аст. Бо он (то попечиву афтидан) дигаронро пешпо додан осон аст…

Аксари онҳое, ки дар нимароҳҳо банд шудаанд ва аз по афтидаанд, онҳоеанд, ки аввалтар аз ҳама банди боварҳо шудаанд. Баъзеҳо, ҳар рӯз барои он ба кор мераванд, ки барои ҳамсафарони худашон роҳҳои ҳамворро кӯр кунанд ва боз имтиёз ҳам дарёфт кунанд. Муқтазои табиаташон ҳамин аст. Гуноҳи онҳое, ки баъзе роҳҳоро пурмонеъа мекунанд ва ҷурми онҳое, ки баъзе роҳҳоро кӯр мекунанд, баробар аст…

Садоҳо онҷо гоҳ пасту гоҳҳо беҳад баланданд, ки баробар гӯшҳоро вазнин кардаанд. Фоҷиаи дигар дар он нимторикиҳо кӯрии чашмон аст. Рӯшании сигор пеши рӯ як суроби бенурро дар фосилаи як нафас дуд падид меорад. Ва он дуд, ки аз роғи дарҳои ин хонаву таҳхонаҳо рақскунон берун меравад, на фақат соҳиби ҳамон нафасро дамгир мекунад…

Куҷо ғайб заданд онҳо? То чанд вақт пештар канори роҳҳо буданд. Чамбаракҳои каҷу килебу шикаставу нодаркор, вале даркору таъсирбахшу омӯзанда. Дар онҳо гӯё изи ангуштони хунолуда ва охирин фарёди ронандае, ки роҳи мактаби ронандагӣ ва ҳуҷраи имтиҳониро медонист, боқӣ буд. Онҳо имрӯз дар канори роҳҳо нестанд, мисли акнун набудаҳои дигаре дар ронандагӣ…

Сафедиҳо дар қоғаз хосияти аҷиб доштаанд, ки зери рӯшании офтобе, ки ба рӯйи мизи устод меафтад, зард мешудаанд. Ва зардиҳо ба тадриҷ зардтар мешаванд… Ҳисоботи аз чашми муҳассил пинҳони ҳамон устод шояд хеле вақт аст, ки ҳарфу калимаву ҷумлаҳои такрор дорад. Ва такрор на ҳамеша модари дониш аст…

Ӯ кӣ шаб куҷое рафта буд, ҳанӯз наомадааст. Фақат ба писари хурдиаш, ки касби ӯро гирифтанӣ асту физикаро хуб мехонаду мефаҳмад, паёмак навиштааст, ки имрӯз кораш зиёдтар шудааст ва дертар меояд. Аз ҳар куҷо камаш як-ду дархост дорад. Як-ду дархост аз онҳое, ки дар торикиҳо дилашон танг мешавад ва дар суроғи рӯшноӣ барои роҳҳову дилҳову андешаҳо фавран рақамҳои ин электрики одиро мечинанд…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти