Асрори як дили кӯчак ва як дили бузург…

Ман намунаҳои мухталифи муҳаббату дустдориву вобастагиву … ғайраву ҳоказоро дидааму медонам. Дар инсонҳо қатори ақлу фаҳму илму идрок — раҳму шафқат ва дилсӯзиро дӯст дорам. Ман ҳамеша ба ин назар будам, ки инсонҳо новобаста ба он, ки чӣ кору бору машғулияту вазифа доранд, дар баробари хаёлбофӣ ва фантазияи ғайриқолабӣ, ҳатман бояд раҳму меҳрубонӣ дошта бошанд. Албатта бе ин неъматҳо ҳам зистан мумкин аст (садҳо мисолу намунаашро шумо медонед!), вале агар аз онҳо бархурдоред, пас шояд аз инсонҳои баргузидаву назаркардаед…

Духтарам Марҳаборо, ки дар синфи чорум таҳсил мекунад, ман ҳар субҳ ба гимназия мебарам. Соати 14:20 ӯро баъди анҷоми дарсҳои асосӣ гирифта, ба Мактаби амрикоӣ — ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ мебарам. Аз соати 15 то 16:20 ӯ онҷо дарс мехонад. Баъзан дар фосилаи қариб якуним соат ба хона меоям, кадом корҳои худро анҷом додаву вақти рухсати онҳо барои оварданаш меравам. Баъзан пушти дари онҳо ё дохили мошин интизор мемонам…

Имрӯз якбора бо гиряву бо оби дида аз курси забономӯзӣ берун омаданаш ҳайронам кард… «Муаллимаамон ба хориҷа меравад….» гуфт. Ғайриинтизор ман шоҳиди намунаи олии муҳаббату дӯстдорӣ миёни шогирду муаллима мешавам. Гиря гулӯгирам мекунад. Офарин, муаллима Азима, хоҳараки донишманду ҳунарманд, ки тавонистаи дили шогирдро ба даст орӣ, тавонистаи коре кунӣ, ки Марҳабо шуморо на фақат чун як омӯзгор, балки чун ҳамшираву ҳатто баробари модари худ дӯст дорад…

Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Прага – Душанбе” (8)

Соат 22.  Мо 3 нафар ба истгоҳи қатораҳои Варшава омадем. Аҷобат дар оғози ин сафар ҳамин буд, ки зани хазинадор барои гирифтани чипта аз мо на шиноснома талаб кард ва на ҳуҷҷати дигаре. Дар билетҳои қатора низ ягон маълумот дар бораи мусофир нест – на ном навишта шудаасту на насаб. Чанд дақиқа пештар аз оғози сафар дар монитори дохили истгоҳ платформа ва ё қаторе, ки мусофирон ба он ҷо бояд раванд, пайдо мешавад. Барои касе, ки ба ин гуна тартиб одат накардааст, хеле душвор аст, боз агар ақалан забони англисиро ба ҳадди содда надонед, бароятон мушкил хоҳад буд. Қатора фақат 2-3 дақиқа меистад Мо роҳи ҳаракати қатораи худро ёфта ба вагон ворид шудем. Боз 3 духтари гурҷӣ ҳам ба купеи мо ворид шуданд. Онҳо донишҷӯ буданд.  Бояд гуфт, ки таҳсил дар Полша барои мактабиён аз моҳи сентябр ва барои донишҷӯёни макотиби олӣ 1 октябр сар мешавад.  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти