Ин ҷо гӯё монанд аст ба як нафас будан дар погаҳи дари дунё то рафтан ба истгоҳи дигар ё дунёи дигар. Ҳаминҷо мисли он, ки анъанаи ин дунё аст, нафасҳо пештар аз сафарҳои дуру дароз як бори дигар рост мешавад. Мусофирон гӯё бори охир сӯйи деҳа ва кулбаи лойини худ назар мекунанд, аз ҳамин ҷо барои гирифтани кадом молу ашёи фаромӯшкардаашон бармегарданд, сагҳои аз пушташон то инҷо омадаро ба хона пеш мекунанд, кӯдакони хурдсоли худро, ки барои ҳамраҳӣ гиря доштанд, бо ширинӣ ё чанд танга ва ё ҳатман бо ҳарфи дурӯғе бозпас мегардонанд…
Ва маҳз ҳамин ҷо дида ба дидори сафаракиҳои дигар мерасад, тӯшаи роҳи онҳоро бо таличаи худатон муқоиса мекунед, аз либосҳои аксаран зебо ва гоҳ ҷандаи тани мусофирон фикрҳое ба саратон меоянд, мебинед, ки мардумон дар сафарҳо кӣ ва чиро ҳамроҳ мегирифтаанд, мебинед, ки мусофирон пештар аз омадани воситаи интиқолашон ба ҷои дигар чӣ гуна пулҳои қатшудаву шикаставу аз арақи кафи даст тару беҳолро аз панҷаҳо раҳо кардаву барои ҳисобӣ омода мешаванд ва дар идомаи ҳамин хаёл дарк мекунед, ки касоне ҳам кам нестанд, ки дар ҳамин нукта охирин пулҳои доштаи худро, охирин тангаҳои худро баргашта ва ба такрор шумурдаву бо алам ба кафи дасти кадом пулчинаке ё ронандае медиҳанд…
Инсонҳо ҳарчанд медонанд, ки роҳи ҳамагӣ ба як сӯ ё як самт аст, вале боз ҳам дар фосилаи як нафасросткунӣ дар инҷо аз ҳамдигар мепурсанд, ки «Ба куҷоҳо? Сафарҳо ба хайр….» Ва дар дил шодӣ мекунанд, агар ҳамсафари ҳам бошанд, як деҳа бираванд ё ба ҳамон як тӯй ё ҷанозае …Аҷиб аст, ки чаро одамон аз ҳамсафарӣ ва рафтан ба ҳамон сӯе, ки тағири масираш дар ихтиёру иродаи онҳо нест, ҳамон гуна ба дил шод намешаванд!?
Ҳамин ҷо одамон беҳтар ва амиқтар эҳсос мекунанд, ки чӣ тавр соҳибони худравҳои холӣ аз канорашон мағруру бефарқу сарду бе парво мегузаранд, чӣ тавр хатсайрҳо аз хати сайри онҳову роҳи интихобкардаашон ба куллӣ фарқ доранд, чӣ гуна аламовар буда, вақте минибусҳои холӣ зиёд наздатон меистанд, вале шумо ба онҳо нишаста наметавонед, зеро онҳо самти дигар раҳсипоранд ва бо роҳи шумо намераванд….
Гоҳ-гоҳе маҳз ҳамин ҷо одамон мебинанд, ки рӯзгор чӣ гуна мардумонро парешонхотиру хаёлӣ сохта, ки халтаҳову борҳову бақияи пулҳои раҳкироашон дар таксиҳову худравҳо рӯйи дастҳову зонувону киссаҳои каси дигар фаромӯш шудааст, мисли ҳамон халтаи борҳои арзишманд ва корҳои хайру савоби фаромӯшгаштае, ки мебоист одамон барои охирин рӯзи мусофирӣ ва дар охирин сафар аз ин дунё бо худ медоштанд…
Бомҳои хурдакаку девори хароб ва курсиҳои сангии истгоҳҳо бо бепаноҳиву сардиҳову бераҳмиҳо шабоҳатҳое ба худи дунё доранд. Ҳамон гунае, ки мусофирони ин ҷой бо халтаву тӯшаву бухчаву даструхон ва аз ҳар ҷиҳати дигар ҳам шабеҳи меҳмонон ва мусофирони ин сарои дударанд…Омаду рафт ҳам ба олам аз рӯйи ҳамон принсипи омаду рафти нақлиёт ва мусофирбарҳои барои одамон зарурӣ аст, ки аз касе пештар ва аз касе баъдтар меояд…
Ҳамин ҷо эҳсос мешавад, ки фосилаи оғози ошноиҳо ва сӯҳбатҳои ширин бо ҳамсафарони шиносу ношинос то расидани минибус хеле кӯтоҳ аст, мисли фосила аз омадан то рафтан ё аз тифлӣ то пирӣ. Ва ҳам аксари суҳбатҳову қиссаҳо инҷо нотамоманд, нимколаанд, нагуфтаанд, мисли қиссаҳои ба арӯсаш нақлнокардаи кадом ҷавони навзан, мисли хонаҳои нимколаву нимсохти як духтур ё муаллими ҷавон ва мисли охирин васияти модари як инсони бечораи раҳдуру мусофиру муҳоҷир…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: автобус, истгоҳ, минибус, мусофир, муҳоҷирон, сафар, сӯҳбат, файзобод, хотира |











Добавить комментарий