Ин субхи ман аз навис-навис бо писарам Аличон огоз шуд. (У дар синфи 5-ум тахсил мекунаду Эхсон дар синфи 2-юм) Ман онхоро пазмон шудаам, ба хамон хадд, ки онхо хам маро пазмонанду интизор! Аз хар боб навиштаму навишт, аз ину он пурсидам…Каме насихату васият кардам. Ва медонед у чи навишт? Айнан ин чумларо:
«оли сахар барои мактаб пул гирум да аднакласникум мегзаронум баъд да шумо да пеши сураттон як чиз мемонум – инамира -мой золотой папа»
Гиряам омад, бори аввал буд, ки ман ин кадар мухаббату дустдориву пазмонии писарамро хис мекардам …
Мо аз руйи барнома имруз як вохурии сарирохи дар шахри Астория дорему дар идомаи руз Укёнуси Оромро тамошо хохем рафт. Рахорах канорахоро тамошо мекунам. Дарахтони сузанбарги сар ба фалак кашида, тозагии атроф, хавлихои кариб бе симхору девору дарвозахои бузург, парчами Амрико дар болодарии хонахову миёни хавлихо…..маро хайрон мекунад. Дар шахрхои калони амрикои, ки дар марказхо факат коргоху идораву марказхои тичорати чойгир аст, факат субху шом мардуми зиёдтарро мебинед, ки ба кор мераванду меоянд…Масалан, дар чанд шахре, ки ман будам, сели занхову наврасону кудакони бекорро субху шом намебинед…Хаёлам, ки амрикоихо вактро хам хеле сарфакорона истифода мебаранд…
Идораи рузномаи махаллии Daily Astorian аз бинои як ошёнае иборат аст, ки дар худ идораи мухаррирону кормандон ва хам сехи нашру сахифабандии ин газетаро гунчонидааст. Сохиби ин газета боз сохиби 10 хамин гуна нашрияи дигар аст ва тичорати онхо дар самти табъу нашр оилави аст. Шахрчаи Астория (англ. Astoria) хам хеле зебо аст. Он маркази хавзаи Клэтсоп буда, дар кисмати шимолу гарбии Иолоти Муттахидаи Амрико дар сохили дарёи Колумбия ва дар иолоти Орегон чойгир аст. Астория ба шарофати як сармоягузори амрикои -Джон Джекоб Астор номгузори шудааст. Ширкати пашму пусти у бандари Асторияро асос гузошта будааст, ки махз перомуни он соли 1812 шахри Астория таъсис меёбад. Макоми конунгузории Орегон ин шахрро 20 октябри соли 1876 сабти ном кардааст. Астория худуди 10 000 ахоли дорад. Теъдоди нашри харрузаи газетаи Daily Astorian бошад, 8000 нусха аст. Дар дохили идораи ин газета ман студияи сабти овозро хам дидам, ки мавриди истифода аст. Дар кисмати болоии Астория мо манораеро дидем, ки 38 метр баланди дошта, дар болояш чойи тамошои шахр мавчуд аст. Аз он боло дарёи Колумбия бо табиати атрофаш хеле зебо ба чашм мерасад. Колумбия бошад, ором чори шуда, ба укёнуси Ором мерезад. Мувофики хисобхои расми 42,12% худуди Асторияро об ташкил мекунад. Вале ин барои харидану хондану газетаи харрузае, чун Daily Astorian хеч монеъа шуда наметавонад. Дар ин газета, мисли хама гуна ВАО-и амрикои аслан дар мавзуъхои махалли менависанд –тагироту дигаргунихои махалли, вохурии тимхои варзишии махалли оид ба футболи амрикои ва мисли инхо…
Баъди ин вохури мо канори дарёи Колумбия омадем. Дар сохил нуктахои хуроки умуми фаъолият мекунанд, ки хеле серодам хастанд. Хавои дарё ва сохили онро як дам нафас кашида, баъди тамошои гурбахои обиву паррандахои руйи об ва киштиву каикхои хурду бузург мо ба ошхонаи сохили ворид шудем. Гизо ончо болаззат буд. Мардум инчо аксаран хурокро ё бо нони хеле кам, ё бо чанд хиссача печенье ва ё тамоман бе нон мехуранд. Аммо ман ин тавр наметавонам…
Сохили обу дарёхо ва нуктахои истирохати дар хама шахрхои амрикои, ки ман рафтам, хатман нуктаи кабули мехмонон дорад. Ончо хатман ба шумо дар бораи хамон нукта накл мекунанд, накшаи сафару тамошоро мефахмонанд, харитаи сафар медиханд ва чандин варакаву китобчахои иттилоъотиро дар ихтиёратон мегузоранд. Иловатан, хама ин гуна нуктахо, аз чумла канори дарёи Колумбия таваккуфгохи мошинхо, обхонаву хочатхонаи хеле замонави дорад, ки тозаву озода асту хама чизи лозимиро дорад. Бо дидани хамаи ин холат, инак се хафта аст, ман фикр мекунам, ки барои як амрикои рафтан барои мисол ба Варзобу дидану таасуроти хуб бардоштан нихоят душвор аст… Одати сохибони хамин гуна нуктахо дар кишвари мо хамин аст, ки хоричиро, ки диданд, бояд то хадди тавон аз у пул «кананд…» Шумо бовар кунед, ки тартибу низом ва услуби кореро, ки ман дар Амрико дидам, ба гумон аст, ки дар ягон хамин гуна нуктахои истирохати ва сайёхии мо бошад….Ё хасту ман намедонам ….?!
Дарёи Колумбия — музофоти Колумбия, иолоти Орегон ва Вашингтонро фаро мегирад. Хачми аз хама зиёди неруи баркро дар Амрикои Шимоли махз хамон неругоххое медиханд, ки дар ин дарё сохта шудаанд. Дар худуди Канада ва Амрико дар хамин дарё 14 неругохи барки оби сохта шудааст. Масохати хавзаи ин дарё 670 хазор километри квадрати буда, дарозиаш 497 километр аст.
Баъди тамошои дарёи Колумбия мо 15-20 дакикаи дигар бо мошин харакат карда, ба сохили Укёнуси Ором расидем. Намедонам, хамрохони ман рост мегуянд ё дуруг- онхо гуё орзу доштаанд, ки ин укёнусро як бор бинанд. Вале ман хеч дар бораи ин укёнус ва нишастан дар сохили он фикр намекардам. Барои ман дарёчаи Элок бо оби то зонуяш хам ба чойи бахр буду хам укёнус… Вале ба хар сурат шукр кардам, ки дар доираи як сафар ба Амрико ин кадар шахру иолоту куху дашту обу бахр ва хатто акнун укёнусро мебинам…
Укёнуси Ором аз чихати масохат ва чукури бузургтарин дар кураи Замин аст. Он дар гарб миёни материкхои Евразия ва Австралия, дар шарк миёни Амрикои Шимоли ва Чануби чойгир аст.
Кад-кади сохилхои Укёнуси Ором давлатхои ИМА, Канада, Иолоти Муттахидаи Мексика, Гватемала, Эль-Салвадор, Гондурас, Никарагуа, Коста-Рика, Панама, Колумбия, Эквадор, Перу, Чили, Иттиходи Австралия, Индонезия, Малайзия, Сингапур, Бруней-Доруссалом, Филиппин, Таиланд, Камбоча, Вьетнам, Чин, Куриё, Чопон ва Федератсияи Руссия чойгир шудаанд.
Фардо насиб бошад, сафари мо дар шахри Портленд ба охир мерасаду мо субх ба воситаи Вашингтон ба шахри Ню Йорк парвоз хохем кард. Хулоса, серияи 15 ин хануз анчоми сафаргуфтахои ман аз Амрико нест. Иншоолох …..
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Аличони Субхон, Америка, Астория, Истирохат, Колумбия, Субхи Ватан, Укёнуси Ором, газета, дарё, падар, сайру саёхат |











































ака субхон барномасоз доред? агар бошад илтимос ва хохиш мекунем ки як барномаи радиои ва ахбороти ватан-ро созанд барои ios ва android бисёр хуб мешуд барои мухлисони шумо
НравитсяНравится