Тазод (3)

Ҳамааш аз як хабар сар шуд, ки Тоҷикистон дар соле, ки рафт, ба хориҷи кишвар 1,5 миллион тонна семент содир кардааст. Ин хабар ҳамон фикри куҳнаро боз ба  сарам овард, ки «чаро  сементи кофӣ дошта бошем, арматураву обу сангу хоку қуму шағал аз худамон бошаду нархи хонаҳо дар сохтмонҳои наве, ки дар авҷ аст, паст намешавад?!»  Баъд ман мисли он ки ҳамеша дар барномаи саҳарии “Субҳи Ватан” ҳаст, хостам аз мардум назару андешаи онҳоро пурсам. Ва пурсидам. Пурсиш ин гуна буд, ки “Ба назари шумо кадом омил ё сабабҳои субъектививу объективӣ ба гаронии нархи манзилҳои истиқоматӣ оварда расонидааст? Чаро нархи хонаҳо дар баландошёнаҳои навсохт поин намеравад?” Мардум (шунавандаҳои радио) ба ин савол чӣ гуна ҷавоб гуфтанд, мо поинтар хоҳем гуфт…Аммо… Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (10)

Субҳи имрӯз маълум шуд, ки вохӯрии аввали мо, ки бояд соати 11 дар идараи маҷаллат  “Rzeczpospolita”  сурат мегирифт баргузор намешавад. Яъне мо то соати 13 вақти озод дорем. Касе мағозагарди рафту мо чанд кас ба тамошои боғи шохӣ рафтем. Гумонам он ҷо як замон гармобаву истироҳатгоҳу шояд  ҳарамсаройи шоҳӣ будааст. Зебоии он боғро бо сухан тасвир кардан душвор аст. Атрофатон пури санҷобу кабӯтар аст. Ман бори аввал медидам, ки парандаҳои хеле зебо парида дар панҷаи шумо мешинанду нонпораҳоро аз он ҷо гирифта мехуранд. Дар як канори боғ барномаи консерти мегузашт. Хоҳед рақс кунед. Тирамоҳ дарахтони атрофро хеле зебо кардааст. Мурғобиҳо ку дар оби ин боғ худро хаёлам хеле роҳату озод ҳис мекунанд. Дар ин боғ метавонед осорхонаву ёдгориҳои дигари таърихиро тамошо кунед…  Читать далее →

25 феврали соли 2011

Ин фикр ба сари ман имруз ва ё дируз наомадааст. Ман чанд вакт кабл ба хамин андеша омадам.  Чаро мо ин кадар навгониро бо душвори кабул мекунем? Чаро ба хама чизи нав бояд факат бо интикод нигарем? Чаро ин кадар ба якдигар бахили мекунем? Мешавад, ки як нафар комилан ба хама чиз рози набошад? Ин мисли он аст, ки мо  хам кудак орзу мекунему хам вазниниро тахаммул карда натавониста,  чанинро афтонидан  мехохем.

Биёед, ба хама навгони бо фахм муносибат кунем, чои интикод ва тарзи баёни таъсирбахши онро ёд бигирем ва аз «букка шир талаб накунем!»

Имруз дар мавриди «бангдонаи даст ба даст», ТВ — и хусуси, сухтор ва тугмахои оханин,  «зани дар сари мард зур»  ва «чирки даст» навиштаам.    Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти