Пешниҳод (16)

Ин субҳ барои пардохти чанд хизматрасонӣ ба як идораи бонкӣ рафтам. Мисли ҳамеша онҷо мардум зиёд аст. Навбатпойии пушти банкомат ҳам мисли ҳамеша аст. Новобаста ба он, ки чандин сол аст, мардум корти бонкӣ дораду саду як хизматрасонии замонавиро таҷриба мекунад, вале ҳанӯзам мо вақти пулгирии як каси дигар каме дуртар рафтанро наомӯхтаем — ҳатман бояд ҳамакаса болои сари ӯ истем, ба рамзи корти вай, миқдори пуле, ки вай мегирад зеҳн монем ва ба диламон сад гапро гузаронем…
Хуб аст, ки ҳар кас дар идораву филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ барои ин ё он самти фаъолият муваззаф аст ва шумо бо таваҷҷӯҳ ба навиштаҳои канор ва болои сари кормандон ба ҳамон ҷой меояд ва агар зарур аст, навбат мегирад. Равзане, ки ман кор доштам, хушбахтона озод буд ва ман дархостамро гуфтаму ба марди миёнсоли канорам, ки дар равзанаи ҳамсоя кор дошт, хира шудам. Мард корманди одӣ буд, мисли мардумони одии дигар, аз ҷумла мисли падари ман бо дастони кориву заҳматдида ва қиёфаи офтобхурда.
Мардумони одиро аз рӯйи чанд нишонаи дигар ҳам шинохтан мумкин аст — пулҳои ками даруни шаҳодатномаҳои корӣ ё шиноснома, берун кардани кадом ҳамён ё чизи ба он монанд аз дарунтарин киссаи палто ё пиджак, кадом варақчаҳо бо рақами телефони касе, дастрӯмол ва ким кадом доруву ҳабб байёнгари гуфтаҳои боло аст. Вале ин ба ҳеҷ вақҳ ба маънии он нест, ки ӯ аз касе дар шаҳрвандиву мардиву инсонӣ ва ҳама чизи дигар камтар бошад. Не, албатта!


То вақте ки барои ман расид омода мешуд, суҳбати он мард ва ходими бонкро шунидам:

  • Бо кадом пул аст?
  • Пули сомонӣ.
  • 11% солона аст…Агар бо доллар мешуд, камтар зиёдтар аст..
  • Не, доллар аз куҷо? Ҳамагӣ 20 ҳазор сомонӣ аст…Духтарам дар озмун бурд кардааст….
  • Ман фаҳмидам, ки он кадом озмун аст ва ҳам маълум шуд, ки духтараш ҷойи чандумро гирифтааст. Вале ин муҳим набуд.
  • 11% ин буду шуд аст ё зиёдтар ҳам мешавад…?
  • Не, ҳоло ҳамон 11% аст дар бонки мо. Дар дигар бонкҳо ҳам ҳамин хел аст….Яке баъди Соли Нав болотар меравад….
    Он мард аз дари идораи бонк берун шуд ва ман ғарқи фикр гаштам. Ман намедонам, ки ин мард барои он духтараш чанд китоб ва бо чанд сомонӣ харида буд. Ё бо чанд фоизи маошу даромади ками худ китоб харидааст? Ман ҳоло намедонам, ки он мард меҳри китобу хондану донишро бо чӣ роҳе дар дили духтараш ҷой кардааст ва ҳам ман намедонам, ки идеяи дар бонк гузоштани он пулҳои бо меҳнату заҳмати ҳалол ба даст омада, аз кадоме аз аъзоёни он хонавода буд?! Вале хуб аст, ки онҳо дар мавриди захираи пул ва идораи оқилонаи он фикр кардаанд. Ва шояд саду як идеяву гапу нақшаро ин шом радду бадал кардаву саҳар падарро ба бонк фиристонидаанд, ки воқеъияти пасандозкуниро фаҳмад ва хулосаи охирро пешниҳод кунад. Вақте он мард мерафт, қиёфаашро намедидам то вазъи ҳамон ҳолаташро дарк кунам. Шояд фикр мекард, ки чаро вақте ӯ қарз гирифта буд, ҳаққи бонк 32% буд ва акнун, ки мехоҳад, пулҳояшро пасандоз кунад, фоизи ба фоидаи ӯ ҳамагӣ 11% аст??? Ҳамон саволе, ки албатта дар бонку муассости молиявӣ ба он ҷавоби умумии қаблан тайёр доранд. Ва ҳам касе, ки аз иқтисоду молия бохабар аст ва тартиби қарзу пасандозу кору фаъолияти бонкҳоро медонад, худаш албатта мустақолона ҳамаи инро дарк мекунад, медонад ва мефаҳмад…
    Хуб аст, ки мардум имрӯз ба чанд озмуне, ки мукофотпулиҳои хуб дорад, таваҷҷӯҳи хосса доранд. Баъзе камбудиву нуқсе, ки мушоҳида шудааст, онро ҳам ҳам мардум ва ҳам аъзоёни ҳакамон менависанд, ки шояд дар соли оянда ба инобат гирифта шавад. Боз ҳам хубтар аст, ки Ҳукумати маҳалҳо ва баъзе сарпарастону мардуми саховатпеша ҳамин гурӯҳи наврасону ҷавононеро, ки дар ин гуна озмунҳо ғолиб меоянд, дастгирӣ мекунанд, пулу тӯҳфаҳои дигарро барояшон тақдим мекунанд. Бо назардошти он, ки беҳтарин сармоягузорӣ ин барои илму дониш ва рушди шахсият аст, мехостам, ки бонкҳо ва муассости молиявӣ ҳам як иқдоми ҷолибу саривақтӣ ва ба манфиати мардуми одиро пиёда кунанд: Чӣ мешавад, агар барои он гуруҳи ғолибоне, ки мехоҳанд мукофотпулиҳои худро пурра ва ё қисме аз пулҳои бо меҳнату бо саводи дониш бадастовардаро дар бонкҳо ва муассисоти молиявии дигар ПАСАНДОЗ кунанд, фоизи баландтаре таъин кунанд? (25, 30 ё шояд ҳамон 32%. Чаро не?). Ҳоло баъзе муассисоти молиявӣ бо чандин шарту шароит фоизи пасандозҳоро то 16-17 боло бурдаанд, вале агар барои ҳамин гуруҳи мардум, ки маълум аст, ҳамагӣ аз оилаҳои миёнаҳол ҳастанд, муассисоти молиявӣ тариқи имтиёзнок фоизи баландтар таъин кунанд, ҳам як дастгирии бонку муассисоти молиявӣ аз ин озмун ва ташаббуси Президенти кишвар мешавад ва ҳам ин ба он маънӣ аст, ки гуё бонкҳо барои он ғолиби озмун солона 20-25 китоби дигар тӯҳфа карданд. Ин ташаббус иловатан барои бештару зиёдтар кардани боварии мардум ба бонку муассисоти молиявӣ ҳам мусоидат мекунад.
    Бонку муассисоти молиявии мо ҳоло ба қадри кофӣ устуворанд, ки аз нигоҳи пулӣ ҳам ки бигирем, ин тасмим ва иқдоми онҳо барояшон зиёновар ва бар зарар нахоҳад буд. Ҳам дигар маълум аст, ки ҳамаи он ғолибон пулҳои худро, ки имрӯз ба он ниёзи бештар доранд, дарҳол ба бонкҳо намебаранд. Шумо вобаста ба ин ПЕШНИҲОД чӣ фикр доред?

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти