Як шабандеша

Шаб буд ва андешаҳое, ки акнун дар қолаби як сар намегунҷиданд, соҳибашро ба кӯча кашонданд. Ҳам ҷисми хаставу ҳам андешаҳои гаронро ба дуриҳо кашола кардаву бурдан саҳл нест. Ва як асрори кӯчаки нимкушода ҳам ҳамин аст, ки аксарият аз он, ки ин ду бору чанд бор барояшон гаронӣ меорад, якеро ё якчандеро раҳо мекунанд — ё ҷисми хастаро ё бори андешаҳои андешазоро ё бори ҳар гуна амонатро…ва ҳатто бори нангу номусро….Вале ғайриинтизор бори ранҷишу озурдагиро бо ҳама гарониву бӯйи бадаш мебаранд баъзан то охири роҳи зиндагиашон…

Канори ин об аз борҳои партофташудаву гузошташудаву фаромӯшшуда пур аст, мисли қаъри обҳои пур аз қуфлҳои баставу бекалид. Басо дилҳо буда, ки на аз нури моҳ равшан шудаву на аз нури чароғҳои канори роҳ, басо андешаҳоеро ин об ёд дорад, ки на дар дили соҳибонаш ғарқу фано шуданду на дар дили об, мисли ҳамон равғани рӯйи шир…

Андешаҳо баъзан чун борҳое, ки расмиёти гумрукиро нагузаштанду соҳиби худро эҳтимол ба мушкилу ҷарима мувоҷеҳ кунанд на дили дилхоҳе барои ба он гузаштан меёбанду на дар он сар ҷойи амне барои пинҳон шудан… Ва шояд қуттиҳои холиву зарфҳои машруби соҳили обҳо осори бо дард берун омадани ҳамон андешаҳоянд, ки якҷо бо чанд дона моҳичаи аҷалрасидае қурбон шудаанд. Аз ин гуна қиссаҳо канори обҳо зиёд ёд дорад ва ҷо-ҷо гулханҳои хомӯшгашта ва хокистартӯдаҳо ба он гувоҳ аст…

Дарё гӯё аз илми мусиқӣ бохабар буд ва ҳамин, ки ӯ канораш менишаст (мисли он навозандаи барои меҳмони туй ношинос, ки майли сурудхонӣ дорад, дарҳол аз кадом нота иҷро кардани суруду таронаро тахмин мекард) шарфаи мавҷҳои худро ба оҳанги дили ӯ ҷӯр мекарду мувофиқ. Дарёҳо фақат аз оби пиряхҳо сел намешаванд. Оби дидаҳо, ки аз чашмони интизорон, ошиқон, ҳамин шаб хобдидагон ва гарқшудагон мерезад, ба фикри шумо куҷо меравад? Басо андешаҳо, хотираҳо ва эҳсосҳо, ки оби дида шуданду рехтанд…

Ва ӯ ҳамин бори гарони андешаҳояшро гӯё барои санҷиш ба дӯшу ба сари ҳар раҳгузари ин поси шаб хаёлан мегузошт ва бархурду амалкарди онҳоро ҳам тахмин карданӣ мешуд. Ҷойи ҳайрат (ва ҳам ҳасрат!) буд, вақте аз чашмони раҳгузарони ҳар синну сол, гоҳ масту махмур ва гоҳҳо ҳушёру бехоб мехонд, ки «Дар ин сар ва ин дӯш ҷойи холӣ нест. Аввал чизеро бояд delete кард…»

Ӯ ҳоло дар роҳи бозгашт фикр мекунад, ки дар ин дунё аз одамон дида андешаҳо зиёдтаранд. Ҳатто дар қиболи сарҳои аз андешаҳои созанда холӣ, дидан мумкин аст, ки онҳо бо ҳазор рангу мазмуну мантиқ дар баъзе каллаҳову мағзҳо қабат ба қабат хобанд. Ва онҳо (яъне, ҳамон андешаҳо), ки ба гумони ғолиб мисли замбурӯғҳои баҳорӣ гоҳ бе зиёну гоҳ заҳрдоранд, ба инсонҳо (ҳам соҳибони он андешаҳо ва ҳам ба раҳгузарони тасодуфӣ) гоҳ лаззат ва гоҳҳо (ё шояд аксар вақт!) дарди сару дарди ишкам меоранд…

Одамон аксаран то ҳамин ҷойи дунё аз натиҷа ва оқибати андешаҳои рафтагон, гузаштагон, дур будагон, чорагарон, бечорагон ва умуман, дигарон барои худ сабақ нагирифтаанд. Ин андешаи дигар ва навбатӣ буд, ки (ба ҷойи лаззат аз ҳавохурӣ ва нафаси тозаву хоби роҳат) акнун сарбории ҳазору анд андешаи дигараш гардид…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти