Ҳеҷ кас шояд инкор накунад, ки гирди олам ҷое ба ҳадди гирди хони падарӣ хостанӣ ва хуморолуда набуда ва қисмат агар пайвандони як вақт ҷамъ ба гирди як хонро гирди олам ҳам пареш бидиҳад, ҷое, ки лоақал барои чанд лаҳза гирд омадан интихоб мешавад, боз ҳам ҳамон суфраи хоксоронаи падарӣ ва гирду гӯшаҳои ҳавлии падар аст…
— Ҳавлии падарӣ — зеботарин ҷойи ин дунё;
— Ҳавлии падарӣ — дили беғаму хотири ҷамъ;
— Ҳавлии падарӣ — гуфтаҳои нотакрор, рафтаҳои бебозгашт ва осӯдагиҳои нашинохта;
— Ҳавлии падарӣ — озодӣ ва озодагии комил;
— Ҳавлии падарӣ — як таги долон хотира, як дастурхон хумор ва як таги чормағз таҷриба;
— Ҳавлии падарӣ — рӯйҳои диданӣ, бӯйҳои ошно, ва анъанаҳои якҷоя фикр кардашуда;
— Ҳавлии падар — маънии аслии баракат ва нишони олии сарҷамъӣ;
-Ҳавлии падарӣ — хотираҳо, хоктӯдаҳо, навшораҳо, дилпораҳо, оббурдаҳо…;
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: деҳа, оча, хонаи падарӣ, қишлоқ, ҳавлии падарӣ | Leave a comment »










