Он хеле вақт аст, ки ҳамин ҷост. Ҳатто баъзеҳо шояд бовар кунанд, ки пояҳои он дар замин реша дорад. Он, ки пушти аксари деворҳо ҳаст, ҳар касро то ҳамон ҷое мебарад, ки худаш қаблан муқаррар кардааст: оне, ки чаҳор метр аст, шуморо ба баландиҳои панҷметра намебарад. Ба чуқуриҳои панҷметра низ ҳамчунин…
Ба появу помонакҳои он хира мешавам. Пайи дастони дар машаққат шахшул ва изи калушу мӯзаҳои кориву дарида дар онҳо ҳанӯз боқист. Ин пайраҳа дастони нозуку пойафзоли қимматро ёд надорад. Оби дида ва оби барфу борон ҳам дигар натавониста далелҳои дар ин чӯби бед ҷовидонӣ нақшбаста, мисли қатраҳои хуни аз сари ангушту рӯйи пойҳо ба қади ин чӯбҳо рехтаву чакидаро аз миён барад. Онҳо акнун барои ҳамеша баёнгар ва исботи ҳамон воқеъиятҳоянд….
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Аз фарш то арш, бом, зинапоя, кӯҳистон, нардбон, роҳ, рӯйи бом | Leave a comment »










