Ҳавлии падар — як суфра ва як ҷойи холӣ

Ҳеҷ кас шояд инкор накунад, ки гирди олам ҷое ба ҳадди гирди хони падарӣ хостанӣ ва хуморолуда набуда ва қисмат агар пайвандони як вақт ҷамъ ба гирди як хонро гирди олам ҳам пареш бидиҳад, ҷое, ки лоақал барои чанд лаҳза гирд омадан интихоб мешавад, боз ҳам ҳамон суфраи хоксоронаи падарӣ ва гирду гӯшаҳои ҳавлии падар аст…

— Ҳавлии падарӣ — зеботарин ҷойи ин дунё;

— Ҳавлии падарӣ — дили беғаму хотири ҷамъ;

— Ҳавлии падарӣ — гуфтаҳои нотакрор, рафтаҳои бебозгашт ва осӯдагиҳои нашинохта;

— Ҳавлии падарӣ — озодӣ ва озодагии комил;

— Ҳавлии падарӣ — як таги долон хотира, як дастурхон хумор ва як таги чормағз таҷриба;

— Ҳавлии падарӣ — рӯйҳои диданӣ, бӯйҳои ошно, ва анъанаҳои якҷоя фикр кардашуда;

— Ҳавлии падар — маънии аслии баракат ва нишони олии сарҷамъӣ;

-Ҳавлии падарӣ — хотираҳо, хоктӯдаҳо, навшораҳо, дилпораҳо, оббурдаҳо…;

Дигар аз рӯйи кадом бом ба ҷуз боми ин хона ситораҳо ба ин ҳад наздик буданду рӯшан? Магар беҳтар аз он гуфтугӯҳои хамуш ва бо ишора аз ин сӯйи шиғи ҳамин ҳавлӣ бо зеботарин духтари деҳа гуфтугӯе беҳтару самимитару хостанитар ҷойи дигар доштед? Тавонистед фаромӯш кунед, номи он санами хонагиву паричеҳраи деҳаро, ки шояд барои ба васлаш расидан миёнатон як ваҷаб фосила монда буду як ҷуръат камӣ кард? Оромтару роҳаттар аз пушти девори хонаи лойини падарӣ дар ин олами бекарон магар ҷое ёфтед? Чӣ об ва кадом об ширинтар аз оби чашмаву чоҳи падарӣ ва ҷӯю наҳри канори ҳавлии падар буд? Дар кадомин ҳавзу гармоба ҷону тан ба ҳадди ҳавзи лойолуди деҳа ва сатили оби дар танур гармшуда ҳаловат дошту оромиш? Дар кадомин қасру кушку роҳравҳои машҳури дунё ин қадар хотира монда, мисле ки дар ҳавлии падарӣ ва роҳу пайраҳаҳои деҳа? Тавонистед як бор ҳам бо вуруд шудан ба он ҳавлӣ аввал очаи хушқомату зеби он ҳавлиро напурсед, суроғ накунед, наҷӯед ё ба ёд наоред…?

— Ҳавлии падарӣ — ҷойи қадамҳои оча, ҷойи гашти фариштаҳо;

— Ҳавлии падарӣ — воқеъиятҳо ва рӯйдодҳои бе ғараз ва бе сохтакорӣ;

— Ҳавлии падарӣ — қадамҷойи инсонҳои хоксор ва бузург;

— Ҳавлии падарӣ — меҳмониҳои самимона;

— Ҳавлии падарӣ — пайи дастони меҳнатқарину кордида дар ҳар ашё, ҳар сутун ва ҳар дастаи дар;

— Ҳавлии падарӣ — дари ҳамеша нимроғ ба рӯйи кӯдакони дар дуриҳо пиршуда;

— Ҳавлии падарӣ — як суфрача барои ду хоҳараки «гирякунак» ва як ҷойи ҳамеша холӣ барои тобути ин акаи меҳмон…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти