Чӣ метавонад гармтару сардтар аз он бошад? Ягон чӣ, ба ҷуз ин гуна нигоҳ ба ҳамин сӯ. Нигоҳе, ки тавон дорад ҳам баробар ба сад кундаи Ҳут гармӣ ва ҳам дар умқаш як уқёнус пиряхро нигоҳ дорад…
Ҳамин нигоҳ буд, ки дуздони киссаҳову умрҳоро аз тасмимашон нисбат ба шумо боздошт, ҳамин нигоҳ буд, ки шахси дорои виҷдон гуноҳашро дарк кард ва ҳатто ислоҳ шуд, ҳамин нигоҳ ба забоне, ки акнун дар бофтани дуруғ одат карда буд, гиреҳ андохт, ҳамин нигоҳ буд, то нигоҳҳои ашхоси бадният ( ки мисли калламушҳои сад намуд доруро санҷидаву чашида ва аз ҳама усули заҳролудкунӣ ҷон ба саломат бурдаву хонаву таҳхонаҳоро пур сохтаву банд кардаанд) аз сатҳи чашмҳо канда шудаву ба фарш, ки як замон пайкарашон ҳам аз бадкориву бадхоҳӣ рӯйи он хоҳад рехт, дӯхта шудаанд. Ҳамин нигоҳ буд, ки бе забон арзи як дилдодаро, ки мебоист онро ҳоло ислоҳ мекарду таҳрир месохту пурра мекард, якбора пеши назари як нозанини ҳамсоя, ошно, ноошно ва ҳатто кадом як раҳгузаре ошкор сохту фош….
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Нигоҳ, биноӣ, дида, дирафш, забони чашм, маънӣ, мӯзадӯз, назар, нигоҳи сард, тафсири нигоҳ, чашмҳо, чеҳра | Leave a comment »










