Ин ҷо гӯё монанд аст ба як нафас будан дар погаҳи дари дунё то рафтан ба истгоҳи дигар ё дунёи дигар. Ҳаминҷо мисли он, ки анъанаи ин дунё аст, нафасҳо пештар аз сафарҳои дуру дароз як бори дигар рост мешавад. Мусофирон гӯё бори охир сӯйи деҳа ва кулбаи лойини худ назар мекунанд, аз ҳамин ҷо барои гирифтани кадом молу ашёи фаромӯшкардаашон бармегарданд, сагҳои аз пушташон то инҷо омадаро ба хона пеш мекунанд, кӯдакони хурдсоли худро, ки барои ҳамраҳӣ гиря доштанд, бо ширинӣ ё чанд танга ва ё ҳатман бо ҳарфи дурӯғе бозпас мегардонанд…
Ва маҳз ҳамин ҷо дида ба дидори сафаракиҳои дигар мерасад, тӯшаи роҳи онҳоро бо таличаи худатон муқоиса мекунед, аз либосҳои аксаран зебо ва гоҳ ҷандаи тани мусофирон фикрҳое ба саратон меоянд, мебинед, ки мардумон дар сафарҳо кӣ ва чиро ҳамроҳ мегирифтаанд, мебинед, ки мусофирон пештар аз омадани воситаи интиқолашон ба ҷои дигар чӣ гуна пулҳои қатшудаву шикаставу аз арақи кафи даст тару беҳолро аз панҷаҳо раҳо кардаву барои ҳисобӣ омода мешаванд ва дар идомаи ҳамин хаёл дарк мекунед, ки касоне ҳам кам нестанд, ки дар ҳамин нукта охирин пулҳои доштаи худро, охирин тангаҳои худро баргашта ва ба такрор шумурдаву бо алам ба кафи дасти кадом пулчинаке ё ронандае медиҳанд…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: автобус, истгоҳ, минибус, мусофир, муҳоҷирон, сафар, сӯҳбат, файзобод, хотира | Leave a comment »










