(Бахшида ба солгарди таъсиси Радиои Тоҷикистон)
Аз рахти хоби пириаш то гӯши он як қулоч масофа аст. Ӯ ҳамеша пеш аз аз бомдод дар нимторикиҳо ва ҳатто бо чашмони пури хоб аз рӯйи одат дастро ба болои сар дароз кардаву ба гӯши он мерасонад ва ҳамоно метобад. Бо ин кораш, ки сабаби иваз шудани оҳанги кулбааш мешуд, гӯё гӯши шамоли Файзободро тофта бошад, ки ҳуштаккашиаш камтар мешуд.
Дар ҳошияи тасвирҳое, ки баъди ин кор дар зеҳнаш кашида мешуданду падид меомаданд ва ӯро боз чанд дақиқа дар банди ҷогаҳи хоксорона, вале гармаш нигоҳ медоштанд, курпаи ғафси рӯяшро ба як сӯ мегардонду бо паст талаффуз кардани ҷумлаи «Алҳамду лиллоҳи лази аҳёно баъда мо аммотано ва илайҳи нушур..» пойҳои дар асл харобу аз дард вазнинашро ба рӯйи палос мегузошт. Ӯ ба кам чиз эътиқод дошт ва аз ҷумлаи он камтаринҳо ҳарфи китоби муқаддас буд аз болодариаш ва баъд ҳарфҳое буд, ки аз карнайи он қуттичаи болои сараш мешунид…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Инҷо Душанбе, куҳнадӯз, мӯйсафед, наттоқ, овоз, ошиқ, радио, радиои Тоҷикистон, ровии радио, хонаи холӣ, чойхона | Leave a comment »










