Замоне, ки ҳама барои ҳар коре миёнарав меҷӯстанд, ӯ ҳам рафт суроғи духтари ҳамсояи он ношинос, ки алъон ҳамон истгоҳи пеши хона умумияташон буд ва ҳамон як нақлиёт василаи ба ҳам омаданашон. Бо ривояте, ки «барои васли ошиқон мусоидат кардан савоб аст», миёнаравро барои як муддат дар миёнашон гапкашон шудан, ризо кард. Дар се сафар ошкору ниҳон фақат худро муаррифӣ кард, то миёнарав дар моил сохтани дугонаи он сӯйи нақлиёт ва он кунҷи муносибаташ душворӣ накашад. Чунин ба назар мерасид, ки суханони мисли кулчаи танӯр гарм, то рӯ ба рӯйи гарми ӯ парокандаву бесару нӯг гуфта мешуданд, ки сардӣ ба ҷонашон медамид. Гӯё он кунҷ кунҷи шимолӣ буд, ки аз он сӯ ҳамоно дамишу шамоли барф меомад. Ӯ таври дигар фикр мекард: он кунҷ ва он гӯша баланди баланд ва ҳоло дасти имкони ӯ кӯтоҳи кӯтоҳ аст …
Дар ин миён бо он миёнарав чанд фарзия фикр карда шуду чанд рӯз талош барои татбиқаш сурат гирифт. Саду як нигоҳи ин ошиқи бечора ба пушти курсиҳову каллаҳову даставу сутунчаҳои оҳанини автобус бархӯрдаву лағжидаву дармондаву гузашта, то чашми ӯ мерасид, аммо як бор ҳам лабашро моили ним табассум намекард. Ронанда ҳар субҳ вақти аз автобаза берун омадан дар аввалин истгоҳ ин се аввалин мусофирро интизору чашмдор ҳам буд ва аллакай мешинохт. Аз фошгуйии оинааш медонист, ки ду каси онҳо ҳамеша охири салон ва як кас тахминан дар пушти ӯ ҷо мегиранд. Ӯ ки аз вобастагиҳо беҳтар вобастагии ҳавову бензин ва шояд аккумулятору стартерро медонист, ба дил ҳис мекард, ки чӣ сиру вобастагиву пайванде миёни ин сегона ҳаст. Ва ғайриихтиёр ба каси чоруми ин сегонаи дугонаву бегона табдил ёфта буд…
Фурсат ҳамон гуна тез мегузашт, мисли гузаштани хонаву бинову долу дарахтони канори роҳ аз пушти тирезаҳои автобус ва аз пеши назари ин чор тан. Дар хона ҳамон як ишораи ин ҷавонписарро, ки акнун имкони интихобро ба дасташ дода буданд, интизоранд, . Ӯ ҳам дигар намедонист, ки кадом кораш дуруст асту кадомаш хато. Вале аввал мехост худрову ӯро беҳтар шиносонаду шиносад ва баъд пеши роҳи гапу чапи мардумони хешу бегонаро бубандад.
Дар миёни ошиқу миёнарав шояд талошҳо барои ҷустани роҳе ба дили мусофири пушти ронанда ба ҳадде наздику гарму самимӣ мешуданд, ки баъзан ҳатто бо нигоҳдории автобус дар онҷое, ки таъин нашудааст ва поин шудани як кунҷи ин аллакай чоркунҷа хотима меёфт. Дар зеҳни се қаҳрамони дигари ин ҳолат се андешаи комилан фарқкунанда зуҳур мекард: «ӯ рашк мекунад ва акнун шояд моил мешавад», «ҳамин хислаташ ӯро ноком мекунад» ва «ӯ танҳо бошад беҳтар аст»… Ронандаи ҷавон, ки ягон вақт мисли як-ду моҳи охир ин қадар зиёд ба ойинаи дохили салон нигоҳ накарда буд, аввал мехост аз миёни андешаҳои бе сару нӯгаш ҳақиқати дӯстдориҳо ва ошиқиҳои ин сегонаро ошкор кунад. Ва ин корро тахминан аз он сар карда буд, ки баъзан баъди нимарӯз, вақте мусофири курсиҳои пушташ бе он ду каси дигар вориди салон мешуд, бо табассум ва нигоҳи фавқулода иҷоза медод, ки корти нақлиётиашро фаъол накунад… Шояд ҳамин гуна ҳар вақт мехост нишон бидиҳад, ки ба чени 1 сомониву 60 дирам аз асрори талошҳову нигоҳҳои ин сегона огоҳ аст…
Барои ӯ ва миёнарави кирокардааш, шояд фазои салони автобус барои тарҳрезии нақшаҳои навтар ҷиҳати моилсозии объекти умумии таваҷҷуҳашон тангӣ кард, ки онҳоро акнун рӯздармиён меовард пушти мизҳои дукаса ва сари қаҳваҳои талхи қаҳвахонаҳои сарироҳӣ. Сад бор медиданду намедиданд, ки аз канорашон аз пушти ду шиша ҳамон автобус меомаду мерафт ва андешаву нақшаи як вақт асосии онҳоро барои як лаҳза меоварду боз мебурд. Нақлиёти шаҳрӣ шояд ягон вақт мисли ҳамин автобус вақт-вақту бе таъхир намеомад. Ва ҳам шояд ягон ронанда мисли ронандаи ҳамин автобус озодаву олуфта набуд ва аз шаб дар як курсии пушташ як донаву чанд дона гул намегузошт…
Саволҳои беҷавоб зиёд мешуданд. Ба онҳо ҳам ронанда ва ҳам мусофири курсии пушташ, ки хеле вақт аст танҳо вориди автобус мешавад, ҳоло ҷавоби дақиқ надоштанд. Фақат тахминҳо буданд, ки акнун миёни ин ду каси аллакай ошно радду бадал мешуданд. Ронанда баъди соатҳои ҳатмии мусофиркашонӣ, акнун бояд бори гарони аламҳову хуморҳову нозҳои он мусофири доимиашро мекашид…
Фосила аз як нақш то нақши дигари қаҳрамонҳо дар ин драмма ба назар хеле кӯтоҳ буд. Шояд кӯтоҳтар аз фосилаи интизории як автобус дар истгоҳ ё фосилаи садо додани марши Менделсон барои ӯ ва барои миёнарави як вақт кирокардааш, ки акнун дар миёни сурати суратгири идораи САҲШ дар канори мусофири ошиқе аз ким-кадом хатсайр ва пайвандони ӯ бо нигоҳи ғолибонаву ошиқона меистад…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: САҲШ, автобус, истгоҳ, миёнарав, мусофир, никоҳ, ойина, ошиқ, рашку ноз, ронадаи автобус, тӯй |












Добавить комментарий