22 июли соли 2013

       

             Зиндаги дар вокеъ хам мачмуъи бешу камихост. Мо чизеро ками кам дорем, аммо чизи дигаре хатман хаст, ки онро аз андоза зиёд дорем. Ва хатто мушохида мекунам, ки бо дигар шудани сохтору тарзи зиндаги хам хамин доштаву надоштахову  ашёхову арзишхо  мутаносибан каму зиёд шудаанд. Холо насихатгару маслихатдеху рохбалади бисёр дорем, «доно»-и бисёр дорем, тарсуву «моргазида» — и зиёд дорем,  сарояндаву раккосаи бисёр дорем…

Надоштахову кам доштахоямонро худатон фикр кунед…

Аммо имруз дар мавриди «бачахои депутати оча..», панчохи аз хам фарккунандаи руси ва точики, манфиати киёми зирк ва зарари шакари Куба, сабаби тамошобоб нашудани боги хайвоноти Душанбе ва сири зур нашудани мардуми точик навиштам.   Читать далее →

21 июли соли 2013

     Маро тахлукаву «вой дод» — и мардум дар кучаву  бозор хайрон мекунад. Холо атрофи магозаву бозор пур-пури мошину роххои мошигузару одамгузар  тамбаву банд аст…Мардум, чи мехаред Шумо? Як бор худро фурушанда тасаввур кунед! Дидед мавч-мавч мардуми гуруснаро, ки хатто дари мошинашонро набаста, суйи бозор медаванд? Акнун фахмидед, ки гаронии нарх аз чи сабаб будааст?

Имруз дар мавриди горатгарихои замони нав, вобастаги ё  дурустараш новобастагии пул ва тиб, «облава»-и овозхонон ва интихоби «зури зур» навиштам.  Читать далее →

20 июли соли 2013

       Дунё ачоиб аст, балки онро зимомдорону дунёдорон ачоиб мекунанд. Ачоибтарини онхо гумонам раисони нохияхо ва муовинонашон  хастанд… Замони донишчуйи хабарат намегиранд, аммо баъди тахсил, ки дар шахр монди,  хафа мешаванд, дар ёфтани наваскарон азоб мекашанд, баъд дигар рохи кисми низомиатро гум мекунанд, мактаббачахоро ба омузиши компютер  даъват мекунанд, аммо худашон на почтаи электрони доранду на Wi-Fi ро медонанд…

Имруз дар мавриди идеяи як филми хуччати, шуъбахои «равгандор» -и вазорату коргоххо, баробарии шоху гадо ва театри як актёр навиштаам….  Читать далее →

Тақдим ба модар! Ҳашт банд аз ҳазору чанд банди ногуфта барои модар!

        Модар! Имрӯз рӯзи ту аст. Фардо ҳам! Фардои дигар ҳам! Ҳар рӯз рӯзи ту аст! Ва ҳар рӯзе, ки ту ҳастӣ ва суйи ман табассум мекунӣ, он рӯз рӯзи ман аст! Ид муборак, модари  хушруйи ман!!!

===============================================================

        Модар! Ҳар вакт ту  нонҳои гарми танӯриро ба дастам медиҳӣ, ки ба шаҳр биёрам! Ман онҳоро дӯст медорам! Онҳо бомазаанд! Ва хонаам то тамомшавии онҳо буйи ту мекунад! Ид муборак, модари ҳунарманду кадбонуи ман!!!

=============================================================== Читать далее →

Соли 2012 Бо Субхон!

The WordPress.com stats helper monkeys prepared a 2012 annual report for this blog.

Here’s an excerpt:

4,329 films were submitted to the 2012 Cannes Film Festival. This blog had 28 000 views in 2012. If each view were a film, this blog would power 6 Film Festivals

Click here to see the complete report.

Чашни Истиқлолат муборак, Ватан!

      Айёми парешонихо кайхо гузашт! Акнун мо тифоктар мешавем. Моро дигар чизе аз хам пареш намедихад. Бадхохон бо кушиши пареш  додан моро муттахидтар мекунанд…  Чашни Истиқлолат муборак, Ватан!

Чашни истиқлолат муборак, Ватан!!!

Хар чо ки намеравам дилам волаи туст,

Дар руи дилам шукуфтани лолаи туст.

Кишлокаки ман, пушти маро кас нагирифт,

Дар пушти сарам чанори садсолаи туст…

Диёри чанорхои садсола ва мазраи хоки азизу авлиё , Точикистони азиз, ид дорад!   Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!

Чашни истиқлолат муборак, Ватан!!!

      Ман дар шахр зиндаги мекунам. Аммо хайёлу хумори деха маро сўяш мекашад. Роххои хокии дехаам  ханўз кафи пойи урёни маро дар ёд доранд ва ба кавли Бозор дар кундаи хар чанору беду сафедораш, гуё як кўзача кудакии тиллоии ман нухуфта аст…

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!

Чашни истиқлолат муборак, Ватан!!!

Ман дар шахр зиндаги мекунам. Сари чанд вакт ба деха меравам. Рохам аз байни куху дашту сахро мегузарад. Шарфаи обхои муссафову чонбахш ба ман оромиву фарах мебахшад. Ба чонам нафаси тоза мерасад, хотирам чамъ мешавад… Ман дар бозгашт ба шахр мехру мухаббату  самимият меорам! Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Мустафо Замонӣ: таҷриба кардам, ки зиндонӣ бошам.

Мустафо Замони соли 1982 дар Мозандарони Эрон таваллуд шудааст. Аввалин накше, ки у бозидааст Хазрати Юсуф (а) аст. Баъдтар дар чанде аз филмхои дигар накш бозидааст. Аз бачаги ошики бозигари буда. Бозигари накши навчавонии Хазрати Юсуф (а) писари холаи Мустафо Замони аст. Раёхиро бехтарин интихоб барои накши Зулайхо медонад. Читать далее →

Сами Юсуф: «Дунёи ислом факат махдуд ба аъроб нест…»

    Сами Юсуф  соли 1980 дар Техрон таваллуд шудааст. Номи у дарвокеъ «Сиёмаки Родманиш» аст. Падари вай охангсоз ва таронасарои машхури эрони мукими Бритониё, Бобаки Родманиш мебошад. Агарчи у чандин бор дар бораи ин ки падараш охангсозе машхур аст гуфтааст, аммо хеч номе аз вай набурда ва хатто дар посух ба хабарнигорони мисри гуфта: «Хохиш мекунам дар бораи падарам напурсед».  Читать далее →

Чанд нуктаи мухим барои сахархези!

 Дар бисёре аз ривоёти исломи ба сахархези тавсия кардаанд. Имом Ризо (а) дар ривояте мефармоянд, ки ризки хосе барои бандагон таксим мешавад, ки замони он тулуъайн аст. Яъне байни тулуи фачр ва тулуи хуршед ва хоб дар ин соат макрух аст, зеро инсонро аз дарёфти ин ризки хос махрум мекунад.

Субхи зуд аз хоб баланд шудан барои аксарияти инсонхо душвор аст ва кулан касоне, ки субх зуд аз хоб баланд мешаванд, онро ба сурати як одат барои худ табдил кардаанд ва барои хамин аст, ки метавонанд хар субх сахархез бошанд. Чанд нукта барои расидан ба ин одат дар ин макола зикр шудааст, ки дар навъи худашон чолиб хастанд:  Читать далее →

Хашар дар сурати нав! Лоиха!

Хамасола дар дунё 5 декабр Рузи Ихтиёриён (волонтёры) кайд карда мешавад. Шумораи ихтиёриён дар дунё беш аз 110 миллион аст. Аз ин шумора 2.5 миллион нафар дар Русия зиндаги мекунад.  Чанд далел вобаста ба харакати ихтиёриён (волонтёры):  Читать далее →

Сари як пиёла чой…

    Мавзуи хурокпази ва хурокхури хамеша шавковар аст. Мардум ба намудхои гуногуни гизо таваччух мекунанд, онро тайёр мекунанд, дар кучое мечашанд ва вобаста ба анъана ва гизои мардумони дунё бахс мекунанд.  Таъсиси гушаи «Ошхонаи Оила» дар хафтаномаи «Оила» эхтимол ба хамин хотир буд.  Сухбате, ки дар зер нашр мешавад, хамин хафта дар хамин гуша ба нашр расида буд. Читать далее →

Агар ман хис кунам, ки…

    Чанд соле, ки ман дар Радио кор мекунам, барои  хар аввалин хамсухбатам ихтисоси донишгохии ману машгулияти имрузаи ман шавковар ва хатто таачубовар аст.  Онхо ягон робитае дар радиофизика, электроника ва журналистика намебинанд. Мисли худам! Сухбати поёни низ сари интихоби касб аст. (Ин мусохиба дар хафтаномаи «Овоза ва Хакикат, мохи июн, с. 2012 нашр шудааст»). Дар хамин мавзуъ фикр карда ба хулосае меоям, ки ё ман баъди хатми мактаби миёна  дар интихоби факулта хато кардаам ва ё диплом барои фаъолияти хамаи эчодкорон чизи аз хама асоси нест! Шояд касе ба ин назар аст, хар ду хулосаам галат аст? Намедонам, ба хар сурат ман мехостам дар хамон самте кор ва фаъолият кунам, ки аввалтар аз хама барои худам писанд аст, баъдтар вазъи молиявии худро ончо хуб нигох медорам ва баъди хамаи ин чое, ки талабот ончо аз хадди истеъдод ва саводи ман берун ва бештар нест! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти