Пешниход (7)

    Маколи русие хаст, ки вобаста ба завк бахс намекунанд. Яъне, агар дар дигар масоил меъёрхои умуми мавчуд бошад, дар масъалаи завк ва салика ин чиз сирф инфироди асту фарккунанда. Барои мисол, шарт ва хатми нест, ки хама чавонон як мусикиву таронаро гуш кунанд. Ва хам шарт нест, ки касе барои хамин гуна як хела кардани завки мардум талош кунад. Зеро ки он бефоида аст ва миёншикану бемантик. Интихоб ва завки инсонхо озод аст ва табиист, ки аз хамдигар тафовут дорад. Читать далее →

Бардоштхо аз ПАЁМ

        Бе шубха мушкилтарин кору амал, ки хамзамон мояи ифтихор хам хаст, ватандориву механпарасти аст. Ифтихор аз механ ва аз таъриху тамаддун, ки дар калби хар ватандор нихон аст, хамзамон барои амалхои шоистае чихати шинохти бештари ватанаш тахрикаш медихаду водораш мекунад.  Бе шубха соли 2016 – соли тачлили 25 солагии Истиклолияти Давлатии Точикистон —  барои кишвари мо ва мардуми сарбаландаш соли пур аз комёби ва дастовардхои беназир буд. Огози корхои сохтмони дар доираи лоихаи КАСА-1000,  огози корхо дар сарбанди НБО Рогун, аввалин медали тиллоии олимпии Точикистон, таъсиси Рузи Президент дар кишвари мо, раъйпурсии умумихалки вобаста ба тагироту иловахо ба Конститутсияи Точикистон, ба руйхати экосайёхии чахони воридшавии куххои осмонбуси Помир, расман пазируфта шудани унвони Асосгузори сулху вахдати милли ва Пешвои миллат, огози гуфтушунидхо вобаста ба хатсайри хавои миёни Душанбе ва Тошканд, ба истифода додани басти дуюми Маркази барку гармидихии Душанбе-2, ба руйхати ёдгорихои чахонии фархангии ЮНЕСКО пазируфта шудани Оши Палови точики ва боз чандин руйдоду ходисаи фархабахши дигар дар соли 2016 ба вукуъ пайвастанд.  Читать далее →

ТОП-50 нафари хушсалиќаи Душанбе -2015

Шоми 22-юми январ, дар меҳмонхонаи «Hayyat Regency» Душанбе» ширкати ТВ ва радиои «Ватан» 50 фарди хушсалиқаи Душанберо эълон кард. Озмуни «ТОП-50; 50 нафари хушсалиқа ҳамасола ба таври ҳатмӣ сурат мегирад. Дар соли панҷум 50 шахси хушсалиқа аз миёни 300 иштирокчӣ нахуст тариқи пешниҳод ва овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва баъдан аз ҷониби ҳайати ҳакамон ки мутахасисону коршиносони варзида ва нафароне ки дар риштаи худ ҳирфаиянд пазируфта шуданд. Тақдими диплом ба хушсалиқаҳои Душанбе дар маросими бошукӯҳ бо оростани маъракаи зиёфат мутантану ҷолибу зебо бо тақдими барномаи вижаи ҳунарӣ, аккосию наворбардорӣ ва суханронию табодули афкор сурат гирифт. Ёдҳо аз ин маъракаи зебо мутмаинан метавон гуфт, ки ба дили иштирокдорон гармию нармӣ меораду садоқату самимият. Читать далее →

«Инҷо Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон!»

Имруз рузи пахши барномахои Радиои Точикистон аст. Он радиое, ки тавонист шунавандаро «офарад», тавонист ба як чузъи зиндагии мардум табдил ёбад. Марди дехкон хатман «Хайёти дехот»-ро гуш мекард, «Театр дар назди микрофон» мехри хунару сахнаи театриро ба дили хазорхо нафар чо кард, холо хам дил ба ёди «Сухбати дустон» гум мезанад, мардум кам хамрозе ба мисли «Хамроз» дошт, акнун дарк мекунем, ки «Афсона барои хурдтаракон» хамаги хакикати зиндагии мо будаанд, «Таронаи шабхангом» куфти рузи пурташвиши кориро мебаровард, «Ахбор»-аш ба ин хад шунидани буд, ки дар он харфе аз куштору таркишу вахшоният набуд, «Манзари адаб» -кони маъниву одоби шоиста буду «Савту калом» пур аз дурри маъни ва савту каломи чонбахш. Ва албатта рузи мардум бо «наво»-и «Шайпур» огоз мегашту то як поси шаб ба Радио пайванди дошт.

Иди Радио барои хама алокамандон, собикадорон, шунавандагон ва хамкорони гироми МУБОРАК БОД!!! Ташаккур барои хама захмату талошхо, барои бо сухан барнома сохтану инсони комил «сохтан»!!!

Мо кушиш мекунем дар зер номи онхоеро, ки аз рузхои аввал то имруз дар Радио фаъолият доштанду доранд, биёрем.Бо маъзарат аз онхое, ки номашонро фаромуш мекунем, аз эшон ва ё наздику пайванди онхо, хохиш мекунам, дар зери ин матлаб ному насаби аз ин чониб  фаромушшударо биёранд:

Читать далее →

ТОП-50: 50 нафари хушсаликаи Душанбе — 2014

Огоз.

Дар кишвари мо озмуну чашнворахои гуногун баргузор мешавад, ки аксарияти онхо тарики пайёмхои кутох ё СМС-хо сурат мегирад. Аммо радиои «Ватан» рузи 23 январ инак соли чорум  Чоизаи харсолаи «ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе»-ро баргузор кард. Фарки ин Чоиза он аст, ки инчо номзадхо худашонро пешниход намекунанд-ин корро дар муддати бештар аз ду мохе, ки мо даври интихобиро баргузор мекунем, дигарон бояд анчом диханд, инчо номзадхо барои ирсоли СМС-хо пули худашонро сарф намекунанд ва ба воситаи телефону шабакахои ичтимои аз дигарони овоз доданро хохиш хам намекунанд. Инчо аз миёни номзадхо, ки мардум пешниход мекунанд ва шумораи онхо хар сол бештар аз 400 нафар аст, 50 нафари хушсаликаро интихоб мекунанд.  Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (11)

        Шаб хавои Нэшвил хеле нарму рохат буд. Ё шояд ман, ки хеле хаставу бехоб будам, аз хамин сабаб хеле рохат хобида будам? Субхи барвакт  берун рафтам. Дарахтони атрофи мехмонхона гуё нав аз назди ороишгари муйю руй омада бошанд –хамаги зарду сурху зардчаву сурхчаву сабзу норинчи….зебо ва аз шамоли гуворои сахари чумбон-чумбон…

        Шабона ман кариб ки сумкаамро накушодаму чизеро берун наовардам. Мо инчо факат як шабем! Моро парвоз ба Портленд интизор аст.

Ба фурудгохи Нэшвил расидем. Он хеле ачоиб аст. Миёни фурудгох бо симдевор чудо шуда пури мехмонхона аст. Аз он чумла мехмонхонаи мо низ дар наздикии фурудгох буд. Тайёрахо баъзан аз руйи купруке мегузаранд, ки поёни он рохи мошингузар аст. Анна хамин гуна «наздиксозии тайёраву одамхову мошинхо» -ро дар фурудгохи Нэшвил дидан мумкин аст. Читать далее →

Душанбе-Вашингтон (1)

Расо як сол кабл ман чун иштирокчии аввалин Форуми чавонони Иттиходи давлатхои Мустакил хамин вакту соат дар Арманистон будам. Аммо имсол хушбахтона маро насиб шуд, ки  Амрикоро бубинам. Ман бо дастгирии Сафорати Амрико дар Точикистон иштирокчии барномаи ба номи Эдвард Р. Марроу шудам. Як шаб аз 21 шаби будан дар Амрико аллакай руз шуд! Хотироти сафарамро хар руз кушиш мекунам, ки инчо нависам, шояд шавковар бошад. Читать далее →

Бахона!

 Махфилу иду чашн  хамеша хостани ва гуворо аст. Боз махсусан агар мисли махфили кормандони мо бахшида ба Иди Модар ташкилкунанда ва сарпарасташ номаълум бошад. Яъне барои ин махфил мардхо дар радио пул чамъ накардаанд ва хам аз маоши онхо хам дираме кам намешавад. Хулоса, ки хаёлам кадом баракате дар будани бонувон ва духтарони Радиои мо буд, ки ин махфил бо хама рукнхояш осон ташкил шуд. Душвор албатта мисли хама махфилхои дигар ба хона гусел кардани «мехмонон» аст. То он чо холо вакт хаст. Акнун мархамат, ба махфили идонаи кормандони  Радиои «Ватан», ки бахшида ба 8 март ташкил шуда буд!!! Читать далее →

«Чашмони шишагӣ ва майнаи пласмассӣ»…

       Бо ташаббуси Очонсии Иттилоотии Точнюс имруз  сухбати фосилавие  баргузор гардид ва ман кушиш кардам, ки ба суоли шунавандахои Радио ва хонандагони он сомона чавоб гуям.  Он сухбатро дар шакли пурра дар инчо хам мегузорам. Мо дар ин сухбат  ба мавзуъхои  мухаббат ва дину ойин, «чашнхои мачбури», даврони чавони ва «сарвайрони», инсон ва чисми бегона, чашмони шишаги ва майнаи пласмасси, тарси журналистон, тарки хислатхои нохуб ва боз чанд мавзуи дигар дахл кардаем. Читать далее →

Рузе, ки буи алам дорад…

    Имсол Рузи Радио ва хам солгарди мавлуди Радиои «Ватан» бо марги бехтарин овозхон -Зулфикори Азиз рост омад.  Зулфикоре, ки бо садову бо таронаву охангаш аз рузи аввали овозхон шуданаш эфири радиоро рангину барномахои онро хостани мекард, дар арафаи Рузи Радио аз олам рафт… Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти